Пайвандҳои дастрасӣ

4500 доллари Ҷамиларо аз "Агроинвестбонк" кӣ гирифт? (ВИДЕО)


Ҷамила Комилова ҳамроҳи Маҳинбону ва Бахтиёр

Ҷамила Комилова ҳамроҳи Маҳинбону ва Бахтиёр

Як зани тоҷик, аз Муродалӣ Алимардон – раиси “Агроинвестбонк” – хостааст, ки маблағи аз суратҳисоби ӯ гумшударо барояш баргардонанд. Ин маблағ аз тариқи хайрия барои табобати фарзандонаш дар суратҳисоби ӯ ҷамъ шуда будаанд.

Ҷамила Комилова, модари 2 фарзанди маълул, ки айни ҳол бо ҳадафи табобат ва ба по рост кардани кӯдакони худ дар Ҳиндустон қарор дорад, гуфт, 4 ҳазору 500 доллар аз корташ, ки ба “Агроинвестбонк” тааллуқ дорад, ғайб задааст. Ном ва сарнавишти ин модар аз тариқи шабакаи Фейсбук дар Душанбе барои бисёриҳо ошно аст ва маблағе ҳам, ки дар суратҳисобаш буд, дар пайи талошу даъватҳои ӯ ва фаъолони Фейсбук тӯли як моҳ ҷамъоварӣ шуда буд.

Фарзандони Ҷамила Комилова, ​Маҳинбонуи 14 ва Бахтиёри 15-сола, соли 2007 дар пайи иштибоҳ ва муолиҷаи нодурусти табибон аз ҳаракат ва пойи равон мондаанд. Ҷамила Комилова, дар як тамос бо Радиои Озодӣ аз Ҳиндустон гуфт, аз гум шудани маблағи суратҳисобаш замоне огоҳ шуд, ки мехост пули табобати беморхонаро пардохт кунад. “27 июл дар клиникаи Артивис, воқеъ дар шаҳри Гургаони Ҳиндустон, бояд маблағи табобатро пардохт мекардам. Вақте кортро ба терминал ворид кардам, гуфтанд, ки корти ман баста шудааст. Худи ҳамон рӯз ба хоҳарам ин хабарро расондам ва ӯ ба бонк рафт."

Маҳинбону ва Бахтиёр солҳо боз барои ба по хестан талош доранд

Маҳинбону ва Бахтиёр солҳо боз барои ба по хестан талош доранд

“Агроинвестбонк” дар посух ба муроҷиати Ҷамила Комилова ва наздикони ӯ маълумотномае пешниҳод кардааст, ки дар он гуфта мешавад, пулҳо аз суратҳисоби ӯ тавассути коди махфиаш аз Чин гирифта шудааст. Ҷамила мегӯяд, рамзи махфии корти пластикии ӯро ба ҷуз аз худаш каси дигар намедонист ва ҳоло аз он шикоят дорад, ки бонк аз амалиётҳое, ки тариқи корти ӯ дар кишвари дигар, анҷом шудааст ӯро огоҳ накардааст.

Дар ҳамин ҳол, масъулони “Агроинвестбонк” мегӯянд, ки ин ҳодиса дар пайи беэҳтиётӣ аз сӯи мизоҷ сурат гирифтааст ва бонк айбдор нест. Моҳсафар Яҳёева, сухангӯи "Агроинвестбонк" рӯзи 4 август дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, пул аз суратҳисоби Ҷамила Комилова тавассути рамзи махфии ӯ гирифта шудааст, ки ин як амалиёти муқаррарӣ асту бонк муваззаф нест, ҳар мизоҷро аз он огоҳ кунад.

"Дар ҳолати Ҷамила муйян шуд, ки ӯ рӯзи 25 июл бори охир амалиёти бонкӣ гузаронда, баъди ду рӯз дар Хитой пулҳояш рабуда шудаанд. Дар Ҳиндустон ва кишварҳои дигар технология хеле пеш рафтааст ва ҳаккерон роҳҳои рабудани пули кортро медонанд," - гуфт ӯ. Муттахассисони бонк ҳоло ба Ҷамила тавсия медиҳанд, бо маълумоти пешниҳодкардаи онҳо барои кумак ба созмонҳое, ки бо корти навъи виза кор мебаранд, муроҷиат кунад.

