Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури пешини Эрон аз ҳузур дар ҷаласаи додгоҳӣ дар заминаи парвандаи 9 шикоят алайҳи ӯ худдорӣ кард.

Гузориши хабаргузориҳои дохилии Эрон сабабҳои иштирок накардани оқои Аҳмадинажод дар нишасти додгоҳиро шарҳ надрдаст, аммо додрас Сиёмаки Хуросонӣ, ки масъулияти расидагӣ ба ин парвандаро ба ӯҳда дорад, пеш аз ин дар гуфтугӯе бо хабаргузории ИСНА, ҳузури Аҳмадинажод дар ин ҷаласаро таъкид карда буд.

Ин гузоришҳо мегӯянд, ки оқои Хуросонӣ пас аз баргузории нишасти имрӯзи додгоҳ ва иштирок накардани Маҳмуди Аҳмадинажод, дастури баргузории дигарбораи ҷаласаи додгоҳиро содир кардааст. Шӯъбаи 76-и додгоҳи кайфарии вилояти Теҳрон ба парвандаи 9 шикоят алайҳи Маҳмуди Аҳмадинажод расидагӣ мекунад, ки мавзуоти мухталиферо дар бар мегирад.

Яке аз шикояткунандагони аслӣ алайҳи Аҳмадинажод, комиссияи асли 90-и парлумони Эрон аст, ки далели шикояти худро худдории раиси давлати собиқ аз ташкили саривақтии вазорати варзиш ва ҷавонон, пешниҳод накардани асосномаи ширкати миллии нафт, унвон кардааст. Бо ин ҳол чунончи сухангӯи қуваи қазоияи Эрон эълом кардааст, Маҳмуди Аҳмадинажод даъвогарони хусусӣ низ дорад, ки дар ҷаласаи имрӯзи додгоҳ ба шикоятҳои онҳо расидагӣ мешавад.

Ҳанӯз ҳеҷ гузориши расмӣ дар бораи шахсияти ин афрод мунташир нашудааст. Аммо хабаргузории "Форс" дар гузорише, ки рӯзи гузашта нашр кард, ба номҳои бархе аз онҳо ишора кард, ки дар ин миён номи "Фозил Лориҷонӣ" -- бародари раисони парлумон ва қувваи қазоияи Эрон Алии Лориҷонӣ ва Содиқи Лориҷонӣ дида мешавад.

Оқои Аҳмадинажод соли гузашта дар як ҷаласаи бозхонди вазири вақти таъовун ва кори он кишвар, бо пахши навори гуфтугӯи Фозил Лориҷонӣ бо Саъид Муртазавӣ, мудири созмони таъмини иҷтимоӣ, ӯро ба сӯистифода аз мавқеияти хонаводагии худ муттаҳам сохт.

Ин гузориш аммо шикояткунандагон алайҳи Аҳмадинажодро "шаҳрандони оддӣ" муаррифӣ мекунад, ки сабаби шикояти онҳо мавзуъҳои мухталифе аз "афзоиши маргу мир ва садамҳои нақлиётӣ" гирифта, то идеяҳои ӯ дар бораи тақсимоти кишвареро шомил мешавад. Аҳмадинажод акнун бар асоси ҳукми раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG