Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бидуни фоиз: Заъфҳо ва қувватҳои бонкдории исломӣ


Низоми бонкдории исломӣ дар низоми молии дунё нақш ва саҳми ҳарчӣ болотареро соҳиб мешавад ва зоҳиран ба бозори бонкии Тоҷикистон низ роҳ хоҳад ёфт.

Замоне, ки аввалин сохтори бонкдорӣ дар халиҷи Форс дар заминаи меъёрҳои исломӣ ба роҳ монда шуд, нахустин муштариёнаш мусалмонҳои эътиқодманде буданд, ки мехостанд фаъолияти бонкҳо ҷавобгӯи арзишҳои мазҳабӣ бошад. Яъне орӣ аз рибо- қарздиҳӣ ба ивази сӯд ва сармоягузорӣ ба тиҷоратҳои ғайриахлоқӣ, ба мисли харидуфурӯши алкоҳол ва фаҳшо ё порнография бошад.

Аммо имрӯз бонкдории исломӣ таваҷҷӯҳи густардаи ғайримусалмонҳоро низ ба худ ҷалб кардааст. Ба он хотир ки дари бонкҳои исломӣ, новобаста аз мазҳабу боварҳо, ба рӯи ҳама боз аст ва онҳо аз буҳрони умумиҷаҳонии иқтисодӣ бидуни осеб берун шудаанд. Дар ҷараёни буҳрон ҳеҷ як аз бонкҳои исломӣ барои бақои худ кумаки молии қобили мулоҳиза нагирифт ва ба фарқ аз бонкҳои маъмулӣ амнияти пулҳои муштариёни худро таъмин кард.

Муҳаммад Амин, мушовири умури молияи исломӣ мегӯяд, ин тасаввур дар бораи бонкҳои исломӣ қисман дуруст аст, на куллан. Ӯ мегӯяд, амалан бонкҳои исломӣ дар фаъолиятҳои тиҷории худ бештар аз бонкҳои маъмулӣ муҳофизакоранд. Барои намуна, онҳо ҳеҷ гоҳ қарзҳои бузурги муштариёни худро намехаранд. Ҳоло аксари бонкҳои ғарбӣ бо харидории қарзҳои муштариёнашон худро ба дарди сар ва таҳдиди муфлисшавӣ гирифтор кардаанд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00
Линки мустақим


Аз сӯи дигар, бонкҳои алоҳидаи исломӣ низ айни ҳамон кореро мекунанд,ки бонкҳои маъмулӣ анҷом медиҳанд. Онҳо низ муштариёни худро ба хатар рӯ ба рӯ мекунанд ва ҳарчанд аз рибо даст кашидаанд, вале фоидаи пасандозро бо исми дигар ба муштариён медиҳанд. “Масалан, шумо пули худро дар бонки исломӣ гузоштед. Онҳо пули шуморо бо маблағҳои дигар якҷо мекунанд ва барои чархиши бизнеси худ - қарз додан ба муштариёни дигар истифода мебаранд. Дар охир, дар ҷамъбасти сол имкон дорад, ки ба шумо каме бештар ва ё камтар аз 5% фоида диҳанд, бастагӣ ба он дорад, ки сол барои бонк соли баде набошад,”- мегӯяд Муҳаммад Амин.

Ӯ афзуд, дар солҳои бебарор бонкҳои исломӣ ба муштариҳо сӯд намедиҳанд. Дар ҳоле, ки бонкҳои маъмулӣ муваззафанд ваъдаи фоизи иловагиро дар баробари муштариён иҷро кунанд.


Рамзи Бонки исломии рушд, марказаш дар Ҷидда
Рамзи Бонки исломии рушд, марказаш дар Ҷидда
Бонкҳои исломӣ низ чун бонкҳои маъмулӣ аз додани қарз ба муштарӣ сӯд мебардоранд. Аммо на бо роҳи рибо, балки аз тариқи тиҷорат. “Бонки Исломӣ мегӯяд, ба мо бигӯ, ки кадом навъи мошинро мехоҳӣ, бигӯ, ки ин мошин дар кадом намоишгоҳ аст, мо ин мошинро мехарем ва ба шумо мефурӯшем. Ба ин тартиб бонки исломӣ мошини мушаххасро бо нархи 1000 доллар харида, бо қимати 1 150 доллар ва бо пардохти қарз дар 36 моҳ ба муштарӣ мефурӯшад,” – мегӯяд Муҳаммад Амин.

Ин далел, ки бонкҳои исломӣ бисёре аз амалиёти сӯдовари бонкҳои маъмулиро такрор мекунанд, боиси танқид шудааст. Баъзе донишмандони ислом ин фаъолиятҳоро “дурӯягӣ” унвон кардаанд.

Бонкҳои исломӣ дар низоми бонкдории ҷаҳон як ҷузъи кӯчаканд. Миқдори пуле, ки дар бонкҳои исломӣ нигаҳдорӣ мешавад, кам ё бештар аз 1 трилион доллар аст, ки танҳо як фоизи дороиҳои молии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Аммо дар бисёр давлатҳо рушди босуръати онҳо мушоҳида шудааст. Дар ҳафт -ҳашт соли гузашта панҷ бонки комилан исломӣ муҷаввизи фаъолият гирифтанд, муассисоти молии исломӣ дар Амрико низ фаъолият мекунанд ва қарор аст, чунин муассисаҳо дар Аврупои ғарбӣ низ фаъол шаванд. Ин бар иловаи теъдоди чашмраси бонкҳои исломиест, ки алакай дар кишварҳои мусалмонии Ховари Миёна ва Осиёи ҷанубӣ вуҷуд доранд.

Дар пайи нишасти ахири Шӯрои мудирони Бонки рушди исломӣ, ки дар ҳафтаи равон дар Душанбе доир шуд, мақомоти давлатии Тоҷикистон низ ваъда супурданд, ки бо ворид кардани тағйирот ба қонуни бонкдории кишвар роҳро барои таъсиси низоми бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон боз хоҳанд кард. Ба гуфтаи мақомот, беш аз 90 дарсади мардуми Тоҷикистон мусалмон буда, як бахши аъзами онҳо ба далели эътиқодоти мазҳабии худ аз ҳамкорӣ бо бонкҳои маҳаллӣ, ки ҳамагӣ бо фоиз кор мекунанд, парҳез мекунанд. Шариф Раҳимзода, вазири иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, Тоҷикистон низ ягон рӯз мулзам аст, ба фаъолияти бонкҳои исломӣ иҷозат диҳад ва ин кор ҳар қадар зудтар анҷом шавад, ба нафъи иқтисоди кишвар аст.
XS
SM
MD
LG