Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фалуҷаи Ироқ ба дасти Ал-Қоида гузашт


Шаҳри Фалуҷа дар вилояти Анбори Ироқ ба тасарруфи комили "Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом"- гурӯҳи вобаста ба Ал-Қоида даромад.

Раиси пулиси вилояти Анбор бо эъломи ин хабар гуфт, ки нерӯҳояш ба таври комил шаҳрро тарк кардаанд ва акнун дар атрофи Фалуҷа ҷойгир шудаанд.
Хабаргузории "Ассошиэйтед" дар гузориши худ гуфтааст, ки Фалуҷа ва Рамодӣ -- маркази вилояти Анбор аз як ҳафта ба ин тараф шоҳиди даргириҳои шадид байни нерӯҳои вобаста ба Ал-Қоида ва давлати Ироқ будааст.

Дар ин гузориш ҳамчунон ишора шудааст, ки гурӯҳи "Давлати исломии Ироқ ва Шом" аз ҷумлаи қудратмандтарин гурӯҳҳо дар ҷанги дохилии Сурия буда ва дар минтақаҳои таҳти ишғоли худ қонунҳои шариатро мавриди иҷро гузоштааст. Ин гурӯҳ ҳамчунин рӯзи шанбе масъулияти бомгузорӣ дар маҳалаи шианишини Бейрутро ба ӯҳда гирифт.

Дар ҳамин ҳол Нурӣ Ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ гуфтааст, амалиёти низомии нерӯҳои давлатӣ то нобудии тамоми "гурӯҳҳои террористӣ" идома хоҳад ёфт. Ба гузориши шабакаи "Ал-ҷазира", Нури Ал-Моликӣ, ки рӯзи шанбе дар як шабакаи телевизиони давлатӣ сӯҳбат мекард, гуфтааст, ки давлати вай ба "фитна" дар вилояти Анбор поён хоҳад дод. Вай афзудааст, ки "то нобудии комили гурӯҳҳои террорист ва наҷоти мардуми Анбор ақибнишинӣ нахоҳем кард."

Чанд соат пеш аз изҳороти Нури Ал-Моликӣ дар телевизиони давлатӣ, як мақоми баландпояи амниятии Ироқ ба хабаргузории "Франс-пресс" гуфта буд, ки нерӯҳои давлатӣ контроли шаҳри Фалуҷаро аз даст додаанд ва нерӯҳои вобаста ба "Давлати исломии Ироқ ва Шом" ин шаҳрро ба тасарруфи худ даровардаанд.
Ин дар ҳоле аст, наворҳои мунташиршуда дар Ютуб нишон медиҳад, ки нерӯҳои гурӯҳи "Давлати исломии Ироқ ва Шом" назорати шоҳроҳи аслии Фалуҷаро дар ихтиёр доранд ва шоҳидони айнӣ ба хабаргузории "Ройтерз" гуфтаанд, нерӯҳои шибҳи низомӣ қисматҳои шимол ва шимол-шарқии Фалуҷаро низ дар ихтиёр доранд.



Ба гузориши "Ал-ҷазира" нерӯҳои вобаста ба гурӯҳи "Давлати исломии Ироқ ва Шом" тайи моҳҳои ахир тавонистанд нуфузи худ дар вилояти суннинишини Анбор дар ғарби Ироқ ва дар марзи Сурияро густариш диҳанд. Тибқи ин гузориш, қабилаҳои суннӣ бо ҳамроҳии нерӯҳои артиш тавонистаанд дар Рамодӣ -шаҳри бузурги суннинишини вилояти Анбор бо нерӯҳои "Давлати исломии Ироқ ва Шом" муқобила кунанд. Ин гузориш афзудааст, ки қабоили суннӣ дар ин вилоят монеи вуруди нерӯҳои артиш ба Фалуҷа шудаанд. "Ал-ҷазира" изофа кардааст, ки нерӯҳои давлатӣ дар ҳоли музокира бо раҳбарони қабоил барои вуруд ба шаҳри Фалуҷа ҳастанд. Ин гузориш мегӯяд, нерӯҳои артиш барои муқобила бо нерӯҳои гурӯҳи "Давлати исломии Ироқ ва Шом" ниёзманди ҳамкории қабилаҳои суннӣ ҳастанд.

Ба гуфтаи мақомоти ироқӣ, дар даргириҳои чанд рӯзи ахир ҳудуди 100 нафар кушта шудаанд, ки 30 нафари онҳо аз нерӯҳои давлатӣ ва 70 тани дигар аз ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломии Ироқ ва Шом" мебошанд. Задухӯрдҳо рӯзи 30 декабр, баъди аз сӯи полис пароканда кардани мӯътаризони суннимазҳаб шурӯъ шуданд. Сунниҳо алайҳи нахуствазир Нури ал-Моликӣ ва пурра аз шиаҳо ташкил шудани ҳукумати ӯ эътироз мекарданд. Дар амалиёти тахриби шаҳраки хаймаҳои мӯътаризон тақрибан 15 нафар ҷон бохтанд.

Мӯътаризон давлати Нури Ал-Моликӣ - нахуствазири шиамазҳаби Ироқро ба иҷрои сиёсатҳои табъизомез алайҳи сунниҳо муттаҳам мекунанд. Нурӣ Моликӣ ки мегуфт, маҳали эътирозҳо ба паноҳгоҳе барои нерӯҳои Ал-Қоида табдил шудааст, дастури барчидани хаймаҳоро содир кард. Ин иқдом боиси хашми қабоили Анбор ва даргирии онҳо бо нерӯҳои давлатӣ шуд. Пас аз тавофуқи суратгирифта барои хуруҷи артиш аз шаҳрҳо ба манзури ором кардани авзоъ ва супурдани амният ба нерӯҳои пулиси маҳаллӣ, нерӯҳои вобаста ба Ал-қоида ба шаҳрҳои Рамодӣ ва Фалуҷа ҳамла бурданд.
XS
SM
MD
LG