Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни хунини гаравгонгирӣ дар Алҷазоир


Давлати Алҷазоир мегӯяд, нерӯҳои вижаи артиши ин кишвар рӯзи шанбе тайи амалиёте ба бӯҳрони гаравгонгирӣ дар як корхонаи коркарди газ поён доданд.

Давлати Алҷазоир мегӯяд, дар ҷараёни ин бӯҳрони чаҳоррӯза 23 гаравгон ва 32 гаравгонгир кушта шуданд. Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед пресс, ҳанӯз ҷузъиёти кушта шудани гаравгонҳо мушаххас нашудааст. Вале пештар эълон шуда буд, ки дар ҷараёни амалиёти рӯзи шанбе 7 гаравгон кушта шуданд.

Мусаллаҳони вобаста ба гуруҳи Ал-Қоида рӯзи чаҳоршанбе ба як корхонаи коркарди газ дар шарқи Алҷазоир ҳамла карда ва садҳо коргари алҷазоирӣ ва хориҷиро ба гаравгон гирифттанд.

Тибқи ин гузориш, давлати Алҷазоир дар вокуниш ба ин бӯҳрон роҳи ҳалли низомиро дар пеш гирифт ва ҳозир ба музокира бо силоҳбадастон нашуд. Артиши Алҷазоир ду амалиёти низомӣ дар рӯзҳои панҷшабе ва шанбе барои озодсозии гаравгонҳо анҷом дод.

Вазорати умури дохилии Алҷазоир дар баёнияе эълом кардааст, ки нерӯҳои махсуси артиши ин кишвар дар амалиётҳое ибтидо монеи он шуданд, ки гаравгонгирон гаравгонҳоро ба макони дигар интиқол кунанд ва сипас иқдомоти онҳо барои тарконидани корхонаи коркарди газро хунсо карданд.

Вазорати умури дохилии Алҷазоир гуфтааст, дар ҷараёни бӯҳрони чаҳоррӯза дар корхонаи коркарди газ, 680 алҷазоирӣ ва 107 коргари хориҷӣ озод шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти алҷазоирӣ, дар ҳамла ба корхонаи коркарди газ 32 тан аз мусаллаҳони вобаста ба Ал-Қоида ширкат доштаанд, ки шаҳрвандони кишварҳои мухталиф будаанд.

Бо вуҷуди поен ёфтани гаравгонгирӣ, Давид Камерун, нахуствазири Бритониё нисбат ба сарнавишати панҷ шаҳрванди ин кишвар иброзӣ нигаронӣ кардааст. Пештар мақомоти Алҷазоир кушта шудани як амрикоӣ ва як бритониёиро таъйид карда буданд. Як ширкати норвегӣ низ эълом кардааст, ки аз сарнавишти панҷ коргари ин ширкат ки шаҳрвандони Норвегия ҳастанд, хабаре надорад. Дар ҳамин ҳол ба гузориши Ройтерз, аз сарнавишти шуморе аз шаҳрвандони амрикоӣ ва ҷопонӣ, ки дар ин ширкат кор мекарданд, маълумоте дар даст нест.

Ба гузориши Ройтерз, гаравгонгирон пештар эълом карда буданд, ки ҳамлаи онҳо ба ин корхонаи коркарди газ, дар вокуниш ба ҳамлаи низомии Фаронса ба кишвари Малӣ сурат гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки мақомҳои ғарбӣ мегӯянд, ки ин ҳамла аз қабл тарҳрезӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG