Пайвандҳои дастрасӣ

Алӣ ва Савсан дар Маркази эҳёи бо номи “Модар” шинос шуданд, ки махсус барои гирифторони нашъамандӣ ва ҷавонони бехонаву дар бунёд шудааст.

Имсол онҳо аз одати бади нашъамандӣ даст кашиданд ва якҷо зиндагии навре ғоз карданд.

Ҷашни арӯсии онҳо дар Кобул баргузор шуд. Аммо ин ду хурсандие бештар аз як ҷашни арӯсӣ доштанд. Ин домоду арӯс билохира аз нашъамандӣ раҳо шуданд ва бо кӯмаки Маркази эҳёи “Модар” ба зиндагии маъмулӣ баргаштанд.

Алӣ
мегӯяд, ки ӯ 11 сол гирифтори нашъамандӣ буд ва соле пештар бо ризоияти парвардигор ва кӯмаки Лайло Ҳайдарӣ, бунёдгузори маркази эҳё аз ин дарди сангин халос шуд.

Лайло Ҳайдарӣ
, раҳбари маркази эҳёи “Модар”, воқеъан ҳам барои бисёриҳо ҳаққи модарӣ дорад. Зеро бисёриҳоро аз роҳи хатарноки нашъамандӣ дур кардааст. Хонуми Ҳайдари ҳамчунин тарабхонаи ройгоне сохтааст, ки дар он нашъамандони собиқ ҷойи кор меёбанд, то қомат рост кунанд. Лайло Ҳайдарӣ на танҳо Аливу Савсанро аз “марги сафед” наҷот дод, балки ба татбиқи орзуи дерини ин ду нафар саҳм гирифт.

Лайло Ҳайдарӣ мегӯяд, ҳарду – Алӣ ва Савсан дар ҳоле аз истифодаи маводи мухаддир даст кашиданд, ки ба макони барои нрашъамандон амн будани Маркази Эҳё эътимод карданд. “Онҳо дар ин ҷо ба ҳам “фотиҳа” шуданд ва мо барномаи маросими арӯсии ҳардуро кашидем”, – мегӯяд хонум Ҳайдарӣ. “Издивоҷ тасмими ҳарду буд, мо танҳо дидем, ки онҳо якдигарро дӯст медоранд, кумакашон кардем, ки бо ҳам бошанд”, – меафзояд Хонум Ҳайдарӣ.

Савсан дар ҳоле рӯ ба ин Марказ овард, ки дар чаҳорроҳаи зиндагӣ бе ҳамсар ва бо се фарзанд танҳо монда буд. Алӣ мегӯяд, ошноӣ бо Сузан дар зиндагӣ барояш шанси дигаре дод.
Алӣ мегӯяд, “ Вазъи ман беҳтар мешуд, Худо ба ман нафареро фиристод, ки мушкили маро мефаҳмид. Сарнавишт мехост, ки мо якҷо бошем. “

Истифода аз маводи мухаддир дар Афғонистони саршори нашъа як мушкили бузург аст, аммо марказҳое мисли Маркази хонум Лайло Ҳайдарӣ ангуштшумор. Махсусан истифодаи нашъа аз тарафи занҳо амали нанговар арзёбӣ мешавад.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG