Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон мегӯяд, Амрико курдҳоро мусаллаҳ мекунад


Раҷаб Тайиб Эрдӯғон зимни суханронӣ дар рӯзи 20-уми сентябри соли 2016.
Раҷаб Тайиб Эрдӯғон зимни суханронӣ дар рӯзи 20-уми сентябри соли 2016.

Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, раиси ҷумҳури Туркия, Иёлоти Муттаҳидаро ба фиристодани силоҳҳои бештар ба размандагони курд дар Сурия муттаҳам кард. Туркия исрор мекунад, ки созмони размандагони курд, созмони террористӣ аст. Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, рӯзи 22-уми сентябр гуфт, ки се рӯз пеш Амрико “ду ҳавопаймои пур аз силоҳро”, ба Воҳиди ҳифозат аз мардум ва шохаи он Ҳизби иттиҳоди демократӣ ба шаҳри Кубонии Сурия фиристодааст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, размандагони курд дар Сурияро ба унвони муҳимтарин нерӯи пиёда ба зидди ҷангҷӯёни гурӯҳҳои ифротгаро медонад. Туркия ин размандагонро аз шарикони Ҳизби коргарии Курдистон мешуморад, ки ин ҳизб даҳсолаҳо боз ба зидди ҳукумати Туркия меҷангад. Ба гуфтаи Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, вай масъалаи ирсоли силоҳ ба размандагонро бо Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико дар миён гузошт, аммо ӯ гуфтааст, ки дар ин бора ҳеҷ иттилое надорад.

XS
SM
MD
LG