Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳе дар Бишкек дар Оташи ҷовидон картошка пухтанд


Мақомоти шаҳри Бишкеки Қирғизистон аз мардум даъват кардаанд, барои муайян намудани афроде, ки ёдгории қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро таҳқир кардаанд, мусоидат намоянд.

29 ноябри соли ҷорӣ дар интернет наворе нашр шуд, ки дар он як гурӯҳи ҷавонон дар Оташи ҷовидони майдони Ғалаба картошка мепазонанд.

Шаҳрдории Бишкек аз мақомоти пулисхостааст, ки ин ҷавононро пайдо ва боздошт кунад. Пулис ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардааст.

XS
SM
MD
LG