Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳри Душанбе ҳамоише ба муносибати 68-умин солгарди хунёгари беҳамтои Шарқ Аҳмад Зоҳир баргузор шуд.

Таронаеро, ки бо ду ҳазор забони дунё сароида шудааст, бо забони дарӣ аввалин бор Аҳмад Зоҳир иҷро кардааст. Аҳмад Зоҳир таронаи «Лапалома»-ро, ки таърихи 150 сола дорад аввалин шуда бо забони дарӣ зери унвони «Дилбаро г-ар ту ёри мо бошӣ» иҷро намудааст.

Ин матлаб зимни як ҳамоиш, ки бахшида ба 68-умин солгарди Аҳмади Зоҳир дар Душанбе доир гардид, садо дод. Дар ин ҳамоиш, ки мухлисони Аҳмад Зоҳир таронаҳои ӯро месуруданд, ҳамчунин китоби тозанашри Султони Ҳамад, муҳаққиқи тоҷик бо номи «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб» низ муаррифӣ шуд.

Султони Ҳамад, раҳбари созмони «Рӯзгор» ва яке аз дастандаркорони ин маҳфил 13-июн дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, дар китоби «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб» таронаҳои машҳуртарини ғарбӣ, ки таърихи беш аз сад сола дошта ва Аҳмад Зоҳир онҳоро бо забони дарӣ сурудааст, ҷой дода шудааст.
Ба қавли ин муҳаққиқи тоҷик, дар китоби «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб» ҳамчунин дигар таронаҳои Аҳмад Зоҳир, ки оҳангашон ғарбӣ мебошад ҷой дода шудааст.
Сафири Афғонистон Абдулғафури Орзу дар маҳфили бузургдошти Аҳмад Зоҳир суханронӣ кард.

Сафири Афғонистон Абдулғафури Орзу дар маҳфили бузургдошти Аҳмад Зоҳир суханронӣ кард.

Султони Ҳамад мегӯяд: «Мавқеи Аҳмад Зоҳир дар санъати тоҷик он қадар мустаҳкам аст, ки имрӯз тамоми сарояндаҳои тоҷик таронаҳои ӯро месароянд. Ҳатто аз устод Ҷӯрабек Муродов сар карда то ба ҷавонтарин сарояндаҳои тоҷик сурудҳои Аҳмад Зоҳирро месароянд. Ҳатто дар озмуни «Овози тилоӣ» наврасони тоҷик таронаҳои ӯро зиёд мехонанд.»

Ҷаноби Ҳамад ҳамзамон мегӯяд, солҳои охир шунавандаҳои Аҳмад Зоҳир миёни ҷавонони тоҷик хело зиёд шудааст. Зеро таронаҳои ӯ гуногунҷабҳа аст. Ҳам ориф метавонад аз ӯ чизи орифона гирад ва ҳам ошиқу ватандӯст паёме иҷтимоӣ.

Дар ин маҳфил як гурӯҳ аз ҳунармандони тоҷик низ ҳузур дошта, дар баробари мухлисони Аҳмади Зоҳир таронаҳои ӯро суруданд. Шабнами Сурайё, Садриддини Наҷмиддин, Ҷонибеки Мурод, Фарзонаи Хуршед, Муҳаммадрофеи Кароматулло ва даҳҳо нафари дигар аз эҷодиёти Аҳмад Зоҳир фаровон истифода мекунанд.
Қурбоналӣ Абдуллоев

Қурбоналӣ Абдуллоев

Қурбони Абдулло, ҳунарманди шоистаи тоҷик мегӯяд, бештар аз се даҳа аст, ки таронаҳои ин ҳунарманди афғонистонӣ дар Тоҷикистон садо медиҳад: «Аз ҳама кори мушкил дар санъат ин пайванд кардани санъати ду минтақа бо ҳам аст. Аҷибии таронаҳои Аҳмад Зоҳир низ маҳз дар ҳамин аст. Ҳар таронае, ки ӯ аз Ғарб сароидааст агар шунаванда огоҳ набошад, ки он моли Ғарб аст, гумон мекунад таронаи оригиналии худи Аҳмади Зоҳир аст. Чандин сурудҳое дорад, ки шунавандаҳо гумон намекунанд, ки оҳанги он моли Ғарб аст.»

Алии Сабурӣ, яке аз мухлисони ашадии Аҳамад Зоҳир, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ таронаҳои ӯро месарояд, мегӯяд аз соли 1978 инҷониб бо сурудҳои ӯ ошност. Ин мухлиси Аҳмад Зоҳир мегӯяд, барои иштирок дар ин маҳфил бештар аз як моҳ тамрин кардааст. Алии Сабурӣ бо шодӣ мегӯяд нашри боз як китоби дигар дар бораи эҷодиёти сарояндаи дӯстдоштааш имкон медиҳад одамон аз воқеияти зиндгаии ӯ боз бештар огоҳ шаванд. «Аҷумани дӯстии Тоҷикистон-Афғонистон», ки яке аз дигар дастандаркорони ин маҳфили фарҳангӣ буд, Алии Сабурӣ

Алии Сабурӣ

бештар аз ҷойгоҳи Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон ҳарф заданд.

Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Душанбе, афзуд: «Чун падари Аҳмад Зоҳир сарвазири Афғонистон буд, Аҳмад дар Ғарб таҳсил кардааст. Замоне ӯ дар Амрико таҳсил мекард ба таври табиӣ бо санъати Ғарб ошно шуд. Албатта бо омехтаи таронаҳои Шарқ сурудҳои Ғарбиро сароидааст.»

Аҳмад Зоҳир 34 сол қабл кушта шуд. Ӯ таҳсилоти худро дар риштаи таълиму тарбия дар Ҳиндустон такмил кардааст. Аҳмад Зоҳир мусиқии Шарқу Ғарбро бо ҳам омехта, зиёда аз 400 тарона ба мерос гузоштааст. Матни бештари сурудҳои ӯ аз ашъори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём, Бедил, Турсунзода, Лоҳутӣ, Фуруғи Фаррухзод ва даҳҳо шоири маъруфи дигар мебошад. Ӯ бо забонҳои дарӣ, пашту, англисӣ ва ҳиндӣ тарона иҷро кардааст.
Аҳмад Зоҳир чандин бор унвони «Беҳтарин овозхони соли Афғонистон»-ро соҳиб шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG