Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ифтитоҳи осорхонаи Оғохони чор ва Маркази исмоилия


Масъулони осорхонаи Оғохони чор мегӯянд, ин макон ҷое барои нигоҳдорӣ ва муаррифии фарҳанги исломӣ хоҳад буд.

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оғохони IV ва пешвои исмоилиёни ҷаҳон ҳангоми ифтитоҳи осорхонааш дар шаҳри Торонтои Канада гуфтааст, ин муассисаи фарҳангӣ натанҳо барои исмоилиён, балки ба ҳама пайравони дини мубини Ислом марбут аст. Осорхонаи Оғохони чор, ки аз он “музейи исломӣ” ҳам ном мебаранд, рӯзи ҷумъаи 12 сентябр ифтитоҳ шуда ва дар ин маросим Стефен Ҳарпер, нахуствазири Канада иштирок кардааст.

Ҳенрӣ Ким, раҳбари ин муассисаи фарҳангӣ, мегӯяд, осорхонаи Оғохони чор маконе барои нигоҳдорӣ ва муаррифии фарҳанги исломист. Ба қавли ӯ, осорхона ҳамроҳ бо Маркази исмоилия дар масоҳати 6.8 гектар воқеъ шуда, тарