Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вакилони дифои Александр Содиқов мегӯянд, ки парвандаи зерҳимояашон махфӣ буда ва ҳанӯз барои ошноӣ ба онҳо дода нашудааст.

Абдуқаюм Юсуфов, вакили мудофеи Александр Содиқов рӯзи ҷумъаи 4-уми июл ба радиои "Озодӣ" гуфт, соати 14:00 рӯзи панҷшанбе бо зерҳимояаш дар СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мулоқот кардааст.

Ӯ афзуд, ки Содиқов ба бегуноҳии худ дар баробари айбномаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ эътимод дорад: «Рӯҳияи Александр ором аст ва аз сӯҳбаташ маълум аст айбе, ки алайҳи вай эълон кардаанд, бепоя аст.»

Ҷаноби Қаюмов дар идома гуфт, ҳарфҳое, ки вакили давлатиаш Зафар Расулов пас аз мулоқот бо ӯ ба матбуот гуфта буд, дурустанд ва шароити нигаҳдории Содиқов бад нест ва ҳеҷ гуна фишор дар боздоштгоҳ ё дар вақти пурсишу тафтишот ҳис накардааст. Ба қавли ҷаноби Юсуфов, парвандаи Александр Содиқов аз тарафи Кумитаи амнияти миллӣ махфӣ эълон шуда, ҷузъиёти он ба матбуот гуфта намешавад.

Вале тавре вакили мудофеъ мегӯяд, сарфи назар аз махфӣ будани парванда, дар ҷараёни тафтиш ва ҳангоми пурсиш адвокатҳо, ба хусус вакили мудофеи давлатӣ Зафар Расулов, ширкат кардааст ва дар оянда низ ширкат хоҳанд кард. Вай гуфт, рӯзе, ки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ алайҳи Содиқов айб эълон карда буд, Зафар Расулов ҳузур дошт ва дар вақти пурсиши нахустин ва баъд низ вай ширкат дошт.

55 ҳазор донишманд дар пуштибонӣ аз Содиқов

Шумораи донишмандони донишгоҳҳо ва марказҳои илмии ҷаҳонӣ, ки дар баробари сарнавишти Александр Содиқов изҳори нигаронӣ кардаанд, афзуда ба 55 ҳазор 245 нафар расидааст.

Анҷуманҳои амрикоии антропологҳо, ҷуғрофияшоносо, сиёсатшиносон ва чанде аз анҷуманҳои илмии Бритониё бо пахши як баёнияи матбуотӣ рӯзи 3 июн ба сафи донишмандону олимоне, ки озодии Александр Содиқовро талаб доранд, пайвастаанд.

Дар ин баёния гуфта мешавад, ки беш аз 55 ҳазор аъзои созмонҳо ва марказҳои илмии дар нисбати боздошти Александр Содиқов нигаронӣ доранд

Александр Содиқов, унвонҷӯи донишгоҳи Торонтои Канада, ки дар ҳамкорӣ бо пажӯҳишгарони бритониёӣ ба хотири таҳқиқи рӯйдодҳои соли 2012-и Хоруғ ба Тоҷикистон омада буд, рӯзи 16 июн дар маркази шаҳри Хоруғ ҳангоми мулоқот бо Алим Шерзамонов – раҳбари созмони вилоятии ҳизби мухолифи сотсиал-демократ ва яке аз намояндагони эътирозгарон – боздошт шуд. Мақомот баъдан бидуни эълони номи ягон кишвари мушаххас эълон карданд, ки Содиқов ба ҷосусӣ айбдор мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон Содиқовро тибқи банди 305-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба “хиёнат ба ватан” ва “фош кардани асрори давлатӣ” муттаҳам мекунанд. Барои ин ҷиноят дар Тоҷикистон аз 10 то 20 соли зиндон ҷазо таъйин шудааст. Александр Содиқов мегӯяд, ки ба хотири таҳқиқи заминаҳои ноамнӣ ва роҳҳои ҳалли низоъ дар Бадахшон ба шаҳри Хоруғ сафар карда буд.

Боздошти Содиқов ба мавҷи давомдори интиқодҳо дар берун аз Тоҷикистон рӯбарӯ шудааст. САҲА, ИА ва Ҳюман Райтс Вотч ба ҳимоят аз ӯ садо баланд карда, Афви байналмилалӣ Александр Содиқовро маҳбуси сисёӣ номид. Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” итттиҳомоти зидди ин пажӯҳишгарро “сафсаттаомез” хонда, аз ҳукумати Тоҷикистон раҳоии ӯро талаб кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG