Пайвандҳои дастрасӣ

Хазинадори “Агроинвестбонк” худро ба дарёи Вахш андохтааст


Дарёи Вахш дар Норак.

Дарёи Вахш дар Норак.

Наздикони Ҳусейн Пиров нахостанд, ки дар бораи марги ӯ суҳбат кунанд. Ҳамсояҳову ҳамкоронаш гуфтанд, ӯ чанд рӯз пеш хушҳол ба назар мерасид ва аз мушкили хосе шикоят надошт.

Маъмурони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон се рӯз боз ҷасади хазинадор (кассир)-и шӯъбаи “Агроинвестбонк” дар шаҳри Норакро ҷустуҷӯ дорад, ки худро ба дарёи Вахш партофтааст.

Сабабҳои худро ба об андохтани Ҳусейн Пирови 37-сола маълум нест ва маъмурони пулиси Норак низ гуфтанд, ки тафтишот ба поён нарасидааст ва наметавонанд, ҷузъиётро ошкор кунанд.

Аммо онҳо рӯзи 18-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Ҳусейн Пиров рӯзи 15-уми август аз болои пуле дар деҳаи Қибили шаҳри Норак худро ба об андохтааст ва чанд раҳгузар шоҳиди ҳодиса шудаанд. Пулис мегӯяд, онҳо бар асоси баёноти шоҳидон қазияро худкушӣ мешуморанд ва онро таҳқиқ доранд.

Вақти зиёд барои сӯҳбат кардан надоштем, аммо Ҳусейн шӯхӣ кард ва хандид. Ҳеҷ бовар надоштам, ки худкушӣ мекунад.

Хонаводаи Ҳусейн Пиров дар бораи ин қазия сӯҳбат кардан нахостанд ва нагуфтанд, ки фарзандашон мушкиле дошт, ки худро ба об партофтааст, ё масъалаи дигаре дар миён буд? Холназар Пиров, падари бознишастаи Ҳусейн Пиров, гуфт, ки бисёр ғамгину афсурда аст ва маҷоли сӯҳбат карданро надорад.

Сироҷиддин Маҳмудов, раиси ҷамоати “Пули сангин” дар шаҳри Норак, ки хонаводаи Ҳусейн Пиров дар онҷо ба сар мебаранд, гуфт, хазинадори “Агроинвестбонк” панҷ фарзанд дошт ва на танҳо хонаводааш, балки аҳли ҷамоатро парешону ғамгин кардааст.

Ҳусейн Пиров чаҳор сол дар шӯъбаи “Агроинвестбонк” дар Норак фаъолият доштааст. Як корманди бонк дар Норак гуфт, ҳамкорияшон бо Ҳусейн Пиров хуб буд ва барои онҳо низ сабабҳои чунин рафтори кормандашон маълум нест. Вале бино ба гузоришҳо моҳҳои ахир вазъи молии "Агроинвестбонк", ки бо кӯмаки давлат аз вартаи муфлисӣ чанд сол пеш раҳо шуд, ҳоло хуб нест.

Зарина, ҳамкори Ҳусейн Пиров гуфт, рӯзе пеш аз ҳодиса Ҳусейнро шод дида буд. “Вақти зиёд барои сӯҳбат кардан надоштем, аммо Ҳусейн шӯхӣ кард ва хандид. Ҳеҷ бовар надоштам, ки худкушӣ мекунад,” – гуфт ӯ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ки се рӯз боз машғули ҷустуҷӯи ҷасади Ҳусейн Пиров аст, мегӯянд, ки ин шабу рӯз ба сабаби ҳарорати баланд сатҳи дарёи Вахш баланд шуда ва пайдо кардани ҷасадро мушкил кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG