Пайвандҳои дастрасӣ

Пироҳани Алина рамзи овозаҳои “ҳомиладорӣ аз Путин”


Алина Кабаева дар саҳна, 21 майи соли 2015

Алина Кабаева дар саҳна, 21 майи соли 2015

Падидор шудани Алина Кабаева дар либоси суолбарангез овозаҳоро дар бораи ҳомила будани ин ҷавонзан, ки маъшуқаи президенти Русия, Владимир Путин ба шумор меравад, ба авҷи нав расонд.

“Алина каме фарбеҳ шудааст”. “Аҷаб либосе пӯшидааст, ки бояд чизеро пинҳон намояд”.“Алина людмилонидашудааст” (Ишора ба Людмила, ҳамсари пешини президенти Русия), “Баъд аз зоидан аст ё пеш?”. “Чанд кило вазн гирифтааст”. “Хаста ва пиртар метобад”. – Ин чанде аз шарҳу тафсирҳоест, ки дар шабакаҳои иҷтимоии Русия ва Ғарб дар бораи Алина Кабаева, собиқ варзишгари олимпии Русия, ки гуфта мешавад, маъшуқаи Владимир Путин аст аз рӯзи панҷшанбе ба ин сӯ мечарханд.

Ҳадсу гумонҳои бордории Кабаеваи 32-сола замоне авҷи нав гирифт, ки ӯ дар як маъракаи варзиши наврасон бо пироҳани васеъ ва “бодкарда” ва “бемиён” зоҳир шуд. Ин баҳсҳо ба андозае густариш ёфт, ки шабакаҳои ҷаҳонӣ, монанди CNN ё New York Post ба онҳо таваҷҷӯҳ кардаанд. Хабарнигори CNN Метю Чанс гуфт: “Фарқи ӯ бо давраи варзишкорӣ ва дурахшонаш ба андозаест, ки намешавад онро нодида гирифт.”

Паҳн шудани навори видеоӣ баҳсҳоро дар бораи ҳомила будани Кабаева ба авҷ расонд, аммо на ӯ, Путин ё Кремл ин овозаҳоро шарҳ надодаанд.

Ин бори аввал нест, ки овозаҳои обистан шудани Кабаева аз Путин ба сафҳаи матбуот мерезанд. Моҳи март, вақте ки Путин қариб ду ҳафта аз назарҳо ғоиб гашт, расонаҳои гуногун хабар доданд, ки вай ба Швейтсария рафтааст, то дар рӯзҳои зода шудни фарзанди Кабаева сари болини ӯ бошад.

Кремл он вақт ин хабарҳоро қатъиян рад кард. Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков гуфт: “Иттилои ин ки аз Владимир Путин фарзанде ба дунё омадааст, ҳақиқат надорад.” Вай инчунин бо лаҳни танзомез гуфт: “Ман ба пулдорон муроҷиат карданиям, ки як озмуни воҳимаҳои журналистӣ эълон кунанд.”

Вале худи Путин ва Кабаева ин хабарҳоро тасдиқ ё рад накардаанд. Рӯзномаи швейтсарии “Blick” навишт, Кабаева дар бемористони ашрофонаи “Santa Anna di Sorgeno” дар марзи Итолиё духтарчаеро ба дунё овард.

Президенти Русия Владимир Путин дар моҳи апрели соли 2014 ҳамсараш Людмила Шребневаро пас аз 30 соли зиндагии муштарак талоқ дод. Путин аз ин издивоҷ ду духтар дорад.

Овозаҳои ишқварзии Путин бо Кабаева ҳанӯз пеш аз ин ҷудоӣ, замоне паҳн шуданд, ки Кабаева ҳамчун яке аз ғолибони Бозиҳои олимпии соли 2004 аз тарафи Путин ҷоиза гирифт. Ин дар ҳоле буд, ки ӯ аз соли 2001 узви Шӯрои олии ҳизби “Русияи воҳид”-и Путин буд.

Алина Кабаева дар соли 1983 дар Тошканд ба дунё омада, дар ин ҷо ба воя расидааст. Падари ӯ Марат Кабаев, тотор, дар солҳои 1980-86 бозингари дастаи футболи “Пахтакор” (Тошканд) буд. Модараш Любов Михайловна, рус, низ варзишгар буда, муддате дар дастаи мунтахаби баскетболи Узбакистон бозӣ кардааст. Дар 12-солагии Алина оилааш ба Маскав кӯчида, ӯ дар назди Ирина Винер, зодаи Самарқанд ва ҳамсари миллиардер Алишер Усмонов машқи варзиш кардааст.

Дар ҳоле ки Кабаева аз соли 1996 узви дастаи миллии олимпиии Русия буд, даст ба сиёсат зада, узви ҳизби ҳоким, вакили Думаи давлатӣ ва узви Шӯрои ҷамъиятии Русия будааст. Аз соли 2014 ба ин сӯ варзишро тарк карда, раҳбари шӯрои ҷамъиятии ҳолдинги “«Национальная Медиа Группа» аст, ки расонаҳои асосии Русияро зери назар дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG