Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби ғайриоддии духтари тоҷик аз хостгорҳо


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҷавондухтаре дар Кӯлоб аз хостгорҳояш талаб кардааст, домодшаванда қабл аз издивоҷ справкаи тиббӣ биёрад.

Ин духтар, ки дар як созмони ҷамъиятии Мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ ба ҳайси ихтиёрӣ (волонтёр) кор мекунад, гуфтааст, дар сурати солим будан барои зани ин муҳоҷири собиқ шудан тасмим мегирад. Ӯ бо шарти сабт накардани номаш розӣ шуд, то бо мо ҳамсӯҳбат шавад.

Пеш аз фотеҳа, гувоҳнома

Ба гуфтаи ӯ, аксари ҷавонон дар муҳоҷират алоқаҳои ҷинсии беэҳтиётона доранд ва касе солимии онҳоро кафолат дода наметавонад.

"Ҳангоми волонтёр кор карданам дар ин ташкилот ҳодисаҳои зиёдро дидам, ки ҳаёти чандин кас сӯхтааст. Ин бача ба модарам хеш мешуд. Бачаи бад набуд, вале ки медонад, ӯ дар Русия чи кор мекард. Пешниҳоди ман ба хостгорҳо дар аввал ғайриинтизор намуд, вале баъдан ба онҳо сахт расидаасту гӯё бачаашонро беодобу бадахлоқ гуфта бошам. Маро нафаҳмиданд, аммо парвое надорам ва аз хостгорҳои дигар низ чунин талаб хоҳам кард",-мегӯяд ӯ.

Талабе, ки касе интизор надошт

Наздикони ин писари хостгор ва худи ӯ ба солимиаш бовар дорад, вале дигар намехоҳад, дар бораи рӯ тофтанаш ба хотири як пешниҳод аз ин духтар сӯҳбат кунад. Аммо ин духтар мегӯяд, барои эҳтиёт бояд ҳар духтар ва ҳар писар аз ҳамдигар гувоҳнома дар бораи сиҳати суроғ кунанд, зеро «дар ин замона ба касе бовар карда намешавад».

Талаби ин духтар аз хостгорҳояш дар Кӯлоб ягона ҳаст ва то кунун касе шоҳиди чунин талаби ғайриоддӣ нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки коршиносон мегӯянд, ҷавонон дар мавриди бемориҳои сироятӣ, ба хусус ВИЧ/СПИД маълумоти нокофӣ доранд. Зулайхо Довудова, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, духтарон аслан аз хостгорҳояшон пешниҳодҳои молиявӣ талаб мекунанд.

Ӯ мегӯяд: «Бисёр духтарон аслан мепурсанд, ки бача хона дорад ё не ва агар ӯро гирад, ба Душанбе ё дигар шаҳрҳои обод мебарад. Пешниҳоди духтарон бештар ба чизу мол вобаста аст ва касе парвои саломатиро надорад. Ин духтаре касе будааст, ки боақл будааст, яъне саломатӣ бошад, ҳама чиз мешавад».

«Ин рафтор боиси пайравист»

Бисёре аз коршиносон ҷонибдоранд, ки пеш аз хонадоршавӣ ҷавонон дар бораи солимии ҳамдигар маълумот дошта бошанд. Сайҳомиди Асо, як рӯҳонии ҷавон мегӯяд, ин амал дар ташаккули оилаву ҷомеаи солим пойдевори мустаҳкам мегузорад: «Бояд дар фурудгоҳҳо ҷавонон аз ташхис гузаранд ва ё дар ҳамон марказҳои саломатӣ. Оилаи солим ҳам боиси пешрафт ва рушди ҷомеа мегардад. Ин амалро ҳам ислом ҷонибдорӣ мекунад ва ҳам ҳамаи адёни дигару қонунгузориҳои имрӯз».

«Мо ҳақи маҷбур кардан надорем»

Аммо Тоҳир Туманов, директори Идораи мубориза зидди бемории ВИЧ/ СПИД дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, супоридан хун барои ҳар нафар ихтиёрист ва қонунгузорӣ иҷоза намедиҳад, ки сокинонро барои ин кор маҷбур кард.

«Мувофиқи қонунгузорӣ касе маҷбур карда намешавад, ки омада аз ташхис гузарад. Мо фақат чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем ва хатарнок будани бемориро мефаҳмонем. Касе ки мефаҳмад, худ омада, аз ташхис мегузарад. Дигар ҷавон ҳақ доранд, ки аз якдигар гувоҳнома пурсанд, ин ҳуқуқи худи онҳост, аммо мо касеро маҷбурӣ аз ташхис гузаронида наметавонем, агар ба шарте ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ талаб накунанд».

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар минтақаи Кӯлоб наздик ба 500 гирифтори бемории ВИЧ/СПИД сабт шудааст.

Дар чунин ҳол, рафтори ин ҷавондуХтар дар мисоли худ беназир аст, ки бисёриҳо онро қобили қабул ва як амали дуруст медонанд.
XS
SM
MD
LG