Пайвандҳои дастрасӣ

Омилони таҷовуз ва куштори як донишҷӯдухтари туркман ба мӯҳлати 2 моҳ боздошт шуданд.

Се ҷавони муттаҳам дар таҷовуз ва куштори духтари 21-солаи туркман Олтин Саидмадова бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Дзержинскии вилояти Харкови Украина ба мӯҳлати 60 рӯз дар ҷараёни таҳқиқи ин парванда дар боздоштгоҳи муваққатӣ мемонанд. Дар ин бора ба бахши Туркмании радиои Озодӣ дар Раёсати умури дохилаи вилояти Харков хабар доданд. Ба иттилои як масъули ин ниҳод, ҳукми додгоҳ дар бораи мавриди боздошт қарор гирифтани ин се нафар ба маъноест, ки онҳо дар ҷараёни тафтиш ҳақ надоранд бо пардохти гаравпулӣ дар озодӣ бимонанд.

Фоҷеа рӯзи 28 июн дар шаҳри Харков рух дод. Донишҷӯи Академияи муҳандисиву педагогии Украина баъди базме бахшида ба гирифтани дипломаи хатмкардаи ин донишгоҳ - бакалавр ба хобгоҳ баргашт. Вале баъди муддате ҷасади ӯ дар назди хобгоҳи донишгоҳ дар кӯчаи Отакар Ярош ошкор шуд. Полис, ки се рӯзи охир ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад, гуфт, санҷиши пешакӣ маълум кардааст, ки духтар пеш аз марг мавриди таҷовузи пурхушунати гурӯҳӣ қарор гирифта баъдан аз ошёнаи панҷуми хобгоҳ ба замин сарозер шудааст. Се ҷавони хориҷие, ки аз рӯи ин ҳодиса боздошт шуда, вале ҳуввияташон ошкор намешавад, аз рӯи Кодекси ҷиноии Украина бо гумони даст задан ба “таҷовуз бо роҳҳои пурхушунат” ва “таҷовуз ба номус, ки паёмадҳои сангин доштааст”, боздошт ва ба ҳабси муваққат гирифта шудаанд.

Аз рӯи иттилои бахши туркмании Радиои Озодӣ, Олтин пеш аз маргаш як номае ба унвонии модараш навишта дар он аз ӯ узр хостааст. “Вале феълан ин нома дар ихтиёри тафтишот аст”, гуфт намояндаи вазорати умури дохилаи Украина дар сӯҳбат бо хабарнигори радиои Озодӣ.

Аз рӯи маълумоти дарёфтӣ, Олтин, ки донишгоҳро хатм кард, ба мисли дигар донишҷӯёни хориҷӣ, барои бозгашт ба ватан омода мешуд ва мебоист базудӣ ба Туркманистон мерафт.

Феълан фарзияи аслии тафтишот ин аст, ки духтари 21-солаи туркман, ки мавриди таҷовузи гурӯҳӣ қарор гирифтааст, дар ғояти ноумедӣ даст ба худкушӣ задааст. Эҳтимол меравад, ки боздоштшудаҳо ҳамватанони ин духтар мебошанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG