Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳсҳо дар атрофи тағйири Қонуни интихоботи президентӣ доғтар мешавад ва ҳама чашмҳо ба сӯи парлумонанд, ки онро чӣ гуна хоҳад пазируфт.

Як ҳафта пеш Шӯрои Маҷлиси намояндагон тарҳи тағйиру иловаҳо ба ин қонунро барои баррасӣ ба кумитаҳо фиристод ва хост, онҳо дар зарфи ду моҳ назари худро муайян кунанд. Аммо гуфтугӯҳо бо вакилон нишон медиҳад, ки ба ҷуз аз ду намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дигар аксари вакилони мардумӣ ба пешниҳодҳои тағйири қонуни интихобот «мухолиф» ё «бетараф»-анд.

Галия Рабиева, узви Саркумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тарҳи пешниҳодӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло ҳама кумитаҳои маҷлис бо баррасии ин ҳуҷҷат машғуланд, вале ба назари вай, қонуни мавҷуда демократист ва ба тағйиру илова ниёз надорад. Вай афзуд, аз ҷумла ба яке аз бандҳои тағйиру иловаҳои Галия Рабиева, вакили МН

Галия Рабиева, вакили МН

пешниҳодӣ, ки муаллифон онро аз нукоти асосӣ мешуморанд, розӣ шуда наметавонад:

«Масалан, тибқи лоиҳа талаботе пешниҳод шудааст, ки дар ҳамаи навоҳию вилоятҳо аҳзоби сиёсии расмӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ намояндаи худро дошта бошанд, мутаассифона дар ин талабот гуфта нашудааст, ки агар ҳизб дар ҳамон минтақа ё навоҳӣ намоянда надошта бошад ва он таъмин карда нашавад, дар он ҳолат чӣ кор бояд кард. Мутаассифона дар ин лоиҳа ҳамин масъала на он қадар равшан инъикос карда шудааст».

Яке аз муалифони ин тарҳ раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров мегӯяд, ки ин масъала бисёр равшан аст ва агар ҳизб дар ҳамон минтақаи раъйдиҳӣ намоянда надошта бошад, метавонад аз як сокини ҳамон минтақа хоҳиш кунад, ки дар ин ҳавза аз ҳизб намояндагӣ ва ба ҷараёни интихобот назорат кунад.

Дар байни ду зовияи мухолифи ҳам, як қатор вакилони ғайриҳизбии Маҷлиси Намояндагон ҳастанд, ки метавонанд дар пазируфта ё рад шудани тарҳ нақши ҳалкунанда бозанд. Вале маълум шуд, ки онҳо пешниҳоди тағйиру ислоҳи Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистонро ҷиддӣ намегиранд. Бархе аз онҳо мегӯянд, қонуни мазкур ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалист ва бархи дигар бар инанд, ки пешниҳодҳо бояд нахуст муфассал омӯхта шаванд.





Саттор Холов, вакили мустақил дар Маҷлиси Намояндагон мегӯяд, ки вай сидқан тарафдори интихоботи демократӣ ва мунсифона дар Тоҷикистон аст, аммо меафзояд, ҳанӯз бо лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба пуррагӣ шинос нашудааст.

Пинҳон нест, ки сарнавишти тарҳро аксарияти парлумонӣ ҳал мекунад ва ин аксарият аз ҷиноҳи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон иборат аст. Таҳлилгарон бар инанд, ки ҳизби ҳоким пешниҳодҳоеро нахоҳад пазируфт, ки барои номзади он дар интихобот мушкил ба бор оранд.

Сафарбек Кабиров, рӯзноманигори тоҷик, ки омодагии аҳзоби сиёсӣ ба интихоботро таҳлил кардааст, мегӯяд: «Намояндагони мақомоти ҳукумат ва Ҳизби халқӣ-демократӣ гумон мекунанд, ки агар ин тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи президент ворид карда шаванд, барои онҳо монеаҳо ва мушкилот пеш меояд. Вале ин нодуруст аст, баръакс тағйиру иловаҳо барои баргузории интихоботи шаффофу боэътимод ва мунсифона мусоидат мекунад».

Сафарбек Кабиров, рӯзноманигори тоҷик

Сафарбек Кабиров, рӯзноманигори тоҷик

Коммунистҳо низ мегӯянд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тарҳи мазкурро дертар аз мӯҳлати лозима ба парлумон пешниҳод кард ва «бо ин ҲНИТ мехоҳад, ки «сенсатсияи сиёсӣ» кунад. Ба назари коммунистҳо, ҲНИТ мебоист пешниҳодҳои худро бо аҳзоби сиёсии шомили Маҷлиси намоянадгон ҳамоҳанг мекард. Ин дар ҳолест, ки коммунистҳо ибтидо низ мегуфтанд, қонун ба такмил ниёз дорад.

Дар ҳамин ҳол дафтари САҲА дар Тоҷикистон мегӯяд, ки аз ҷониби аҳзоби сиёсии Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни интихоботи президентро дастрас накардаанд ва дар ин хусус чизе гуфта наметавонанд.

Аммо таҳти сарпарастии САҲА аввалин маротиба дар соли 2004-ум бо ширкати аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони парлумони кишвар нусхаи тағйиру иловаҳои ба қонуни интихобот, аз ҷумла қонуни интихоботи президент омода шуда буд, ки дар охирин лаҳза намояндагони ҳокими ҲХДТ аз он даст кашиданд ва ин пешниҳодҳо дар нимароҳ монданд.

Кӯшиши дуюм соли 2007-ум таҳти сарпарастии IFES – Бунёди байналмилалии сохторҳои интихоботӣ низ ноком анҷомид. Қонуни конститутсионии интихоботи президенти Тоҷикистон соли 1994-ум қабул шуда, то ҳол ба он ҳеҷ тағйиру иловае ворид нагаштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG