Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойафзоли суриягӣ ба фарқи Аҳмадинажод нахӯрд


Аҳмадинажод дар Миср.
Аҳмадинажод дар Миср.

Маҳмуди Аҳмадинажод аз сӯи ҳамтои мисрияш Муҳаммад Мурсӣ хуш истиқбол шуд, вале мавриди сарзаниши имоми сунниҳои Миср қарор гирифт.

Раҳбарони тақрибан 50 кишвар, аз ҷумла раисиҷумҳури Эрон, рӯзи чаҳоршанбе дар ифтитоҳи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ ширкат карданд.

Маҳмуди Аҳмадинажод нахустин раисиҷумҳури Эрон аст, ки дар сӣ соли ахир ба Миср ташриф овардааст. Се даҳсола пеш, баъд аз имзои созиши сулҳ миёни Мисру Исроил, мақомоти Эрон барои кандани риштаҳои дипломатӣ бо ин кишвари арабӣ тасмим гирифтанд.

Дар ҳоле ки Муҳаммад Мурсӣ, раҳбари феълии Миср, аз Маҳмуди Аҳмадинажод хуш истиқбол кард, дар як мулоқот бо ӯ имоми аршади сунниҳои Миср Аҳмад Ал-Тайиб аз дахолати Эрон ба умури кишварҳои суннимазҳаб ва нақзи ҳуқуқҳои сунниҳои муқими Эрон интиқод кард.

Зимнан, дар мулоқоте дар канори як масҷиди Қоҳира, як суриягӣ талош кард, ки пойафзолашро ба сари Аҳмадинажод занад, аммо кормандони полис ба ин монеъ шуданд.

Саид Содиқ, устоди донишгоҳи амрикоии Қоҳира мегӯяд, ки мақомоти Эрон аз дидору гуфтугӯҳои Маҳмуди Аҳмадинажод бо мақомоти Миср интизороти зиёд доранд: «Раҳбарони Эрон аз ин сафар чӣ мехоҳанд? Ба фикри ман, онҳо мефаҳманд, ки Ғарб «баҳори араб»-ро ба набарди режимҳои суннӣ алайҳи Эрон табдил карданист. Онҳо мехоҳанд аз пуштибонии Миср ё худдорӣ аз ҳамлаҳо ба шиаҳо муваффақ шаванд, вале ин хело душвор аст.»

Ба гуфтаи таҳлилгар, Аҳмадинажод дар роҳи ба даст овардани дили Қоҳира ба дигар мушкил ҳам мувоҷеҳ хоҳад шуд, ба мушкили муқовимат аз сӯи салафия, яке аз гурӯҳҳои сернуфуси сиёсӣ, ки баъд аз инқилоб дар Миср зуҳур кардааст. Ӯ меафзояд, ки айни ҳол дар Миср ҳуқуқҳои шиамазҳабҳо нақз мешавад, онҳо ҳаққи баргузор кардани Ошуро ва маҳфилҳои сиёсиро надоранд.

Саид Содиқ мегӯяд, ки робитаҳои миёни Мисру Эрон даҳсолаҳо боз сард боқӣ мемонанд. Миср мухолифи инқилоби исломӣ дар Эрон буд, раисиҷумҳури вақти Миср - Анвар Содот шоҳи фирории Эронро пазируфт ва ӯ дар ин кишвар макони охират пайдо кард. Баъдан Миср дар ҷанги Ироқу Эрон аз режими Саддом Ҳусейн ҷонибдорӣ намуд.

Таҳлилгар меафзояд, ҳарчанд «баҳори араб» вазъро дар кишварҳои шимоли Африқо ва Ховари Миёна каме тағйир додааст, мушкилоту омилҳои зиёде дар роҳи эҳёи робитаҳои Миср бо Эрон монеа хоҳанд шуд. Яке аз ин омилҳо – вобастагии иқтисодии Миср аз кишварҳои Халиҷ, Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида аст ва гумон аст, ки онҳо наздикшавии Коҳираву Теҳронро таҳаммул кунанд.
XS
SM
MD
LG