Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Консерти "The exchange" барои атфоли маълули тоҷик


Гурӯҳи "The exchange"-и амрикоӣ, ки бидуни истифода аз асбобҳои мусиқӣ тарона иҷро мекунад, барои 400 тарбиятгирандаи мактаб-интернати атфоли маълул дар Ҳисор барномаи консертӣ иҷро кард.

400 тарбиятгирандаи дигари мактаб-интернати атфоли маълул дар Ҳисор рӯзи 14-уми апрел барои бори аввал дар консерте ширкат карданд, ки овозхонҳо дар он бидуни истифода аз асбобҳои мусиқӣ тарона иҷро мекунанд.

Ричард Стейнер ва ҳамроҳони дигари ӯ аз гурӯҳи маъруфи Амрикоӣ “The exchange” дар ҷараёни барномаи консертии худ дар мактаб-интернати Ҳисор дар баробари намоиши ҳунари худ, барои кӯдакон як дарси кӯтоҳи овозхонӣ ҳам гузарониданд.

Гурӯҳи маъруфи Амрикоии “The exchange”, ки бо як сафари ҳунарӣ аз 11 уми апрел дар Тоҷикистон қарор доррад, бо як шеваи барои мухлисони тоҷик ғайриоддӣ, оҳанг иҷро мекунад. Ҳама панҷ ҳунарманди ин гурӯҳ қобилияти махсуси овозхонӣ доранд ва метавонанд бо овози худ нақши созҳои мухталифи мусиқиро иҷро кунанд.

Кристофер Диаз, роҳбари гурӯҳ рӯзи 13-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Усуле, ки мо интихоб кардем, Окапела -- як навъи мусиқии овозӣ аст, яъне бидуни асбобҳои мусиқи оҳанг иҷро кардан. Усули мо попи муосири окапелла аст. Ин навъи мусиқӣ таърихи беш аз 100 сола дорад. Ҳоло дар Амрико чандин коллеҷу омӯзишгоҳҳои мусиқӣ аст, ки дӯстдорони ин навъи мусиқӣ метавонанд он ҷо омӯзанд. Мусиқии мо ин овозӣ мо аст ва бинобар ин, барои мо сафар кардан осон аст. Мо бидуни ягон асбоб ба сафар мебароем, мусиқии худро муаррифӣ мекунем.”

Ҳадафи аслии ин гурӯҳ ҳам, сафар ба тамоми кишварҳои дунё ва табодули фарҳангу забон ва мусиқӣ аст. Силсиласафари навбатии онҳо, ҳам ки бо дастгирии ҳукумати Амрико ба Осиёи Марказӣ рост омад, дар Тоҷикистон хотима меёбад.

Раҳбари ин гурӯҳ мегӯяд, ки “мақсади ин сафари мо муаррифии мусиқии амрикоӣ дар ин кишварҳо ва омӯзиши фарҳангу мусиқии ин кишварҳо аст, чизе, ки мо дар ин кишварҳо мушоҳида кардем, ин аст, ки мусиқӣ муносибати одамонро бо ҳам хуб ва онҳоро наздиктар мекунад. Махсусан дар Тоҷикистон ин алоқамандӣ бештар эҳсос мешавад, чун ин ҷо мардум бештар меҳрубону меҳмоннавозанд ва мусиқиро дӯст медоранд.”

Гурӯҳи The exchange соли 2012 баъди шоу-барномаи «The sing off»-и шабакаи NBC таъсис ёфта ва пас аз як силсиласафари ҳунарии муштарак бо гурӯҳи маъруфи “Бекстрит Бойс” дар кишварҳои аврупоӣ, маъруфият пайдо кардааст. Сафари худро гурӯҳи “The eachange” дар Тоҷикистон аз Хуҷанд шурӯъ карда ва бо ташаббуси сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо чанд оҳанги худ меҳмони атфоли дорои имконоти маҳдуд дар мактаб-интернати Ҳисор ҳам шуд.

Маъруф, ки аз пои равон маҳрум аст ва мусиқиро хеле дӯст медорад, мегӯяд, ки “ин меҳмонҳо моро бисёр хурсанд намуданд ва баъзе чизҳо ҳам ёд гирифтам. Мусиқиҳои англисии онҳо ба ман маъқул шуд.”

Гурӯҳи “The exchange”-и амрикоӣ дар ин сафар бо Иқбол Завқибеков, ҳунарманди тоҷик вохӯрда, бо ҳунари сеторнавозии ӯ ошно шудаанд. Барномаи ҳунарии худро дар Душанбе ин гурӯҳ бо як консерт рӯзи 16-уми апрел дар толори "Вефа сентр", ҷамъбаст хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG