Пайвандҳои дастрасӣ

Хушхабар ба муҳоҷирон: Нархи парвозҳо ба Русия арзон шудааст


Номнависӣ барои парвоз ба Маскав дар фурудгоҳи Душанбе

Номнависӣ барои парвоз ба Маскав дар фурудгоҳи Душанбе

Аксари ширкатҳои ҳавопаймоӣ нархи чиптаҳои парвоз аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба Русияро ба таври қобили мулоҳиза поин овардаанд.

Поин рафтани нархи чиптаҳои ҳавопаймо бархе аз муҳоҷирони тоҷикро, ки бино бар гаронии роҳкиро чандон майли сафар ба Русия надоштанд, дубора ба муҳоҷират ташвиқ мекунад. Бархеи онҳо мегӯянд, акнун бахши маблағеро, ки барои харидории чиптаи ҳавопаймо сарф мекарданд, барои дарёфти патент, ё иҷозаи кор дар Русия харҷ хоҳанд кард.

Тағйироти сахтгирона дар қонунҳои муҳоҷирати Русяи, супурдани маблағ барои патент, беқурб шудани рубли русӣ дар қиболи доллар ва ихроҷҳо боис шуд, ки теъдоди муҳоҷирон дар ин кишвар коҳиш ёбад.

Ду узви хонаводаи Шаҳбози Рустам, як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ пас аз он ки даромади хуб дар Русия надоштанд, тирамоҳи соли гузашта ба ватан баргаштанд ва чандон дигар майли сафар ба Русия надоштанд. Аммо Шаҳбоз мегӯяд, чун нархи чиптаҳо аз 500 то 700 сомонӣ поин шуд, бародар ва тағояш азми сафар ба Русия карданд.

Ҳафт сол боз Шаҳбоз, ки дар Кӯлоб телефони мобилӣ мефурӯшад, масъулияти харидории чипта барои наздикони муҳоҷирашро дорад. Ӯ мегӯяд, соли гузашта дар ҳамин шабу рӯз парвозҳо ба Русия то 2,5 ҳазор сомонӣ қиммат доштанд, ки наздик ба 500 доллари амрикоӣ мешуд. Ҳоло бошад, бо вуҷуди поин шудани қурби сомонӣ чиптаҳо на бештар аз 100 долари амрикоӣ қиммат доранд.

-Наздиконам гуфтанд, ки агар ба Русия равем, ним моҳи корамон пули чипта мешавад. Солҳои гузашта ду моҳ лозим буд, то пули чиптаро кор кунанд. Онҳо 20 ҳазор рубл мегиранд, хеле кам аст, аммо чун сафархарҷи кам буд, рафтанд, - гуфт ӯ.

Ширкатҳои тоҷикӣ ҳам нархро поён бурданд

Ин дар ҳолест, ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон низ аз моҳи декабр нархи чиптаҳо ба самти Русияро аз ҳазор сомонӣ поинтар кардаанд, ки дар қиёс ба даҳ соли ахир бесобиқа аст.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон-эйр» ҳоло ба самти Русия то 800 сомонӣ, наздик ба 100 доллари амрикоӣ чипта мефурӯшад ва ширкати «Тоҷик-эйр» дар фурудгоҳи Кӯлоб нархи чиптаҳои худро аз 500 то 700 сомонӣ муқаррар кардааст. ​Лола Кенҷаева, сухангӯи ширкати «Тоҷик-эйр» 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкатҳои хориҷӣ аз оғози моҳи декабр нархи чиптаҳои худро барои мусофирони тоҷик поин бурданд ва ба хотири рақобат онҳо низ тасмими поин бурдани нархи чиптаҳоро гирифтанд:

«Аслан, ин талаботи бозор аст. Ширкатҳои хориҷӣ, ба хусус русӣ, вақте нархҳояшонро поён бурданд, мо низ ба хотири рақобатпазирӣ нархро арзон кардем. Аз тарафи дигар, дар ҳамин мавсим рафтани мусофирон ба самти Русия кам мешавад, ки мо ҳам ба хотири ҷалби муштариёни бештар нархро арзон кардем. Мо намехоҳем, муштариёни худро аз даст бидиҳем. Ин албатта, ба фоидаи мо нест, вале чун ширкати давлатӣ ҳастем, мекӯшем бори иҷтимоии сафарро барои мардум сабук кунем.»

Аммо ин масъули ширкати «Тоҷик-эйр» мегӯяд, поин мондани нархи чиптаҳои шояд дер давом накунад ва ин ширкат тасмим дорад, аз нимаи ин моҳ қиммати чиптаҳоро дубора боло барад, чун наметавонад, дурудароз бар зарари худ фаъолият кунад.

«Сафар ба Русия тавакалӣ шудааст»

Тибқи иттилои расмӣ, то соли гузашта беш аз 600 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тариқи ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба Русия сафар мекарданд, аммо пас аз бӯҳрони молиявӣ ва ихроҷи муҳоҷирон шумораи онҳо хеле кам шуд. Коҳиши сафари тоҷикон ба Русияро коршиносон ба поин шудани қурби доллар ва шадид шудани қонунҳои муҳоҷирати он кишвар медонанд. Феълан муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ҳоле ки пули зиёде кор намекунанд, маҷбуранд, бо нархи то 4 ҳазор рубл фақат патент бигиранд.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи коршиноси ҷавон Фирдавси Араб, сафар ба Русия барои аксари муҳоҷирон ба як риск табдил ёфтааст ва поин шудани нархи чипта ин рискро аз лиҳози молиявӣ то ҳадде камтар мекунад.

Ӯ мегӯяд, ба он хотир ширкатҳои русӣ нархи чиптаҳояшонро барои муҳоҷирони тоҷик поин мекунанд, ки нархи сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳо поин рафтааст.

-Ҳоло ширкатҳои Русия дар бисёре аз кишварҳо таҳрим шудаанд ва бо поин шудани нархи сӯзишворӣ ин ширкатҳо чиптаҳоро поин бурдаанд, то ҷои пойи худро дар кишварҳои осиёӣ, мисли Тоҷикистон мустаҳкамтар кунанд, - гуфт ӯ.

Ҳоло нархи чиптаҳо бо дарназардошти замони парвоз ва нуқтаи ниҳоияш то ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Қаблан, нархи парвозҳо ба Русия то 800 доллари амрикоӣ қиммат дошт ва дар фасли зимистон то 500 доллар поин мешуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG