Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мушкили молиявиро далели камбуди афзояндаи об дар Осиёи Марказӣ унвон кард.

Дар посух ба коршиносони Олмон, ки чанде қабл гуфтанд, кишти пахта сабаби аслии камбуди об дар минтақа ва қабл аз ҳама хушкшавии баҳри Арал шудаасту се кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон намехоҳанд ҳамкорӣ кунанд, Султон Раҳимов, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, мушкил дар истифодаи ғайрисамараноки об, аз ҷумла масрафи зиёди об дар майдонҳои пахта аст. Вай афзуд, аксари кишварҳои ҷаҳон ба технологияҳои нав ва каммасрафи обёрӣ гузаштаанд, аммо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз усули куҳна - обёрӣ тавассути ҷӯякҳо кор мегиранд, ки оби зиёдро сарф мекунад. Вай афзуд, кишварҳо бояд ба усулҳои нави обёрӣ, аз ҷумла ба обёрии қатравӣ гузаранд, аммо маблағ надоранд:

«Вале барои гузаштан ба обёрии қатравӣ маблағҳои бузург заруранд. Минтақа ҳудуди 8 миллион гектар замини обӣ дорад, аммо имкониятҳои молиявии кишварҳо маҳдуд аст, ки ба ин низоми обёрӣ гузаранд. Дар ҳамаи кишварҳо фаҳмиши зарурати гузаштан ба ин низом вуҷуд дорад ва кишварҳо дар ин самт кор мекунанд, аммо натиҷаҳо назаррас нестанд», гуфт муовини вазирҷ


Султон Раҳимов мегӯяд, барои таъмин кардани як гектар замин бо технологияи обёрии қатравӣ, вобаста ба кишваре, ки онро истеҳсол кардааст, аз 5 то 8 ҳазор доллари ИМА зарур аст, аммо ин технология ҳам ҳар чор-панҷ сол бояд аз нав карда шавад.

Вай афзуд, дар каналҳои бузург, ки ҳазорҳо километр кашида шудаанд, қариб 20-30 дарсади об аз ҳисоби бухоршавӣ талаф меёбад ва барои ҳалли ин мушкил лӯлаҳои об заруранд, ки низ маблағҳои зиёд мехоҳанд. Ба бовари ӯ, бо обёрии қатравӣ ва кашидани лӯлаҳои об ҳудуди 50-60 дарсади оби минтақаро ҳифз карданд мумкин мешавад.

Коршиносони олмонӣ, ки дар чаҳорчӯби «Аҳдномаи Берлин» сари ҳамкориҳои об миёни Олмону кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳқиқоти худро анҷом додаанд , мегӯянд, кишварҳои собиқ Шӯравӣ аз соли 1991 то ба имрӯз натавонистаанд механизмҳои муассири тақсими оберо, ки ба табъи ҳама мувофиқ бошад, эҷод кунанд. Дар гузориши онҳо омадааст, пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди ташкили Консорсиуми оби Осиёи Марказиро ҳам ба ҷуз Қирғизистон дигар кишварҳои минтақа қабул накарданд ва Ӯзбакистон ба хотири аз даст надодани мавқеи пештозаш дар минтақа онро умуман рад кард.

Ҳомидҷон Орифов, котиби Кумиссияи байналмилалии сарбандҳои бузург дар Тоҷикистон мегӯяд, коршиносони олмонӣ ба вазъият баҳои сиёсӣ додаанд, аммо амалан кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳамчунин тақсими об норозӣ нестанд ва ҳама аз ҳаққи худ истифода мекунанд. Вай афзуд, дар ин байн Тоҷикистон ҳам бояд бар манофеи миллии худ андешад, пеш аз ҳама обро барои саноат ва энержии об истифода карда, ҳамон маблағи заруриро пайдо кунад:

«Дигар аз куҷо пул гирем? Буҷаи кишвар маблағ надорад. Аз дигар тараф, лимите, ки барои Тоҷикистон аз ҳисоби оби Осиёи Марказӣ ҷудо шудааст, пурра ифтифода намешавад. Мушкил ин ҷост. Кишварҳои поёноб – Ӯзбакистону Туркманистон аз лимити худ ҳатто зиёдтар истифода мебаранд. Аммо Тоҷикистон ба умеди он ки захира дорад, хотирҷамъ аст. Ин кори хуб нест», мегӯяд вай.

Бино ба иттилои Кумиссияи байналмилалии сарбандҳои бузург дар Тоҷикистон, ҳоло 93 дарсади оби минтақа барои хоҷагии қишлоқ, умдатан пахта ва ҳамагӣ 2 дарсади он барои саноат истифода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи омори истеҳсоли пахта, ки расонаҳо аз қавли манобеи расмӣ овардаанд, истеҳсоли пахта дар Осиёи Марказӣ кам шудааст. Ӯзбакистон дар замони Шӯравӣ 6 миллион тон пахта истеҳсол мекард, аммо ҳоло ин рақам ба 3,6 миллион тон, дар Туркманистон аз 4 миллион ба 1 миллиону 35 ҳазор ва дар Тоҷикистон аз 1 миллион ба 414 ҳазор тон кам шудааст.

Аслиддин Ҷумъаев, устоди биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, пахта дар гузашта вақте маводи стратегӣ буд, ки алтернатива надошт ва ҳоло алтернативаҳояш пайдо шуданд, аз ҷумла синтетика:

«Аввал, роҳҳои масраф кардани обро бояд пайдо кунанд. Дуюм, алтернативаҳои пахтаро. Об 75 то 90% вазни пахтаро ташкил медиҳад. Ва тасаввур мекунед, ки барои ба даст овардани пахта бино ба таҳқиқоти олимони ҷаҳонӣ аз 5 то 7 литр об сарф мешавад? Ҳоло Арал хушк шудааст, дар оянда пиряхҳо ва сипас тамоми флораву фауна хушк хоҳад шуд. Алтернативаи пахтаро мешавад ёфт, аммо обро не. Кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд мағзҳояшонро кор баранд".

Коршиносони олмонӣ ҳам бар ин нукта ишорат мекунанд, ки ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ба кишти зироатҳои дигар таваҷҷӯҳ надоранд ва пахтаро ба манбаъи даромади худ табдил дода, манфиати деҳқононро ба назар намегиранд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG