Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қатли тамоми аъзои хонаводаи шавҳари аммаи ҳокими Кореяи шимолӣ


Ким Чен Ун (аз рост) бо Ҷанг Сонг Тек

Ким Чен Ун (аз рост) бо Ҷанг Сонг Тек

Бино ба хабарҳо, дар Кореяи шимолӣ тамоми аъзои хонаводаи Ҷанг Сонг Тек, шавҳари аммаи раҳбари ин кишварро, ки моҳе пеш эъдом шуд, қатл кардаанд.

Хабаргузории Кореаи ҷанубӣ Yonhap News Agency аз қавли манобеъ мегӯяд, ки Ким Чен Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ дастури маҳви ҷисмонии аъзои хонаводаи Ҷанг Сонг Тек, шавҳари эъдомшудаи аммаи худро додааст. Дар миёни касоне, ки гуфта мешавад, кушта шудаанд, аз фарзандон, бародарон ва набераҳои ӯ ном бурда шудааст.

Ин манбаъ гуфтааст, мушаххас нест, ки ин кор дақиқан чи замоне рух додааст, аммо эҳтимолан онҳо низ пас аз эъдоми Ҷанг Сонг Тек дар 12-уми декабри соли гузашта, қатл шудаанд. Yonhap News Agency аз қатли хоҳари ин мақоми олирутбаи пешини Кореяи шимолӣ, ҳамсари ӯ, ки сафири ин ҳукумат дар Куба буд ва яке дигар аз аъзои ин хонавода, ки сафири он кишвар дар Малайзия буд, низ хабар додааст.

Яке аз манобее, ки аз ӯ бидуни бурдани ном ба унвони манбаъи хабарӣ барои Кореяи ҷанубӣ ном бурда мешавад, дар сӯҳбат бо ин хабаргузорӣ гуфтааст, "тамоми аъзои хонаводаи Ҷанг Сонг Тек кушта шудаанд ва ин мавзӯъ ба ин маънӣ аст, ки раҳбари Кореяи шимолӣ намехоҳад ҳеҷ касе аз табори Ҷанг Сонг Тек зинда бимонад."

Ин гузоришро манобеи дигар тасдиқ ё рад накардаанд, аммо Yonhap News Agency манбаи ахбори мухталифе аз Кореяи шимолӣ ба шумор меравад, ки маъмулан аз тариқи манобеи амниятӣ дар Сеул ба дасташ мерасад.

Дар айни ҳол гуфта мешавад, ки дар Кореяи Шимолӣ ҳамчунон қонуни "муҷозоти хонаводагӣ" вуҷуд дорад, ки бар асоси он аъзои хонаводаи маҳкумон низ муҷозот мешаванд. Бино бар гузоришҳо, ин қонун аз ҷумла дар мавриди хонаводаи касоне, ки ин аз ин кишвар мегурезанд. низ иҷро мешавад.

Ҷонг Сонг Тек аз аъзои баландпояи ҳукумати Кореяи шимолӣ ва ноиби раиси Комиссияи дифои он кишвар буд, ки дар пайи ихтилофоте бо раҳбари кунунӣё Ким Чен Ун бо иттиҳоми хиёнат эъдом шуд. Раҳбари Кореяи шимолӣ дар ҳамон замон дастур дода буд, ки аммааш ба узвияти "Кумитаи расмии маросими хоксупорӣ" баргузида шавад.

Ба дунболи марги Ким Чен Ир, раҳбари пешини Кореяи шимолӣ дар соли 2011, Ҷанг Сонг Тек ба Ким Чен Ун, раҳбари феълии Кореяи шимолӣ ва писари Ким Чен Ир кӯмак кард, то қудратро дар даст бигирад. Ҷанг Сонг Тек ҳамсари Ким Кёнг Ҳуй, хоҳари хурдии Ким Чен Ир буд.

Ким Чен Ун, ки тақрибан 30 ё 31 сол дорад, бо сиёсатҳои худхоҳонааш алакай чанд дафъа Кореяи шимолиро дар лаби вартаи низоъи мусаллаҳона бо Кореяи ҷанубӣ қарор дод. Хонаводаи онҳо - сар карда аз бобояш Ким Ир Сену падараш Ким Чен Ир ва инак Ким Чен Ун - аз соли 1945 ба ин сӯ, алакай 59 сол боз бар Кореяи шимолӣ ҳукумат меронанд.

Низоми коммунистии Кореяи шимолӣ дар ин муддат ин кишварро ба яке аз бастатарин ҷомиаҳои дунё табдил дод, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ҳуқуқи мардумаш ба таври пайваста поймол мешавад ва аксари аҳолиаш дар ҳоли фақр ба сар мебаранд, вале аз минбарҳои расмӣ ва аз радиову телевизионҳо танҳо таблиғи "сиёсати хирадмандона"-и раҳбари аввал ва мадҳу ситоиши Ким Чен Ун пахш мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG