Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як зани тоҷик зери қатори “Саратов – Маскав”


Мақомоти Русия ба таҳқиқи ҳодисаи зери қатори “Саратов-Маскав” мондани як зани 46-солаи тоҷикро оғоз кардаанд. Ҳодиса рӯзи 21 январ дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани Нижние Котли, дар ҷануби пойтахти Русия, рух додааст. Татяна Морозова – намояндаи раёсати тафтишот дар нақлиёти шаҳри Маскав – гуфтааст, ки ин зани тоҷик ҳангоми убур аз роҳи оҳан зери қатор монда, духтари 12-солааш сиҳҳату саломат аст. Аммо, ба гуфтаи ӯ, духтар аз дидани манзараи марги модараш сахт осеби равонӣ дида, ҳоло таҳти назари равоншиносон аст. Ҳар сол, бино ба омори расмӣ, дар Русия ҳудуди 1000 муҳоҷири тоҷик аз олам чашм мепӯшанд. Мақомоти вилояти Хатлон ҳафтаи гузашта гуфтанд, ки соли гузашта танҳо ба ин минтақа 271 тобути муҳоҷирон аз Русия оварда шудааст.

XS
SM
MD
LG