Бинои асосии "Агроинвестбонк" дар Душанбе

Бинои асосии "Агроинвестбонк" дар Душанбе

Дар Тоҷикистон ин ягона ҳолати рабуда шудани пул аз корт нест. Аммо маъмулан пул аз кортҳои шаҳрвандони ин кишвар дар хориҷ дуздида мешудааст. Соли 2014 як сокини кишвар “Тоҷиксодиротбонк”-ро барои гум шудани пулҳо аз корташ ба додгоҳ кашида буд. Дар ин ҳодиса ҳам муайян шуда буд, ки 3000 долари мизоҷи ин бонк, ки дар чандин кишвари хориҷ будааст, дар Ҷумҳурии Боливия аз тариқи дастгоҳи худсохти “Скиммер” рабуда шудааст. Ин баҳсро додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ кард ва ба сабаби набудани далелҳои дақиқ аз сӯи ҷонибҳо баҳс нотамом монд.

Исмоил Талбаков, намояндаи Анҷумани бонкҳои мустақили Тоҷикистон, мегӯяд, мизоҷ маҳз ба хотири таъмини амнияти нигаҳдории пули худ онро ба бонк месупорад ва бонк ҳам ин ӯҳдадориро бар зимма мегирад. Ӯ афзуд, “дар ҳама маврид дар шартнома барои нигаҳдории маблағи мизоҷ бонк ҷавобгар аст. Ба кадом восита ғайб мезанаду дуздида мешавад, ин масъулияти бонк аст. Аммо агар ин ҳолат рух диҳад, даъворо, албатта, додгоҳ бо такя ба шартнома ҳал мекунад. Мизоҷ ҳам бояд вақте суратҳисоб мекушояд, тамоми нуктаҳои шартномаро омӯзад.”

Исмоил Талбаков

Исмоил Талбаков

Аммо аз сӯи дигар мегӯяд Талбаков, соҳибони кортҳои пластикӣ дар Тоҷикистон қоидаҳои бехатарии истифодаи кортро намедонанд ва риоя намекунанд. Ӯ ҳолатҳоеро мисол меорад, ки афроди миёнсол ва ноогоҳ зимни гирифтани пул аз корти худ аз каси дигаре кумак пурсидаву ҳатто осон рамзи махфии худро барояш мегӯянд. Дар зимн муттахассисони бонк ҳам аз беэҳтиётии мизоҷон шикоят мекунанд.

Моҳира, ки бори аввал барои гирифтани пули худ, аз тариқи корти пластикӣ ба яке аз банкоматҳои “Амонатбонк” омада буд, мегӯяд, бе ёрии касе наметавонад пулашро бигирад. “Бори аввал омадам ва ҳоло аз ягон кас кумак мепурсам, пин –кодамро мегӯям, гирифта медиҳанд.» Дар посух ба суоли мо, ки «кодро ба каси дигар додан мумкин нест ва оё аз гумшавии пулатон наметарсед?» ӯ гуфт, «не, бе корт касе наметавонад пули маро аз суратҳисобам бигирад».

Муттахассисони бонк махсусан барои онҳое, ки ба хориҷ равуо доранд, тавсия медиҳанд, ки зимни истифода аз корти худ, хеле эҳтиёткор бошанд. Корти худ ва пин-кодро ба касе нишон надиҳанд, зеро маълумот дар бораи мушаххасоти корт метавонад барои иҷрои амалиёти такаллубӣ истифода шавад. Инчунин, соҳибони корти пластикӣ бояд хизматрасонии СМС-ро аз ҷониби бонк дар телефони худ фаъол кунанд, то дар бораи гирифтани маблағ аз суратҳисоб огоҳ карда шаванд.

Аммо Ҷамила Комилова, модари ду фарзанди бемор, ки тамоми пулҳои аз тариқи хайрия ҷаъмовардаашро рабудаанд, мегӯяд, барои баргардондани чоруним ҳазор доллари худ, то ба президенти кишвар муроҷиат хоҳад кард. Ҳарчанд мегӯяд, умеди зиёди муваффақ шуданро надорад.

Дар соли 2009 бо қарори додгоҳи ноҳияи Сино, духтуре, ки сабабгори маълул шудани кӯдаконаш шуда буд, мувазаф гашт, ба ин хонавода барои зарари расондаааш, беш аз 40 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт кунад, аммо бо гузашти 9 сол ин қарор ҳам иҷро нашудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG