Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

35 мақоми пешини ИМА хостори музокироти мустақими Вошингтону Теҳрон шуданд


35 тан аз дипломатҳои собиқи Амрико рӯзи чаҳоршанбе аз Барак Обама хостанд ба ҷой танҳо вазъи таҳримҳо алайҳи Эрон, барои гуфтугӯи мустақим бо Теҳрон низ талош кунад.

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, ин 35 тан ҳамзамон бар зарурати талошҳои дипломатии нави давлати Обама дар робита бо парвандаи ҳастаии Эрон, аз идомаи таҳримҳо ва ташкили эътилофи байналмилалӣ барои фишор ба Теҳрон, ҳимоят карданд.

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, дар миёни афроде, ки номи онҳо дар зери ин гузориш омадааст, номи дипломатҳои пешин, афсарони низомӣ ва мақомҳои давлатӣ ва сиёсӣ аз ҳар ду ҳизби демократ ва ҷумҳурихоҳ омадааст.

Дар бахше аз гузориш, ки ба Кохи Сафед пешниҳод шудааст, аз ҷумла омадааст: «Амрико дар ҳоли ҳозир бояд барои анҷоми гуфтугӯи мустақим ба Теҳрон ба ҳамон андозаи дар ҳошия қарор додани Эрон ва таҳти фишор қарор додани ин кишвар, барои анҷоми музокира бо ҷомеаи байналмилалӣ, қувва сарф кунад.»

Ричард Лугар, сенатори ҷумҳурихоҳи пешин, Майкл Ҳайден, раиси пешини CIA дар замони раёсати ҷумҳури Ҷорҷ Буш, Ройн Крокар, сафири собиқи Амрико дар Бағдод ва Кобул, аз таҳиякунандагони ин гузориш ҳастанд.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки музокираи мустақим бо Эрон ҷойгузини гуфтугӯҳои гуруҳи панҷ ба иловаи як бо Теҳрон нест ва пурракунандаи он аст.

Охирин даври музокироти кишварҳои панҷ ба иловаи як бо Эрон дар Алмаатои Қазоқистон дар ҳафтаи нахусти моҳи апрел баргузор шуд, ки дар поёни ин даври музокирот, намояндагони гуруҳи 5+1 натавонистанд Теҳронро барои маҳдуд сохтани тавлид ва захирасозии уранюми ғанишудаи худ, қонеъ кунанд.

Дар ин гузориш омадааст, "фишорҳои Амрико эҳтимоли муқовимати сарсахтонаи Эронро афзоиш медиҳад. Мушкилоти ба вуҷудомада дар пайи афзоиши таҳримҳо, ба нобоварии дарозмуддат миёни амрикоиҳо ва эрониён сабаб хоҳад шуд."

Нависандагон ва имзокунандагони ин гузориш таъкид кардаанд, ки «пас аз 30 соли таҳримҳо ва талош барои дар ҳошия қарор додани Эрон, баъид ба назар мерасад, ки фишорҳо бар Эрон ба танҳоӣ, тасмими раҳбарони Эронро тағйир диҳад.»

Дар поёни ин гузориш мақомҳо ва дипломатҳои пешини амрикоӣ «имкони ҳамкорӣ дар мавзӯи Афғонистон ва Ироқ, талошҳои муштарак барои пешгирӣ аз транзит ва қочоқи маводи мухаддир»-ро ба унвони бахше аз дипломатия дар робита ба музокироти ҳастаии Вошингтон ва Теҳрон, арзёбӣ карданд.
XS
SM
MD
LG