Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла дар Истанбулро кӣ созмон дод -- Аҳмад Чатаев?


Аҳмад Чатаев. Акс аз бойгонӣ.

Аҳмад Чатаев. Акс аз бойгонӣ.

Майкл Маккол, раиси Кумитаи амнияти миллии Конгресси Амрико дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CNN изҳор доштааст, ки созмондиҳандаи амалиёти террористӣ дар фурудгоҳи Истамбули Туркия Аҳмад Чатаев - зодаи Чеченистон мебошад.

Михаил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури пешини Гурҷистон ҳам дар барномаи мустақими ширкати телевизионии “Рустави-2” хабар дод, ки моҳи сентябри соли 2012 Вазорати корҳои дохилаи Гурҷистон Аҳмад Чатаевро дар минтақаи марзии миёни Русия ва Гурҷистон боздошт карда буд. Чатаев он вақт талош дошт аз Гурҷистон ба Русия бигзарад.

Саакашвилӣ изҳори нигаронӣ кард, ки тағйири ҳукумат дар Гурҷистон дар натиҷаи интихоботи парлумонии соли 2012 ва ба қудрат расидани миллиардер Бидзина Иванишвилӣ сабаб шуд, ки Чатаевро аз боздошт раҳо ва бегуноҳ эълон кунанд. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки вай бо худ аслиҳаи ғайриқонунӣ дошт ва дар аъмоли террористӣ ширкат меҷуст. Баъд аз раҳоӣ аз зиндоне дар Гурҷистон, вай ба Сурия рафт ва ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" пайваст.

Вале баъд аз суханони Саакашвилӣ, ки ҳоло раиси вилояти Оддесаи Украина мебошад, аз ҳамин шабакаи телевизионии “Рустави-2” Ираклий Сесиашвилӣ, раиси Кумитаи дифоъ ва амнияти парлумони Гурҷистон изҳор дошт, ки Аҳмад Чатаев дар воқеъ агенти Хадамоти махсуси Гурҷистон будааст.

Ба гуфтаи Сесиашвилӣ, кормандони интизомии ҳукумати пешини Гурҷистон “Аҳмади якдаста”-ро баъд аз истирдодаш аз Украина ба нафъи худ барои музокира бо террористҳо дар дараи Панкис ба кор гумоштаанд. Вале вай аз контрол хориҷ шудааст ва хадамоти вижаи Гурҷистон тасмим гирифтаанд, ки вайро боздошт ва барои бо худ доштани аслиҳаи ғайриқонунӣ бар зидди вай парванда дуруст кунанд.

Йен Келлӣ, сафири Амрико дар Гурҷистон изҳор доштааст, ки ҳоло мақомоти Амрико дар бораи даст доштани Аҳмад Чатаев дар амалиёти террористии фурудгоҳи Истамбули Туркия маълумоти дақиқ надоранд.

Баъд аз изҳороти Майкл Маккол, раиси Кумитаи амнияти миллии Конгресси Амрико, Ҷошуа Эрнст-сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки “ҳоло онҳо ин суханони Макколро таъйид карда наметавонанд ва ҷониби Туркия бо расидагӣ ба ин амали террористӣ машғул аст”. Вале мақомоти интизомии Туркия натиҷаҳои расидагии худро эълон накардаанд.

Рӯзи 28 июн дар натиҷаи як амали террористӣ дар фурудгоҳи Истамбул 43 нафар кушта шуданд, ки 19 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ буданд. Дар соатҳои аввали ин амали террористӣ ҳатто баъзе расонаҳо ҳадсу гумонҳо дар бораи даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистонро низ дар ин табаҳкорӣ матраҳ карда буданд, вале ин гуфтаҳо иштибоҳ баромад.

XS
SM
MD
LG