Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вич/СПИД -- поёни "ҳавою ҳавас"-и се наврас дар Кӯлоб


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Ташхис муайян кардааст, ки се муҳассили яке аз мактабҳои шаҳри Кӯлоб ба бемории масунияти бадан ё Вич/СПИД мубтало шудаанд.

Созмони мубориза бо бемории Вич/СПИД дар Кӯлоб мегӯяд, айни замон се хонандаи синфи 11-уми яке аз мактабҳои ин шаҳр ба гумони бемории норасоии масунияти бадан сабт шудаанд. Ба иттилои масъулини ин созмон, маълум шудааст, ки мактаббачаҳо бо чанд нашъаманди бузургсол ошноӣ дошта, аз сӯзандоруи онҳо аз рӯи "ҳавову ҳавас" истифода бурдаанд.

Толибшоҳ Саидалиев, раҳбари созмони ҷамъиятии "Судманд", ки бо ин наврасон сӯҳбат кардааст, мегӯяд, онҳо мӯътод (нашъаманд) нестанд. Ба қавли ӯ, ин наврасон танҳо аз рӯи "ҳавою ҳавас" аз сӯзандоруҳои олуда истифода кардаанд. Саидалиев мегӯяд, ин наврасон оқибати амали худро дарк накардаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулин, падару модари ин ҷавонон низ аз бемории фарзандони худ огаҳ нестанд. Пас аз суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ тасмим гирифта шудааст, ки волидайни онҳо низ аз қазия огоҳ карда шаванд.

Ин барои аввалин бор аст, ки се наврас дар Кӯлоб ҳамчун "нашъманди тазриқӣ", яъне тавассути сӯзандору ба бемории Вич/СПИД гирифтор мешаванд.

Бино ба иттилои расмӣ, дар шаҳру навоҳии Кӯлоб наздики 500 гирифторони ин беморӣ сабт гардидааст. Дар маҷмӯъ, дар кишвар теъдоди мубталоёни бемории Вич/СПИД ҳудуди 5 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад ва то ҳол аз ин беморӣ дар Тоҷикистон 600 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG