Пайвандҳои дастрасӣ

Пас аз сӣ сол нахустин раҳбари эронӣ ба Қоҳира сафар кард


Маҳмуди Аҳмадинажод нахустин раиси ҷумҳури Эрон аст, ки дар сӣ соли ахир бори аввал ба Миср сафар кардааст.

Бино ба гузоришҳо, Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи сешанбе бо Шайх Аҳмад Таййиб, Шайхи Ал-Азҳар мулоқот мекунад. Маҳмуди Аҳмадинажод бо як ҳайъати расмии ҷумҳурии исломӣ, дар нишасти сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ширкат мекунанд, ки рӯзи чаҳоршанбе шурӯъ хоҳад шуд.

Баъди қиёмҳои мардумӣ дар Миср ва суқути ҳукумати Ҳуснӣ Муборак дар соли 2011, Эрону Миср барои беҳбуди равобит қадамҳое бардоштаанд. Ин ду қудрати минтақавӣ дар Ховари Миёна пас аз Инқилоби Исломии Эрон дар соли 1979 ҳамкориҳои дуҷонибаро қатъ карда буданд. Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури исломгарои Миср соли гузашта барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои Ҷунбиши мамолики ғайримутааҳид ба Теҳрон сафар карда буд.

Ҷумҳурии Исломӣ аз роҳи интихоботи озод ба мақоми раиси ҷумҳур расидани Муҳаммад Мурсӣ дар интихоботи моҳи июни гузашта дар Мисрро истиқбол кард ва онро оғози таҳаввулоти тоза дар “эҳёи исломии” Ховари Миёна хонд. Аммо айни замон Эрону Миср ду қудрати минтақавӣ, ба сари роҳҳои хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия ихтилофоти амиқи назар доранд.





Эрон ягона ҳампаймони режими Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия аст, ки аз хонаводаи алавиҳо, яке аз шохаҳои мазҳаби шиа мебошад. Ҳукумати Эрон мухолифи ҳаргуна дахолати хориҷӣ ба муноқиша дар Сурия аст, вале Муҳаммад Мурсӣ борҳо аз Башор Асад хостааст, ки аз мақомаш биравад. Гузашта аз ин ҳукумати Миср аз шӯришиёни Сурия ҳимоят мекунад, ки алайҳи ҳукумат меҷанганд.

Қарор аст, дар нишасти сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ, бӯҳрон дар Сурия аз масоили аслии баҳс бошад. Узвияти Сурияро бинобар ҷанг дар он кишвар дар ин созмон боздоштанд. Дар аҳди тӯлонии Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури пешини Миср, ин кишвар ва Эрон муносиботи баде доштанд. Баъди қиёмҳои мардумӣ дар моҳи феврали соли 2011, Ҳуснӣ Муборак аз ҳукумат рафт ва бо расидани Муҳаммад Мурсӣ ба қудрат, Эрону Миср қадамҳое барои беҳбуди равобит бардоштанд. Аммо муносиботи дипломатии комил байни ду кишвар ҳанӯз барқарор нашудааст.

Эрону Миср то соли 1979, то Инқилоби Исломии Эрон ва созиши сулҳ миёни Мисру Исроил равобити бисёр қавӣ доштанд. Дар Теҳрон хиёбонеро ба номи яке аз қотилони Анвар Содот, раиси ҷумҳури пешини Миср гузоштаанд, ки аҳдномаи сулҳ бо Исроилро имзо карда буд ва соли 1981 дар сӯиқасде кушта шуд. Ин амалро як аломате аз хусумати байни ду кишвар медонанд.
XS
SM
MD
LG