Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истиқболи намояндаи САҲА аз раҳоии А.Содиқов


Александр Содиқов бар тибқи банди 305-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба “хиёнат ба ватан” ва “фош кардани асрори давлатӣ” муттаҳам мешавад.

Александр Содиқов бар тибқи банди 305-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба “хиёнат ба ватан” ва “фош кардани асрори давлатӣ” муттаҳам мешавад.

Намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот бо истиқбол аз раҳоии Александр Содиқов изҳори умед кард, ки иттиҳомоти ҷиноии эълоншуда алайҳи ин блогнавис ва шореҳи масоили сисёсии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ низ лағв хоҳанд шуд.

Намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот Дуня Миятович рӯзи 23 июл дар як изҳорот аз раҳоии Александр Содиқов аз боздоштгоҳ дар Душанбе истиқбол кард. Хонум Миятович афзуд, умедвор аст, ки иттиҳомоти ҷиноии эълоншуда алайҳи ин блогнавис ва шореҳи масоили сисёсии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ низ лағв хоҳанд шуд.

Миятович гуфт: "Ман аз инки ба Содиқов иҷоза доданд, то пеши хонаводааш баргардад, истиқбол мекунам. Вале дар айни ҳол, ман нигаронам, ки иттиҳомоти ҷиноӣ алайҳи ӯ побарҷост. Ман умедворам, ки инҳоро ҳам аз байн хоҳанд бардошт."

Дуня Миятович

Дуня Миятович

Намояндаи САҲА гуфт, дафтари ӯ қазияи Содиқовро ҳамчунон пайгирӣ хоҳад кард. Ӯ такроран гуфт, ки дафтараш омода аст ба мақомоти Тоҷикистон дар роҳи пешрафт дар масъалаи озодии матбуот ва озодии баён кумак кунад.

САҲА ва дафтари Миятович қаблан аз боздошти Александр Содиқов бо гумони ҷосусӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буд.

Сафорати Бритониё: "Мо мехоҳем Содиқов бе иттиҳом озод шавад"

Намояндагони дипломатии Иттиҳодияи Аврупо ва Бритониё низ аз раҳоии Александр Содиқов истиқбол карданд. Содиқов хостааст, ки расонаҳо феълан барои мусоҳиба ба ӯ муроҷиат накунанд. Эдуард Ауэр, раҳбари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар вокуниш ба хабари раҳоии Александр Содиқов гуфт, " бидуни шубҳа, мо аз ин хабар истиқбол мекунем. Бо ин вуҷуд, мо мефаҳмем, ки тафтиш идома дорад ва иттиҳомоти алайҳи ӯ ҳанӯз пурра лағв нашудааст. Мо ҳамкориро бо ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба ин парванда идома медиҳем."

Кордори сафорати Бритониё дар Душанбе Ричард Вуд рӯзи 23 июл дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо мехостанд, то Александр Содиқов бидуни эълони айбнома раҳо шавад. Ричард Вуд гуфт, "мо дунболи рӯшан кардани паҳлуҳои қонунии қазия ҳастем, вале яқинан ин парванда расман то нимаи дувуми моҳи август баста нахоҳад шуд."

Ричард Вуд дар ҳоли ҳозир ба ҷои Робин Орд-Смит, ки ба далели таваллуди фарзандаш дар рухсатӣ будааст, умури сафорати Бритониё дар Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад. Зимнан Орд-Смит ба фарзандаш номи тоҷикии Манучеҳрро додааст. Манучеҳр рӯзи 15 июл дар Порис ба дунё омадааст.

Мусоҳибаи Содиқов

Дар ҳамин ҳол, Александр Содиқов дар мусоҳиба бо хабаргузории "Азия Плюс" гуфтааст, аз шоми 22 июл дар манзилаш дар озодӣ қарор дорад, вале тафтиши парвандааш ҳанӯз идома хоҳад ёфт. Содиқов гуфта, ки худро хуб ҳис мекунад ва шикояте аз муносибати мақомот тайи 36 рӯзи боздошташ надорад: "Дар СИЗО хӯроки хуб медоданд, муносибат хуб буд, вазъи саломатиамро тафтиш мекарданд ва чизҳое ки хешу табор мефиристоданд, ба ман мерасонданд."

Александр Содиқов гуфтааст, таҳқиқоте ки ӯ дар Хоруғ мебурд, рабте ба рисолаи илмиаш надошт. Ӯ ҳамчунин гуфтааст: "Тавассути рӯзномаи шумо хоҳиш дорам, то намояндагони расонаҳои дигар дар ҳоли ҳозир бо суолҳояшон ба ман муроҷиат накунанд. Дар ҳоли ҳозир ман мехоҳам бо аҳли хонаводаам бошам ва мехоҳам, ки сарусадои бавуҷудомада дар атрофи ин қазия фурӯ бинишинад."

Истиқболҳо аз озодии Александр Содиқов

Хабари шартан озод шудани Александр Содиқовро, ки дар шабу рӯзи боздошти Шӯҳрат Қудратов, адвокати инак дувуми Зайд Саидов сурат гирифт, барои аксарият ғайримунтазира буд, вале ин хабар ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибназарону ҳомиёни ҳуқуқро дар Тоҷикистон хушҳол кард. Файзинисо Ваҳидова, ки аз 21 –уми июл бо даъвати ҳамсари Александр Содиқов дар қатори 3 ҳуқуқшиноси дигар вакили дифои ӯ шудааст, мегӯяд, баъди бештар аз як моҳ мақомоти тафтишотӣ дарк кардаанд, ки зарурате барои дар ҳабси пешакӣ нигоҳ доштани Содиқов дар миён нест. Аммо вай афзуд, зерҳимояаш пурра аз ҷавобгарӣ озод нашудааст: «Албатта, нисбати вай парванда қатъ нашудааст ва бо забонхат ҷавоб дода шудааст. Яъне мақомоти амниятӣ баъди санҷидани ин қазия ба хулосае омадааст, ки бигзор дар озодӣ монад ва бовар доранд, ки дар рафти тафтишот низ хавфи фирор карданаш аз кишвар ва ё расонидани халал ба тафтишо вуҷуд надорад.»

Аммо Дилрабо Самадова, раҳбари гурӯҳи ҳуқуқшиносони «Ампаро», ки ин қазияро аз тариқи расонаҳо пайгирӣ мекард, мегӯяд, бовар дорад, ки дигар мақомот иштибоҳи худро такрор намекунанд ва ин пажӯҳишгарро пурра озод мекунанд: «Ин хел бошад агар, ҳама нафароне, ки дар Тоҷикистон таҳқиқ мегузаронанд, аз ҷумла ман ҳам, дастгир шудаву бо ин ҷиноят айбдор шуда метавонистем. Ман дар ҳаракатҳои ин нафар ягон ҷиноят намебинам.»

Озодии Александр Содиқов дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба гунаҳои мухталиф шарҳ дода мешавад. Бархе бар инанд, ки бо чунин тасмим мақомоти Тоҷикистон ба хатои худ «тан доданд» ва бархеи дигар дар раҳоии Содиқов саҳми Бритониёро ҳалкунанда меноманд. Соҳибназарону намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон низ аз раҳоии Александр Содиқов истиқбол карданд. Аммо Исмоил Талбаков, муовини раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон раҳоии Александр Содиқов аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллиро иқдоми башардӯстона аз ҷониби Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Ҷаноби Талбаков рӯзи 23 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, раҳоии ӯ аз боздоштгоҳ метавонад, ҳаёҳу ва сару садоҳо дар атрофи ин пажӯҳишгар дар дохил ва хориҷи кишварро коҳиш дода, боиси боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ гардад. Зеро ба таъкиди ҷаноби Талбаков, Тоҷикистон роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтааст ва таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бояд дар меҳвар қарор дошта бошад. Ба ин далел, муовини раҳбари коммунистони тоҷик мегӯяд, маҳз ҳамин ҷанба -- ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар озодии Александр Содиқов ба назар гирифта шудааст.

Шокирҷони Ҳаким, ҳуқуқдони тоҷик ва муовини раҳбари ҳизби cотсиал - демократи Тоҷикстон низ рӯзи чоршанбеи 23 июл дар вокуниш ба раҳоии Александр Содиқов гуфт, ки "ин амали неку хуб аст. Фикр мекунам, мақомот рафтору кирдори Александрро ба назар гирфта ва ҳамчунин вай, ки пажӯҳишгар асту ба илм машғул мебошад ва фаъолияташ ба тартиботи ҷамъиятӣ халадор нест, аз ин нуқтаи назар шояд ӯро раҳо карданд ва албатта ба шарти тарк накардани манзили зист."

Ҳамчунин ба таъкиди чаноби Ҳаким, "тағйири чораи пешгирӣ ба хотири он аст, ки Александр Содиқов, ҳамчун пажӯҳишгар рафти тафтишотро халалдор карда наметавонад ё ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дахлдор таъсири манфӣ расонида наметавонад".

Аммо ба гуфтаи Шокирҷони Ҳаким, муддати дар боздоштгоҳ будани Александр Содиқов, ҷомеаи байналмилалӣ ва муассисаҳои илмии ҷаҳон ба ҳимояти ӯ бархостанд ва албатта ин иқдоми ҷомеаи байналмилалӣ барои раҳоии вай аз боздоштгоҳи КДАМ таъсир расонидааст.

Ҳамсари Александр Содиқов раҳоии ӯ аз боздоштгоҳро тасдиқ кард

Содиқов бо ҳамсар ва фарзандаш

Содиқов бо ҳамсар ва фарзандаш

Наздикони Алаксандр Содиқов, пажӯҳгари ҷавон, ки дар шаҳри Хоруғ ба иттиҳоми ҷосусӣ боздошт шуда буд, раҳоии ӯро тасдиқ карданд. Мушарраф Содиқова, субҳи рӯзи чоршанбеи 23 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ раҳоии шавҳараш Александр Содиқов аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро тасдиқ кард. Хонум Содиқова гуфт, "бале ҳоло вай дар хона аст ва Худоро шукр вазъаш низ хуб аст."

