Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳмад Масъуд - писари "Шери Панҷшер"


Аҳмад Масъуд, писари "Шери Панҷшер"

Аҳмад Масъуд, писари "Шери Панҷшер"

Аҳмад Масъуд 12 сол дошт, ки падари қаҳрамонаш аз ҷониби ду террористи маргталаби “Ал-Қоида” кушта шуд. Қатли Аҳмадшоҳи Масъуд, ки ӯро барои муборизаи беамонаш бо Толибон ва артиши Шӯравӣ “Шери Панҷшер” мегуфтанд, рӯзи 9 сентябри соли 2001 иттифоқ уфтод. Вақте ӯ барои мулоқот бо журналистон дар водии Панҷшер розӣ шуд, мавриди сӯиқасд қарор гирифт. Дар маросими ҷанозаи Аҳмадшоҳи Масъуд садҳо ҳазор тарафдори фармондеҳи тоҷик иштирок карданд ва дар зеҳни бисёриҳо чеҳраи писарбачаи 12-солааш нақш баст, ки дар ҳолати ҳаяҷон бо садои гиряолуд мегуфт: “Аз роҳи падар меравам. Афғонистон бояд мустақил бошад. Мехоҳам вориси падарам бошам”.

Барои бисёриҳо баъди ин Масъуди ҷавон ҳамчун рамзи умеди ояндаи хуби Афғонистон шуд.

Имрӯз, 15 сол баъди он фоҷеа, Аҳмад Масъуд ваъдаҳои кӯдакиашро хуб ёд дорад. Ӯ мегӯяд, бисёр мехоҳад, ки кишвараш муттаҳид ва озод бошад ва раҳбари ин кишварро дар интихоботи демократӣ худи мардум интихоб кунад. Ҳоло Аҳмад Масъуд 27 сол дорад ва ӯ дар факултаи равобити байналмилалии King’ College-и Лондон таҳсил мекунад. Ҳар сол ӯ барои ширкат дар маросими гиромидошти хотири падари қаҳрамонаш ҳамроҳ хонавода ба Афғонистон рафта дар маросимҳои “Ҳафтаи шаҳид” иштирок мекунад. Маросимҳои бахшида ба хотири қурбониёни хушунатҳои сӣ соли охири Афғонистон рӯзи 9 сентябр шурӯъ мешаванд.

Аҳмад Масъуд мегӯяд, дар Афғонистони баъди Масъуд ҳадди аққал як ормони ӯ пиёда шуд – ин кишвар ба баргузории интихоботи сартосарӣ шурӯъ кард. “Дар интихоботи гузаштае, ки ба вуқӯъ пайваст, чӣ шуду нашуд, ба ин кор надорем - баргузории интихобот, ки аслитарин масоил ва факторҳои демократӣ мебошад, нишон медиҳад, ки яке дигар аз орзуҳои шаҳид ба вуқӯъ пайваст”.

Айни замон, Аҳмад Масъуд бо интиқод ба мушкилоти умдаи Афғонистон, аз ҷумла, нокомии ҳукумат дар таъмини амният дар баробари ҳамлаҳои ҷангиён, ихтилофҳои қавмӣ, хушунатҳо ва набуди имкониятҳои рушди иқтисодӣ барои ҷавонҳо назар мекунад. Ӯ гуфт, “Бидуни шак ин ноумедкунанда аст. Иттифоқҳои ахир, муҳоҷиратҳои насли ҷавон, ки шароити кишварро ба шакли вахим медонанд, дар талош ҳастанд, ки аз ин ҷо бираванд, дар ҳақиқат ноумедкунанда ва нороҳаткунанда аст”.

Ӯ гуфт, воқеият ин аст, ки ҳамин муҳоҷирони тарки кишваркарда ҳам ҳамеша ошиқи Афғонистон боқӣ мемонанд. Вай гуфт, ҳоло ҳукумат бояд ихтилофҳоро канор гузошта, аз пайи ҳалли масоили умдаи кишвар шавад: “Умедвор ҳастам, ки давлат барномаеро рӯи даст бигирад, ки кор эҷод шавад. Муҳоҷират аз он ҷиҳат аст, ки афрод дар паи зиндагии беҳтар, як ояндаи босуботтар ҳастанд. Вале масъалаи кор бармегардад ба масъалаи амният”.

Аҳмад Масъуд гуфт, ки баъди хатми таҳсил дар Лондон ба Афғонистон бармегардад. Вай гуфт, ки дилу нақшаҳои зиндагиаш ба Афғонистон нигаронида шудааст ва ӯ дар хориҷа чизе надорад. Вай гуфт, ки агар имкон шуд, барои мардуми Афғонистон хизмат мекунад. Вай инчунин гуфт, ки яке аз орзуҳояш кор ба ҳайси омӯзгор дар мактабе дар Афғонистон аст.

XS
SM
MD
LG