Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико кӯмак ба шӯришиёни Сурияро бештар мекунад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи якшанбе гуфт, кишвараш ба шӯришиёни Сурия бо арзиши 123 миллион доллари дигар кӯмаки ғайритаслиҳотӣ хоҳад кард.

Ӯ дар ин бора баъди нишасти гурӯҳи мавсум ба “Дӯстони Сурия” дар шаҳри Истанбул сухан гуфт, ки ин гурӯҳ шӯришиёни Сурия ва кишварҳои пуштибони онҳоро ҷамъ овардааст.

"Тайи чанд моҳи гузашта мо кӯмакҳои ғайритаслиҳотиро мунтазам афзоиш додем ва ба бештар 127 миллион доллар расондем. Ин кӯмакҳо аз маводи ғизоӣ, лавозимоти тиббӣ ва ёрӣ ба раҳбарони маҳаллӣ иборат аст, ки саъй доранд, заминаро барои ояндаи босуботу демократӣ фароҳам кунанд."

Вазири умури хориҷии Амрико ҳамчунин гуфт, шӯришиёни Сурия, ки муқобили ҳукумати раиси ҷумҳур Башор Асад меҷанганд ва пуштибонҳои хориҷии онҳо мувофиқат кардаанд, ки кӯмакҳои оянда аз тариқи фармондеҳии марказии шӯришиён расонда хоҳад шуд. Ӯ ҳукумати Сурияро ба он муттаҳам кард, ки ба зидди мардуми бегуноҳ аз “мушакҳои баллистикӣ” истифода мекунад.

Ба гуфтаи Ҷон Керрӣ, 11 узви гурӯҳи “Дӯстони Сурия” хоҳони гузариши мусолиматомези қудрат дар Сурия ҳастанд. Эътилофи Миллӣ, гурӯҳи умдаи мухолифини давлати Сурия дар ин нишаст гуфт, ки “аз тамоми навъҳои терроризм ҳазар хоҳад кард” ва қавл дод, ки намегузорад, то аслиҳае, ки мегиранд, ба дасти гурӯҳҳои бадкор биафтад.

Муоз Ал-Хатиб, раиси ин эътилоф гуфт: “Мо азм дорем, бе ҳеҷ гуна интиқом, тазмин бидиҳем, ки ҳар як фарди ғайринизомии Сурия озод бошад ва ҳақ дошта бошад, ки дар бораи ояндаи худ ва ояндаи Сурия тасмим бигирад. Мо мехоҳем, адолат дар Сурия барқарор шавад. Мо қасди интиқом гирифтан аз режимро надорем ва аз ин рӯ ҳеҷ гоҳ ба табъиз иҷоза намедиҳем ва намегузорем, ки аз ин баъд дар қаламрави Сурия хушунат барпо кунанд.

Мухолифони давлат дар Сурия борҳо аз кишварҳои пуштибони худ хостаанд, ки ба онҳо барои муқобила бо нерӯҳои раиси ҷумҳур Башор Асад силоҳҳои вазнин бидиҳанд. Аммо ин талаби онҳоро дар нишасти Истанбул ҳам иҷро накарданд, зеро кишварҳои ғарбӣ бим доранд, ки чунин аслиҳа, ҷанги ду сола дар Сурияро бадтар хоҳад кард ва ё ба дасти ҷангиёни Ҷабҳаи Ал-Нусра хоҳад афтод. Ба гуфтаи Созмони Милал, аз замони оғози қиёмҳои мардумӣ дар Сурия дар ду соли пеш, дар ин кишвар то кунун бештар аз 70 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG