Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз билетфурӯшиҳо


Ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои пешгирӣ аз харҷи беҳудаи мусофироне, ки барои кор ба Русия мераванд, аз нуқтаҳои фурӯши билетҳо хоҳиш кардаанд, ки қабл аз додани чипта, ному насаби мусофирро дар маълумотномаи Хадамоти муҳоҷирати Русия тафтиш намоянд.

Як намояндаи ширкати ҳавопаймоии "ИСТЕЙР" рӯзи 21-уми феврал ба радиои «Озодӣ» бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки ин муроҷиат ҳам ба нуқтаҳои фурӯши ҳавопаймо ва ҳам ба худи мусофироне, ки барои кор ба Русия мераванд, дахл дорад.

Ин манбаъ афзуд, иқдоми ширкатҳои ҳавопаймоие, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба хотири он гирифта шуд, то шаҳрвандоне, ки аз қаламрави Русия ихроҷ шудаанд ва ё онҳое, ки ҳаққи иҷозаи вуруд надоранд, барои ҷилавгирӣ аз харҷу сарфи беҳуда, бояд кассирҳои нуқтаҳои фуруши билет дар маълумотномаи Хадамоти муҳоҷирати Русия ному насаби мусофирро мавриди санҷиш қарор диҳанд. Ин муроҷиатнома аз тариқи адреси электронии ширкатҳо фиристода шудааст.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ин иқдоми ширкатҳои ҳавопаймоиро дуруст мешуморад ва мегӯяд, ки борҳо хадамот дар муроҷиатномаҳои худ ба шаҳрвандон огоҳ кардааст, ки қабл аз сафар ба Русия дар маълумотномаҳои маълум кунанд, ки иҷозаи вуруд ба қаламрави Русия доранд ё не?

Дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ки тайи чанд соли охир даҳҳо шаҳрвандон зимни сафар ба Русия бидуни огоҳӣ аз иҷозаи сафар аз фурудгоҳҳои шаҳру вилоятҳои Русия пас гардонида шуданд, ки пули билету дигар сарфу харҷи онҳо, барҳадар рафтааст.

Ахиран мақомоти тоҷик ба онҳое, ки азми сафари Русияро доранд, маслиҳат доданд, ки ба хотири ҳифзи ҳам вақт ва ҳам пули худ қабл аз сафар номи худро дар "рӯйхатҳои сиёҳ"-и Хадамоти муҳоҷирати Русия биҷӯянд. Зеро ҳудуди 400 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро мақомоти Русия мамнӯъулвуруд кардаанд ва онҳо аз се то панҷ сол ҳаққи вуруд ба қаламрави он кишварро надоранд.

Ба гуфтаи масъулони Хадамоти муҳоҷират, ҳарчанд бархе аз шаҳрвандони кишвар пеш аз сафар ба Русия дар бораи манъ будан ё набудани худ дар шӯъбаҳои ин хадамот муроҷиат кунанд, вале боз нафарони зиёд ҳастанд, ки нофаҳмида ба он кишвар мераванд ва бозпас гардонида мешаванд.

Русия аз ду даҳа ба ин тараф мизбони садҳо ҳазор муҳоҷирони кории Тоҷикистон аст ва рӯзгори аксари хонаводаҳои тоҷик асосан бо пули онҳо мечархад. Омори ғайри расмӣ теъдоди онҳоро дар Русия беш аз якуним миллион тахмин мезананд. Муҳоҷирони корӣ солона беш аз 3 миллиард доллар ба Тоҷикистон ворид мекунанд.
XS
SM
MD
LG