Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Алишер Қудратов: "Барои натиҷаҳои хуб дар Сочи талош хоҳам кард" (5 АКС)


Алишер Қудратов мегӯяд, имрӯзҳо дар Сочи ҳамроҳ бо дастаҳои Эрону Австрия ва Русияву Қазоқистон ба мусобиқаи рӯзи 22-юми феврал тамрин мекунад.

Дар Олимпиадаи Сочи аз Тоҷикистон танҳо як варзишгар – Алишер Қудратов - ширкат мекунад. Вай дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом, ки рӯзи 22-юми феврал барпо мегардад, вориди рақобат мешавад. Алишер Қудратов дар бораи омодагии худ ба ин мусобиқа аз шаҳри Сочи тавассути телефон ба радиои Озодӣ чунин гуфт: “Ман дар Сочи ҳамроҳи дастаҳои Эрон, Австрия, Русия ва Қазоқистон тамрин мекунам. Ба ман Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли ин кумита ва мураббиам Ибодулло Қурбонов кӯмак мекунанд. Бо либосу лавозимоти варзишӣ таъминам. Мо дар Деҳаи олимпӣ зиндагӣ мекунем. Дар ин ҷо барои мо, варзишгарон, тамоми шароити зарурӣ фароҳам аст. Ман кӯшиш мекунам, ки натиҷаи хуб нишон диҳам.”

Ба гуфтаи Алишер, вай барои бори дувум аст, ки дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ширкат мекунад. Ӯ афзуд: “Аввалин бор ман соли 2010 дар Бозиҳои 21-уми зимистонаи олимпӣ дар Ванкувери Канада ба ҳайси таҷрибаомӯз иштирок доштам. Вале дар мусобиқа ширкат накардам. Ин дафъа дар Сочи дар мусобиқа иштирок мекунам. Барои ман мояи ифтихор аст, ки дар маросими кушоиши Олимпиадаҳои Ванкувер ва Сочи парчамбардори мунтахаби Тоҷикистон будам.”


Алишер Қудратови 28-сола донишҷӯи курси чоруми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошад.

Ибодулло Қурбонов, раиси Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон, ки мураббии Алишер Қудратов мебошад, ҳамроҳи шогирдаш дар Сочи қарор дорад. Вай зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “барои аввалин бор аст, ки фарзанди тоҷик, дастпарвари мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои варзиши зимистона Алишер Қудратов дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи бо варзишгарони 60 кишвари ҷаҳон дар лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом рақобат мекунад. Ман аз он хушҳолам, тавассути шогирдам, ки соҳиби роҳхати олимпӣ шуд, аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунам. Мо ба ин мусобиқа ҳаматарафа омодагӣ мебинем. Шогирдам дар муддати 20 рӯз, ки дар Сочи машқ мекунад, бисёр чиз омухтааст ва умедворам, ки дар ин мусобиқот маҳорати хуб нишон медиҳад.”




Моҷарои "олимпӣ"-и Владимиров

Зимнан, дар ҳоле ки варзишгари тоҷик Алишер Қудратов ба мусобиқаи олимпӣ омодагӣ мебинад, дар ҳайати тими олимпии Тоҷикистон ширкат кардани Владимир Владимиров, молики шабакаи тарабхонаҳо ва вакили шӯрои шаҳрии Красноярск, дар маросими кушоиши ботантанаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи, ки баҳсҳои гарму доғро дар расонаҳои хабарӣ барангехт, то ҳанӯз хомӯш нашудааст. Ҳатто баъзе аз расонаҳои Красноярск бо такя ба сӯҳбати Владимир Владимиров навиштаанд, ки ин мақомдор бар ивази пора ба ҳайати Тоҷикистон шомил гаштааст.

Аммо худи Владимир Владимиров чунин овозаҳоро бофтаи матбуоти зард медонад. Ӯ дар як тамоси телефонӣ аз Сочи ба Радиои Озодӣ гуфт, вай ба ҳайси сарпарасти Андрей Дригин, узви мунтахаби Тоҷикистон, дар намоиши ҳайатҳои варзишии кишварҳои ширкаткунандаи бозиҳо ин кишварро намояндагӣ кардааст. Ҷаноби Владимиров афзуд, «ман соҳибкор, сиёсатмадор ва лижарони кӯҳӣ мебошам. Бо Андрей Дригин, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки роҳхати олимпиро ба даст овардааст, мо дер боз ошноем. Ман бо вай машқ мекардам, кӯмак мерасондам ва ҳам сарпарасташ будам. Зеро лижаронии кӯҳӣ варзиши серхарҷ аст. Ва вақте ӯ ин роҳхатро дарёфт кард, ҳақ дошт, ки нафареро бо худ бигирад ва ӯ маро ҳамчун дӯст, мураббӣ ва сармоягузораш даъват намуд. Ман дар аввал қабул накардам, аммо пасон розӣ шудам. Ва бо вуҷуди он ки ман шахси дар Красноярск шинохта ҳастам, барои дар ҳайати кишвари дигар ширкат кардан шарм надоштам. Ҳарчанд бисёриҳо мегуфтанд, ки ин кори ман ба карйераи сиёсиям хотима мегузорад. Аммо аз нигоҳи ман мо дар давраи шӯравӣ бо ҳам муттаҳид будем, имрӯз ҳам дӯстӣ миёни Русияву Тоҷикистон масъалаи муҳим аст. Дар бораи он ки гӯё аз ман маблағ гирифта бошанд, дурӯғи маҳз аст, бигзор инро исбот кунанд. »


Ҷаноби Владимиров мегӯяд, бо вуҷуди ин ҳама гуфтугузорҳо барои ӯ узвият дар ҳайати варзишии Тоҷикистон як ифтихор аст.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, низ мегӯяд, сару садоҳо дар мавриди фурӯхта шудани аккредитатсия барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ асос надоранд:«Дар атрофи ин мавзӯъ гапҳои зиёд пахш мешавад, аммо ҳамаи ин иштибоҳ аст, зеро аккредитатсияро фурӯхтан мумкин нест. Лижарони мо Андрей Дригин, ки роҳхати олимпиро ба даст овард, ҳуқуқ дорад, як нафарро ҳамчун ҳамроҳ ба Олимпиада биорад. Ва ӯ Владимир Владимировро ҳамчун мураббӣ, дӯст ва сарпарасташ пешниҳод кард. Владимиров ба ҳайати тими Тоҷикистон дохил шуд ва дар маросими кушоиши бозиҳо иштирок кард.»

Аммо дар матбуоти Русия ҳузури молики тарабхонаҳо аз Красноярск дар ҳайати тими олимпии Тоҷикистонро ба чолиш кашидаанд. Бархе расонаҳо ҳадс мезананд, ки ин кор зоҳиран дар ивази пул сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Раҷабалиев, аз ду лижарони тоҷик як нафар - Алишер Қудратов - ба рӯйхати ширкаткунандагони мусобиқа дохил шуд. Ӯ афзуд, «мо умед дорем, ки ӯ ба як натиҷаи хуб ноил мешавад ва бо сари баланд ба Тоҷикистон бармегардад.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG