Пайвандҳои дастрасӣ

Дар пайи ошкор шудани як қазияи фасоди идорӣ тамоми кормандони бахши молияи минтақаи Кӯлобро барканор кардаанд.

Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, моҳи декабр дар пайи ошкор шудани қазияи азхудкунии 1,2 миллион сомонӣ маблағи буҷети давлатӣ аз сӯи се мансабдорро дар минтақаи Кӯлоб кулли кормандони молияи минтақаи Кӯлоб аз вазифа сабукдӯш карда шудаанд.

Ин барои аввалин маротиба аст, ки баъди боздошт ва ошкор шудани тасарруфи маблағи калон дар минтақаи Кӯлоб кулли кормандони як идораро аз кор ҷавоб дода ва ба ҷои он кормандони нав таъин карда мешавад.

Дилшод Акобирзода

Дилшод Акобирзода

Дилшод Акобирзода, сардори Оҷонсии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар минтақаи Кӯлоб моҳи гузашта дар нишасти хабариаш гуфта буд, ки онҳо бар асоси як мактуби шикоятӣ ба санҷиш оғоз карда, ҳудуди 1,2 миллион сомониро, ки аз сӯи се мансабдор аз худ шуда буд, ошкор карданд. Ҷаноби Акобирзода афзуд, ки то ҳол тафтиши ин парванда идома дорад, вале дар пайи ин ҳодиса аввал як қисмати кормандони молия ва баъдан боқимондааш аз кор озод карда шуданд.

«Аз тарафи мутахассисони мо санҷиш гузаронида шуд ва ин санҷиш собит кард, ки дар 211 ҳолат, шахсони масъул, яъне сармуҳосиби беморхонаи вилоятии Кӯлоб Ҷумъахон Одинаев, хазинадор Саид Асроров ва мутахасиси молияи минтақаи Кӯлоб Маҳмуд Мирзокаримов расидҳоро сохтакорона ташкил намуда, маблағро аз они худ кардаанд. Ин кор дар рафти тафтишот 1 миллиону 240 ҳазор сомонӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ барқарор карда шуд, аммо то кунун тафтишот дар ин масъала ба охир нарасидааст,» - афзуд Дилшод Акобирзода.

Ошкор шудани тасарруфи маблағ аз бемористони вилоятии Кӯлоб дар охирҳои моҳи ноябр ба амал омада буд. Давлаталӣ Атоев, сардухтури бемористони Кӯлоб гуфт, тасарруфи маблағ аз расидҳои муштариёни бемористон ба амал омадааст. Ҷаноби Атоев афзуд, ки ҳоло бемористон муштариёнашро бо қарори 600 қабул мекунад, ки ҳар муштарӣ бо супурдани расид дар бемористон бистарӣ мешавад. Ӯ мегӯяд, ки сармуҳосиб ва хазинадор аз ин ҳолат истифода карда, ба манфиати худ кор кардаанд.

«Аз ҳисоби қарори 600, ки ҳар бемор пул месупорад ва бо маблағи супурдааш табобат мегирад, аз ҳамин 1,2 милион сомонӣ тасаруф шудааст. Нафароне, ки дар ин кор даст доштанд, зарарро пурра ҳоло барқарор кардаанд. Аммо нисбаташон парвандаи ҷиноӣ боз шудаст,» - гуфт сардухтури бемористони вилоятии Кӯлоб.

Қарори 600 дар соли 2006 ба тасвиб расида, тибқи он, бемороне, ки барои табобат муроҷиат мекунанд ва аз сӯи табибон барои бистарӣ шудан ё ҷарроҳӣ кардан дар бемористон тавсия мешавад, бемор маблағи муайяне ба бемористон супурда, дар он табобат мегирад. Аз ин ҳолат се мансабдори маҳаллӣ сӯиистифода карда, 1,2 миллион сомонӣ пули супурдаи мардумро, ба қавле, “обулой” кардаанд.

Шерафган Азимов

Шерафган Азимов

Баъди дар моҳи декабр аз кор рафтани кормандони молияи минтақаи Кӯлоб, ба ҷои Шерафган Азимов, раҳбари ҳамакнун собиқи бахши молияи ин минтақа Бахтиёр Назаров бо командааш сари кор омад.

Бахтиёр Назаров дар нишасти хабариаш гуфт, ки ӯ дар ҳоле ба ин вазифа таин шуд, ки дар ин ниҳод фасоди молӣ дида мешуд. Ӯ мегӯяд, ки ҳоло ӯ корро аз пок кардани фасод дар идорааш оғоз кардааст. Ҷаноби Назаров то ин дам сардори бахши молияи шаҳри Кӯлоб буд.

Фасод як мушкили умдаи низоми идории Тоҷикистон боқӣ монда, ин кишвар дар арзёбиҳои байналмилалӣ аз ин лиҳоз дар байни фасодзатарин давлатҳои дунё ном бурда мешавад.

Парлумони Тоҷикистон дар моҳи январ бо ислоҳи панҷ қонун ва як кодекс масъулияти раҳбарони ниҳодҳои муҳими кишварро барои пешгирӣ аз ришвахорӣ бештар кард. Бар асоси ин дигаргуниҳо, раҳбарони кумитаи андоз, оҷонсии зиддифасод, амнияти миллӣ, молия, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, маориф ва варзиш барои порагирии кормандонашон ё ҷазои маъмурӣ мегиранд ё аз кор озод хоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG