Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди дипломатҳои аврупоӣ аз ТАЛКО


Дар пасманзари иддаоҳои зистмуҳитии Узбакистон алайҳи ТАЛКО, иддае аз сафирони аврупоии муқими Душанбе, аз ин корхона дидан карданд.

Сафирони кишварҳои Амрико, Бритониё, Фаронса, сафири Иттиҳоди Аврупо ва Ирлондия рӯзи сешанбе ба хотири ошноӣ бо вазъи зистмуҳитии маҳали корхонаи алюминиуми Тоҷикистон, аз ин корхона дидан намуда, бо вазъи экологии он ошно шудаанд.

Дафтари матбуоти ТАЛКО дар як баёнияи матбуотӣ аз сафари гурӯҳи сафирони кишварҳои ғарбӣ ба ин корхона хабар дод ва гуфт, ба хотири изҳоротҳои пай дар пайи мақомоти кишвари ҳамсоя Узбакистон, ки гӯё ТАЛКО вазъи экологии минтақаро олуда месозад, намояндагони кишварҳои аврупоӣ даъват шуданд, то аз наздик ба ин масъала ошно шаванд.

Дар ҷараёни ошноӣ бо фаъолияти ТАЛКО сафирони ин кишварҳо бо вазъи корхона шинос шуда ва маълум гашт, ки ҳанӯз дар вақти сохтани он аз дастгоҳҳои пешрафтатрини поксозии чангу газ истифода шудааст.

Дар баёния аз ҷумла омадааст, ки «ба хотири олуда насохтани ҳавои атроф манораҳои баланди дудбароӣ бо баландии 120 метр бо фановарии муосири полоиши фаровардаҳои алюминий сохта шудааст, ки то 98 дарсади заҳру чангу газро пешгирӣ кунад.»

Дафтари матбуоти ТАЛКО мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, дар ин корхона барои поксозӣ аз олудагиҳо фановариҳои ҷадидтарин истифода мешавад, ки дар панҷ соли ахир дар ин роҳ ҳудуди 100 миллион доллар сарф шудааст. ТАЛКО ба хотири аз байн бурдани адами эътимод дар хусуси масъалаи экология ба ҷониби Узбакисон оғози як музокираро зарур медонад, то ин ки мавзуи мазкур аз масъалаи сиёсӣ ба баҳси созанда табди дода шавад.

Дафтари матбуоти ТАЛКО мегӯяд, ки сафирони кишварҳои Аврупо бо ҳамаи коргоҳҳои корхона ошно шуданд ва ба ҳамаи масъалаҳои мавҷуд, ки ба ин корхона рабт дорад, ошно шуданд. Бино ба ин манбаъ, сафирони кишварҳои аврупоӣ пас аз ошноӣ таъкид кардаанд, ки масъалаи зисмуҳитӣ аз проблемаҳои ҷиддӣ ба шумор меравад ва дар амри ҳалли он бояд дастҷамъона иқдом кард.

Тоҷикистону Узбакистон соли 1994 созишномаи «Ҳамкориҳо барои беҳбуди вазъи экологӣ дар минтақаи таҳти таъсири манфии корхонаи алюминиуми Тоҷикистон» - ро ба имзо расонида буданд, ки бояд то соли 2002 амал мекард, аммо баъди якҷониба баста шудани марзҳо аз сӯи Узбакистон дигар иҷро нашуд. Бар асоси ин созишнома, корхонаи алюминиум мебоист дар ҳудудҳои таҳти таъсираш дар Узбакистон зерсохторҳои зарурӣ, аз қабили пунктҳои тиббиву чоҳҳои об ва ғайра, бунёд мекард.

Бо вуҷуди қатъи ҳамкориҳо, «Талко» мегӯяд, тайи панҷ соли ахир барои модернсозии истеҳсолоташ ҳудуди 100 миллион доллар харҷ карда ва дар натиҷа риски муҳитзистии фаъолияти корхонаро бамаротиб поён овардааст.

Узбакистон мегӯяд, фаъолияти ТАЛКО, ки дар ноҳияи Турсунзода, дар наздикии марз бо вилояти Сурхондарёи Узбакистон ҷойгир аст, ба муҳити зист ва вазъи саломати аҳолии навоҳии марзии он кишвар таъсири манфӣ мерасонад.

ТАЛКО бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон ба шумор рафта, солона то 400 000 тонна алюминиум тавлид мекунад, ки асосан дар шакли ашёи хом ба хориҷ фурӯхта мешавад. Тақрибан нисфи содироти Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши фаровардаҳои ТАЛКО ба даст меояд. Вале мунтақидон мегӯянд, ки фоидаи ин корхона асосан ба ҷайби ширкатҳои миёнарави соҳибонашон машкук меравад ва ТАЛКО дар ҳоли ҳозир ба масобаи ҳатто як ширкати телефони мобил ба давлат андоз намесупорад. Ин дар ҳолест ки ТАЛКО бо он ки бузургтарин истифодакунандаи нирӯи барқи Тоҷикистон аст, аз имтиёзҳои фаровон бархӯрдор буда, нирӯи барқро низ бо нархи хеле арзонтар аз корхонаҳои дигар истифода мебарад.
XS
SM
MD
LG