Хонум Содиқова дар посух ба дархост барои сӯҳбат бо худи Александр гуфт, ки "чун тоза раҳо шудааст, мехоҳад каме дам гирад ва омода шавад. Барои ҳамин ин имкон барои баъд мумкин хоҳад буд. Аммо ҳоло не."

Александр Содиқовро озод кардаанд, вале бо як шарт

Пажӯҳишгари ҷавон як моҳ пеш бо иттиҳоми сангини ҷосусӣ ва хиёнат ба ватан дар шаҳри Хоруғ дастгир шуд. Бино ба гузориши Би Би Си, мақомоти интизомии Тоҷикистон Александр Содиқов, пажӯҳишгари ҷавонро, ки бо иттиҳоми ҷосусӣ дар Хоруғ дастгир шуд, ба шарти тарк накардани маҳалли зисташ, озод кардаанд. Александр Содиқов ба хабарнигори Би Би Си гуфтааст, ки дар хона бо аҳли оилааш аст ва хушҳол аст, ки ӯро раҳо карданд. Аз ин пештар Саида Ворсӣ, вазири аршади давлатии Бритониёи Кабир гуфт, Александр Содиқов аз боздошт озод карда мешавад. Саида Ворсӣ шоми 22-уми июл дар саҳифаи худ дар Твиттер навишт, ки “Ҳамин ҳоло бо Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон сӯҳбат доштам ва аз он хушҳолам, ки шунидам, Александр Содиқов озод мешавад.” Ин хабари Саида Ворсиро чандин нафари дигар аз ҷумла Робин Орд Смит, сафири Бритониё дар Душанбе дар саҳифаҳои худ дар Твиттер нашр кардаанд.

Александр Содиқов, пажӯҳишгари Донишгоҳи Торонто рӯзи 16-уми июн дар шаҳри Хоруғ дастгир шуд ва ду рӯз баъд Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ки Александр Содиқов бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи кишвари хориҷӣ дастгир шудааст ва ӯ бар тибқи банди 305-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба “хиёнат ба ватан” ва “фош кардани асрори давлатӣ” муттаҳам мешавад. Барои ин ҷиноят дар Тоҷикистон аз 10 то 20 соли зиндон ҷазо таъйин шудааст. Унвонҷӯи 31-солаи Донишгоҳи Торонтои Канада ва муҳақиқи зодаи шаҳри Панҷакентро баъди нооромиҳои моҳи май дар Хоруғ рӯзи 16-уми июн ҳангоми мулоқоташ бо Алим Шерзамонов, раиси дафтари Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ дастгир карданд. Рӯзи 21-уми май дар нооромиҳои шаҳри Хоруғ чанд нафар кушта шуданд ва тазоҳургарони хашмгин чанд бинои ҳукуматӣ аз ҷумла додситониро оташ заданд.

Александр Содиқов баъдан дар наворе, ки телевизиони Бадахшон намоиш дод, гуфт, ки фақат ба хотири таҳқиқи заминаҳои ноамнӣ ба Хоруғ рафтааст ва мулоқот бо Шерзамонов ҳам барои таҳқиқ лозим буд. Барои Боздошти Александр Содиқов ҳомиёни ҳуқуқ ва анҷуманҳои илмии зиёде давлати Тоҷикистонро танқид карданд. Донишгоҳи Торонтои Канада ва Донишгоҳи Экстерери Бритониё, ки Александр Содиқов бо он ҳамкорӣ доштааст, боздошти пажӯҳишгарро маҳкум карда ва аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки ӯро озод кунад. Пажӯҳишгарони зиёди дигар низ бо айни дархост ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат карданд.

Созмони Афви Байналмилал низ пажӯҳишгари ҷавони тоҷикистониро маҳбуси сиёсӣ хонд. Масъалаи боздошти Александр Содиқов аз ҷумла дар гуфтугуҳои Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо мақомоти Бритониё зимни сафараш дар охири моҳи июн баррасӣ шуд.

Худи Саида Ворсӣ ҳам рӯзи якуми июл ба Душанбе омад ва бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфтугу дошт ва бино ба гузоришҳо дар ин мулоқот сарнавишти Александр Содиқовро ҳам баррасӣ кардаанд. Давлати Тоҷикистон, ки баъди хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ҳифзи суботу амниятро аз ҳама кори дигар авлотар медонад, баъди муноқишаи хунини соли 2012 дар Хоруғ, ки бештар аз 70 кушта бар ҷой гузошт, ба ҳаргуна амалкарду ҳаракат дар Бадахшон бо шубҳа менигарад ва такрори тирандозиву ва хунрезиву харобкорӣ дар Хоруғ дар моҳи майи имсол мақомотро ба таҳлука андохт, ки вазъ дар ин вилоят бадтар шавад.

Аммо дар робита ба қазияи Александр Содиқов, мақомоти расмии Тоҷикистон зиёд сӯҳбат намекунанд ва ҳарчанд нагуфтаанд, ки Александр Содиқов барои кӣ ба қавли онҳо ҷосусӣ мекард, аммо ангушти ишораташон ба сӯи Бритониё аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG