Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи дар пойтахт пурҷӯш, дар гӯшаҳо - хомӯш


Дар ҳоле, ки талошҳои ҳизбҳои сиёсӣ барои ба даст овардани дили райъдиҳандагон дар пойтахт – Бишкек ва марказҳои дигари маъмурӣ хеле пуршиддат аст, таваҷҷӯҳ дар манотиқ чандон зиёд нест.

Дар Қирғизистон рӯзи 4 октябр интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. 14 ҳизби сиёсӣ барои роҳ ёфтан ба парлумон мубориза мебаранд. Дар ҳоле, ки талошҳои ҳизбҳои сиёсӣ барои ба даст овардани дили райъдиҳандагон дар пойтахт – Бишкек ва марказҳои дигари маъмурӣ хеле гарму пуршиддат аст, дар манотиқи дуртар ба назар мерасад, таваҷҷӯҳи ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳам мардум ба ин маърака чандон зиёд нест.

Роҳи мошингард аз Тошкӯмир, шаҳре дар вилояти шимолушарқии Ҷалолобод ба минтақаи Талас воқеияти комилан дигари зиндагии имрӯзаи мардуми Қирғизистонро ба намоиш мегузорад. Дар умқи кӯҳҳои осмонбӯсу роҳҳои беодам аҳён-аҳён нишонаҳои зиндагиро дарёфт кардан мумкин аст. Мошинҳо бошиддат аз роҳ убур мекунанд ва танҳо роҳбандони рамаи бузу гӯсфандон ва гову аспҳо ин мошинҳоро аз ҳаракат бозмедорад. Нафаре ҳам аз ронандагон нороҳат намешавад, мошинҳо манъ шуда то роҳро тарк кардани охирин гӯсфанд, мунтазир мемонанд. Чӯпоне, ки гӯсфандонашро саробонӣ мекунад, аз назди мошини мо ҳам мегузарад. Аз ӯ мепурсем, ки дар бораи интихобот хабар дорад?

Мегӯяд, хабар дорад, вале ин кори ӯ нест. “Ман вақт надорам, ки ба овоздиҳӣ равам. Кори аз ин муҳимтар дорам”, мегӯяд шубон. Ин марди

миёнасолро фаҳмида мешавад. Нигоҳубини рама ҳам қоидаву қонуни худро дорад: давоми чандин моҳ чӯпонҳо бояд дар кӯҳу саҳро бошанд, аксарият дар мавсими гармо аслан ба хонаҳои худ сар намезананд. Нони чӯпонҳоро сиёсатмадорон не, ҳамин рамаҳои бузу гӯсфанд таъмин мекунад. То расидан ба шаҳри Тӯхтагул, ки обанбори маъруфе бо ҳамин ном ҳам дар ин ҷо ҷойгир аст, кӯчаҳо ҳамонгуна камодам ҳастанд. Дар кӯчаҳо нишонаҳои таблиғоти интихоботӣ аслан ба чашм намерасад.

Танҳо дар остонаи Тӯхтагул, дар ҷануби Ӯш аввалин таблои таблиғотии ҳизби “Ору номус” ба чашм мерасад. Ин ҳизбро Феликс Қулов, сиёсатмадори собиқадор раҳбарӣ мекунад. Қулов аз замони шӯравӣ дар вазифаҳои баланди давлатӣ кор кардааст – вазири умури дохила, муовини раиси ҷумҳурӣ, вазири амнияти миллӣ, мири шаҳри Бишкек ва нахуствазир будааст. Вале шояд ҳамин вазифаи охирини ӯ сабаби номаҳбубияти ҳизби ӯ дар миёни мардум шудааст. Феликс Қуловро бисёриҳо ҳамчун як шарики сиёсии раиси ҷумҳурии бадномшуда – Қурмонбек Боқиев мешиносанд. Соли 2005 ӯву Боқиев дар саргаҳи интиқилоби мардумӣ қарор гирифта, ҳукумати Аскар Оқоевро сарнагун кард ва баробар бо Боқиев президенти эҳтимолии оянда баррасӣ мешуд. Дар натиҷаи машварати баъдӣ, қудрат тақсим ва Боқиев президенту Қулов нахуствазир шуд.

Бо вуҷуди ин ки Қулов дар ин вазифа ҳамагӣ 18 моҳ кор кардааст, бисёриҳо ҳамоно ӯро ҳамчун як ҳампаймони президенти беобрӯ арзёбӣ мекунанд. Таблиғоти ҳизби Қулов дар зодгоҳаш – вилояти Талас

бештар ба чашм мехӯрад. Таблоҳои таблиғотии ҳизбҳои дигар ҳам дар ин шаҳр зиёд аст. Дар даромадгоҳи шаҳри Талас мошине хароб шудааст ва чанд мард талош мекунанд, онро таъмир кунанд. “Шумо дар интихобот овоз медиҳед?”, мепурсам аз онҳо. Ҳама ба нишони тасдиқ сар меҷунбонанд ва мегӯянд, тарафдори “Ору номусанд”. “Аз парлумони нав чӣ интизор доред? Бовар доред, ки тағйироте мешавад”, мепурсам дар ҷавоб.

“На”, мегӯянд онҳо. “Пас хости шумо чист? Аз парлумон кадом тағйироте мехоҳед?” Мегӯянд: “Иқтисоди минтақа бояд пешрафт кунад. Масалан, ин роҳҳо бояд таъмир шаванд”, мегӯянд онҳо дар ҷавоб. Воқеан ҳам вазъи роҳҳои мошингард дар Талас хуб нест, пули зиёд мехоҳад, ки пурра таъмиру барқарор шаванд. Ман аз онҳо самти ҳукумати маҳаллиро мепурсаму ба роҳам идома медиҳам. Аз пешам ҷуфти ҳамсарони ҷавоне мебароянд. Онҳо дар сӯҳбати сарироҳӣ мегӯянд, ки ба интихобот таваҷҷӯҳ доранд, вале ояндаи кишварро на сиёсатмадорони собиқадор, балки ҷавонон бояд ҳал кунанд. Ҳамсарон мегӯянд, ки тавони сиёсатмадорони номдорро дар тамоми ин солҳо диданд ва ҳоло хуб медонанд, аз дасти онҳо чизе намеояд.

Ба ҳамин хотир, дар хонаводаи онҳо барои ҳизби Сотсиал-демократ овоз медиҳанд, чун дар сафи ин ташаккули сиёсӣ ҷавонҳо зиёданд. Мо ба бинои ҳукумати шаҳри Талас расидем. 6 апрели соли 2010 гурӯҳе аз эътирозгарон вориди ин сохтмон шуда ҳукуматро зери назорати худ дароварданд. Дар давоми рӯз бо полис даргир шуда, шаби 6 ба 7 апрел ба Бишкек ҳаракат карданд ва дар чанд соат ҳукумати Қурмонбек Боқиевр сарнагун шуд. Вале Таласе, ки ҳанӯз 5 сол пеш дар саргаҳи таҳаввулоти сиёсии кишвар қарор дошт, имрӯз сокиту ором аст ва ҳизбҳои сиёсӣ ҳам ин нуқтаи ҷуғрофиро, зоҳиран, нодида мегиранд. Онҳо мегӯянд, танҳо 5 % раъйдиҳандагон дар Талас зиндагӣ мекунанд. Таваҷҷӯҳи ҳизбҳо бештар ба манотиқи серҷамъият равона шудааст.

Брюс Паннир, хабарнигори бахши англисии Радиои Озодӣ

XS
SM
MD
LG