Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Девори ғайриоддии наққоши тоҷикистонӣ Алексей Румянтсев, ахиран дар хонаи музоядаи маъруфи "Сотбиз" дар Лондон, ба фурӯш гузошта шудааст.

Ин девор иборат аз хишт, аммо хиштҳо болои ҳам на бо гилхоку семент, балки бо пораҳои матои атлас ба ҳам чида шудаанд. Ва ин девор нахустин наққошии муосири тоҷик аст, ки дар инчунин музоядаҳои бузурги байналмилалӣ харидор меҷӯяд.

Алексей Румянтсев, муаллифи 38-солаи ин инстолятсия ва ё эҷоди тахайюл мегӯяд, Сотби намоиш ва фурӯши дастранҷи рассомони минтақаи Осиёи Миёна ва Қафқозро таҳти унвони «Дар чорроҳа» таъсис додааст, ки аз 4 марти соли ҷорӣ шуруъ шуд ва то 12 марти идома кард:

"Инстолятсияи "Девор" ба хотири муҳоҷирини тоҷик эҷод шудаааст ва рамзи заҳмату рӯзгори муҳоҷирони меҳнатӣ аст, ки шояд сари чидани ҳар хишт дар ёди ватан ҳастанд, аз тариқи телефон бо наздикон сӯҳбат мекунанд, хабари хуше ва ё баде мешунаванду он ҳамаро зери хишти биное дар ғурбат мегузоранд. Яъне садҳо манзилу биноҳо дар хориҷи Тоҷикистон бо заҳмату хаёлҳои хубу мағшуши муҳоҷирин бунёд мешавад".

Нусхаи видеоии инстолятсияи “Девор”-и Румянтсев дар гузашта дар намоишгоҳҳое дар Маскав, Бухоро ва соли гузашта дар Париж ба намоиш гузошта шуда буд. Пешниҳоди дар музоядаи Сотби гузоштани инстолятсияи “Девор”-ро соли гузашта дар Бишкек, намояндаи он музоядафурӯшӣ ироа карда буд.

Алексей Румянтсев, ки ҳамзамон раҳбари студияи видео ва аниматсия дар Душанбе аст, гуфт дар сурати ба фурӯш рафтани кори эҷодии “Девор”, сармояи онро барои таҳияи нахустин филми комили аниматсионии тоҷикӣ харҷ кунад. Ин филми аниматсионӣ дар ҳоли тавлид аст, ки бо манзури суннатҳои таърихӣ ва фарҳанги тоҷикӣ таҳия мешавад.




Ҷаноби Румянтсев дар гузашта низ баъзе офаридаҳо бо усули муосири тасвири доштааст, ки дар озмунҳои байналмилалӣ ширкат кардааст: "Ба ман дар соли 2007 муяссар шуд, ки барои бори нахуст аз Тоҷикистон дар фестивали Венетсия, бузургтарин намоишгоҳи ҷаҳон ширкат кунам. Дар ин фестивал ман видеоарти худ бо номи “Қараболо”-ро пешниҳод карда будам, ки исми дигари он “Чархи гардун” аст. Ин як эҷоди тахайюли фалсафӣ аст, ки дар мавриди фалсафаи зиндагии мардуми тоҷик қисса мекунад."

Румянтсев ҳамроҳ бо гурӯҳи худ ва бо истифода аз фанновариҳои ҷадид дар санъати муосир дар барномаҳои мухталифи ҷамъиятӣ ширкат мекунанд:
"Мо филмҳои хурди иҷтимоӣ омода мекунем, ки, масалан, дар мавриди эҷоди вазъи экологии мусоиди пойтахти Тоҷикистон сӯҳбат мекунад. Ҳамчунин филмҳо дар мавзӯи ҳифзи ҳуқуқи зан ва атфол чунин филмҳо омода кардаем".

Румянтсев бар ин аст, ки феълан дар Тоҷикистон нақди санъати наққошии муосир рушд накардааст ва дар мавриди сатҳи ин санъат дар кишвар чизе гуфтан мушкил аст. Аммо ба қавли ӯ, танҳо гурӯҳи хурде аз наққошон ҳастанд, ки бо истифода аз фанновариҳои муосир талоши муаррифии санъати наққошии муосири тоҷик дар хориҷ аз кишварро доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG