Пайвандҳои дастрасӣ

2 миллион доллар ёрии Амрико ба қудратиҳои Тоҷикистон


Сюзан Эллиотт, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон

Сюзан Эллиотт, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон

Амрико барои густариши ҳамоҳангии фаъолияти ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ду миллион доллар кӯмак намуд.

Иёлоти Муттаҳида дар марҳилаи аввали Лоиҳаи муҷаҳҳазгардонии системаи мухобиротии сохторҳои қудратии Тоҷикистон, ба ин кишвар беш аз 2 миллион доллар кӯмак кард.

Имрӯз, 8-уми ноябр, маросими имзои санад дар мавриди ироаи таҷҳизоти фаннӣ аз ҷониби Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Тоҷикистон, ва генерал Шералӣ Мирзо, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи "Ҳаят Реҷенсӣ" баргузор шуд.

Дар доираи марҳилаи аввали Лоиҳа 37 таҷҳизоти мухобиротӣ ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон дода шуд, ки имкон медиҳад, то ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои қудратӣ тавсеа ёбад. Сюзан Эллиотт, сафири Амрико, гуфт ҳадафи аслии ҳукумати кишвараш ва Тоҷикистон таъмини субот дар ин кишвар ва минтақа мебошад. Ба ин хотир, хонум Эллиотт ибрози умед кард, ки иҷрои марҳилаи аввали ин лоиҳа дар мубориза алайҳи терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа кӯмак хоҳад намуд.

Сюзан Эллиотт ва Шералӣ Мирзо

Сюзан Эллиотт ва Шералӣ Мирзо

Зеро ба гуфтаи Сюзан Эллиотт таҷҳизоте, ки ҷониби Амрико ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон, назири Вазорати дифоъ, Вазорати умури дохилӣ, Раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллӣ, Кумитаи гумрук, Гвардияи миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода додааст, таҷҳизоти муосиранд.

Дар навбати худ, генерал Шералӣ Мирзо, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз кӯмаки Иёлоти Муттаҳида ба сохторҳои қудратии кишвар изҳори сипос кард ва гуфт, воқеан хатарҳои ҷаҳони муосир талаб мекунад ниҳодҳои низомӣ аз имконот ва зарфиятҳои муосир бархӯрдор бошанд.

Қарор аст, дар чаҳорчӯби марҳилаи дуюми ин лоиҳа ба Тоҷикистон 58 адад таҷҳизоти мухобиротӣ дода шавад. Ин иқдоми Амрико дар ҳолест, ки ду рӯзи пеш ду посгоҳи низомӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бо ҳимояти молии ИМА бозсозӣ ва мавриди истифода қарор гирифт.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG