Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Роҳи сафед"-и аккоси амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ


Яке аз аксҳои маҷмӯаи "Роҳи сафед"
Яке аз аксҳои маҷмӯаи "Роҳи сафед"

Иван Сигал, аккоси амрикоӣ, дар солҳои 1998-2005 борҳо ба кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва Афғонистон сафар карда, дар ташкили расонаҳои хабарии маҳаллӣ саҳм гирифтааст.

Ҳангоми сафарҳои пай дар пай Иван Сигал дурбинашро ҳамроҳ бо худ гирифта, аксҳои нодире аз манзараҳову ҳаёти мардуми Русия, Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бардоштааст. Соли гузашта аксҳои Сигал дар як маҷмӯае зери унвони “Роҳи Сафед” ба табъ расиданд. Ин аккоси амрикоӣ мегӯяд, дар ҷараёни сафарҳояш ба ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ ва Осиёи Марказӣ ҳис мекард, ки ҳама мисли ӯ дар ҳаракат мебошанд.

Ба қавли Сигал, Осиёи Марказӣ, воқеан, дар маркази курраи замин ҷойгир аст: “Осиёи Марказӣ ба як шакле киноя аст. На танҳо ба ҳайси макон, балки ҳамчун як чорчӯбе барои аҳволи равонӣ. Хулоса, аз лоиҳае, ки ман рӯяш кор кардаам, ин нест, ки Осиёи Марказӣ хушбахт аст, ё бадбахт. Баъзе афроде, ки дар Осиёи Марказӣ вохӯрдам, хушбахт буданду баъзе аз онҳо нороҳат. Суол ин буд, ки чӣ гуна мардум ҳаёташонро ташкил кардаанд? Онҳо дар ҳаёт бо чӣ мушикле рӯ ба рӯ шудаанд?"



Сигал мегӯяд, бидуни мушкилӣ бо мардуми маҳалҳо наздик шуда, имкон ёфтааст, аз лаҳзаҳои хусусии ҳаёти онҳо акс бардорад. Ба қавли ин аккоси амрикоӣ, аҷдоди ӯ дар охири асри 19 аз Аврупои Шарқӣ ба Амрико ҳиҷрат намудаанд. Мисли онҳо мардуми зиёде аз Аврупои Шарқӣ ба ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ ва аз он ҷумла Осиёи Марказӣ кӯч баста буданд. Аз ин рӯ, дар Осиёи Марказӣ Сигал худро бегона ҳис накардааст.

Ҳатто дар Афғонистон, мегӯяд Сигал, бо мушкили зиёде мувоҷеҳ нашудааст. "Хуб, Афғонистон дар муқоиса бо ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ ва Осиёи Марказӣ як зарра ақибмонда аст, вале дар он ҷо ҳам рушд суръати бузург касб намуда, мардуми бисёре модерн (замонавӣ) ҳастанд. Яке аз сабабҳои ба ин лоиҳа ҳамроҳ кардани Афғонистон ҳам маҳз ҳамин аст, ки Шӯравӣ рӯи Афғонистон ба вижа дар соҳаҳои маориф таъсир гузоштааст. Ба ҳар ҷое, ки мерафтам, нафареро медидам, ки дар Итиҳоди Шӯравӣ таҳсил кардааст. Ин мардум ба забони русӣ ҳарф мезананд ва ниҳодҳои зиёди иҷтимоӣ, ки онҳо бунёд намудаанд, аз тарафи Толибон пурра маҳв нашудааст. Хуллас, таъсири Шӯравӣ дар шаклгирии ҷомеаи афғон таъсири бузург доштааст",-афзуд ӯ.

Ҳамин тариқ, дар аксҳои “Роҳи Сафед” паҳлӯҳои мухталифи ҳаёти сокинони минтақа аз назари як мусофири ғарбӣ сабт шудааст. Дар маҷмӯа мошинҳои боркаш дар роҳҳои минтақа, хонаҳои муваққате, ки даҳҳо сол пеш барои сохтмончиён сохта шудаанду ҳанӯз ҳам дар он мардум иқомат дорад, кӯдакон дар урдугоҳҳои тобистона, биноҳои холии шаҳри Темиртауи Қазоқистон, каналҳои лойолуди Фарғона ба чашм мехӯранд, ки бинандаро ба як сафари хаёлӣ ба фазои нотакрори Осиёи Марказӣ мебаранд.
XS
SM
MD
LG