Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти "Алмос" бар зидди Толибон дар Форёб


Генерал Абдуррашид Дӯстум дар садри амалиёти низомӣ дар Форёб қарор дорад
Генерал Абдуррашид Дӯстум дар садри амалиёти низомӣ дар Форёб қарор дорад

Дар наздикиҳои вилояти Форёби Афғонистон амалиёти наве барои муқобила бо ҷангиёни Толибон шурӯъ шуд.

Амалиёте таҳти унвони “Алмос”-ро муовини раиси ҷумҳурии Афғонистон генерал Абдуррашид Дӯстум раҳбарӣ мекунад. Ин амалиёти низомӣ дар вулусволии Қайсори вилояти Форёб рӯзи 13 август шурӯъ шуд. Радиои “Афғонистони Озод” аз қавли Муҳаммадризо Ризоӣ, як сухангӯи артиш гуфт, нирӯҳои амниятии Афғонистон дар ин амалиёт 25 километр дарунтар даромада, назоратро бар 23 рустое зери контроли худ дароварданд. Вай гуфт, дар ин минтақа дар маҷмӯъ 123 деҳа вуҷуд дорад.

Бар тибқи гузориши низомиён, дар амалиёти як шабонарӯзи охир 24 ҷангӣ, аз ҷумла хориҷиҳо кушта шудаанд. Муҳаммадризо Ризоӣ гуфт, ки дар ин амалиёт дар баробари нирӯҳои заминӣ, ҳамчунин аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ ҳам истифода шудааст. Генерал Абдуррашид Дӯстум дар сӯҳбат бо Радиои “Афғонистони Озод” гуфт, ки ин амалиёт бо ҷалби низомиёни вазорати дифоъ ва ҳам амният ба роҳ монда шудааст. Вай гуфт, 12 нафар ҷангиёни Толибон асир гирифта шудаанд. “Ба мо гузориш дода шуд, ки дар миёни кушташудаҳо хориҷиҳо ҳам буданд. Инҳо ҳам арабҳо, ҳам чеченҳо, ҳам ӯзбакистониҳо мебошанд. Мо як нафар захмӣ ва як нафар шаҳид дорем”, гуфт ӯ. Яке дигар аз муваффақиятҳои нирӯҳои давлатӣ дар кашфу хунсосозии минаҳои канори роҳ будааст.

Ба иттилои Муҳаммадризо Ризоӣ, дар масҷиди шоҳроҳи Қайсор 15 ҳалқаи минаи мухолифин, ки дар ин масир ҷосозӣ шуда буд, кашф ва безарар гардонида шуд. “Хушбахтона, ба мардуми мулкӣ осебе нарасидааст”, гуфт ӯ. Амалиёти “Алмос” дар чанд марҳила дар вилояти Форёби Афғонистон баргузор мешавад. Ба иттилои масъулини артиш, амалиёте ҳамсон дар манотиқи марбут ба вилояти Бодғис ҳам ҷараён дорад ва қарор аст дар марҳилаи баъдӣ нирӯҳои ҳарду минтақа ба ҳам бипайванданд.

Амалиёти низомии "Алмос" дар вилояти Форёб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

XS
SM
MD
LG