Пайвандҳои дастрасӣ

"Ягон диски Ҳоҷӣ Мирзову Эшони Нуриддинҷон намонд"


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти вилояти Хатлон мегӯянд, фурӯши наворҳои амри маъруфи рӯҳониёни шинохта Ҳоҷӣ Мирзо ва Эшони Нуриддинҷонро дар дӯконҳову бозорҳои минтақаи Қӯрғонтеппа пурра ҷилавгирӣ кардаанд.

Корхонаи фаръии кино ва видеои вилояти Хатлон мегӯяд, наворҳои амри маъруфи Ҳоҷӣ Мирзо ва Эшони Нуриддинҷон, ду рӯҳонии саршиноси тоҷик аз дуконҳо ва бозорҳои минтақаи Қӯрғонтеппа пурра барчида шудаанд.

Лутфия Роибова, раҳбари Корхонаи фаръии кино ва видеои вилояти Хатлон мегӯяд, ки наворҳо, ба хусус СД-ҳои ин рӯҳониён ба хотири надоштани литсензия ё иҷозатномаи Кумитаи дин аз фурӯш гирфта шудаанд ва минбаъд низ фурӯши онҳо манъ аст: “Ҳоҷӣ Мирзо, Эшони Нуриддинҷон ва ба ҳамин монанд ҳастанд, ки иҷозатнома надоранд. Ва мо иҷоза намедиҳем, ки ба фурӯш гузоранд. Ҳамаи онҳоро мусодира кардаем ва дигар дар фурӯш нестанд. Ҳозир дигар Ҳоҷӣ Мирзо нест, чунки соҳибкорон дар сурати фурӯхтани ин дискҳо то 800 сомонӣ ҷарима мешаванд.”

Масъулони ин идора мегӯянд, ки онҳо натанҳо СД-ҳои амри маъруф, балки наворҳо филмҳои исломӣ , назири “Холид ибни Волид”, “Калиди Асрор ” ва “Умар ибни Хаттоб” ва дигар наворҳое, ки аз интернет гирифта шуда ва бидуни иҷозатнома савдо мешаванд, мусодира кардаанд.

Ба гуфтаи ин масъулон, номгуи филмҳои исломӣ, ки иҷозатномаи фурӯшро надоранд, беш аз 50 номгӯст.

Дар ҳамин ҳол, Сайфура, хонуми мазҳабие аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, филмҳои иломӣ, ки дар бораи зиндагонии шахсиятҳои маъруфи ислом қисса мекунанд, ахлоқӣ ва тарбиявӣ мебошанд, вале онҳо ин филмҳоро пайдо карда наметавонанд ва ё бо роҳи пинҳонӣ аз фурӯшандагон харидорӣ мекунанд.

Ҳамзамон Сайфура алоқаи худро ба гӯш кардани амрҳои маъруфи Ҳоҷӣ Мирзо ва Эшони Нуриддинҷон баён кард ва аз он изҳори таассуф кард, ки дар дӯконҳои дискфурӯшӣ сидиҳои ин шахсиятҳоро пайдо карда наметавонад: “Ҳамаи ин филмҳо тарбияви мебошад, чун ягон корҳои ғайри ахлоқӣ надоранд ва ман мехоҳам, ки ҳамин гуна филмҳо ба фурӯш гузошта шавад, чун мо дониши диниямон бештар мешавад. Дини ислом поки ва бо роҳи рост ҳидоят мекунад, ки ҳоло Ҳоҷи Мирзо Эшони Нуриддинҷон нестанд, инҳоро ба фурӯш гузоранду фарзандонамон чизеро омӯзанд.”

Таҳлилгарони маҳаллӣ низ ба иқдомоти масъулони ниҳодҳои зирабт дар ҷиҳати барчидани наворҳои амри маъруфи шахсиятҳои рӯҳонӣ назари манфӣ доранд.

Юсуф Муҳаммадзода, як таҳлилгари хатлонӣ мегӯяд, ки дар бозорҳо СД-ҳои мусиқиву клипҳои зиёде бе иҷозатнома ба фурӯш гузошта шудааст, аммо ин як сиёсат аст, ки фақат филмҳои исломӣ ва амри маъруфҳоро мусодира мекунанд: “Мусодираи дискҳои Ҳоҷӣ Мирзо ва дигар дискҳое, ки характери исломӣ доранд, як сиёсат аст. Кормандони БДА низ навиштаҷоти исломиеро, ки дар болои мошинҳо аст, поккорӣ ва манъ мекунад. Дар дискҳои исломӣ таблиғи ифротгароӣ нест, чун худи Ҳоҷӣ Мирзоро намегузоранд, ки сӯҳбат кунад.”

Пулиси роҳ дар моҳи сентябр тайи як ҳафта дар як амалиёти вижа дар роҳҳои вилояти Хатлон аз дастикам 199 мошин навиштаҷоте, ба мисли "Мошоллоҳ"-у "Бисмиллоҳ"-ро барканда буд. Пулис мегуфт, ки ин кор ба хотири таъмини амнияти ҳаракат дар роҳҳо анҷом шудааст. Вале бисёриҳо гуфтанд, ки мақомот амдан танҳо навиштаҳои мазҳабиро аз мошинҳо мекананд.

Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои расмӣ, дар вилояти Хатлон аз аввали соли ҷорӣ 50 нафарро, ки дискҳои бесифат ва бе иҷозатномаро ба фурӯш гузоштаанд, ҷарима бастаанд. Дар миёни муҷозотшудаҳо афроде ҳам будаанд, ки дискҳои мазҳабӣ, аз ҷумла наворҳои амри маъруфи Ҳоҷӣ Мирзо ва Эшони Нуриддинҷонро мефурӯхтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG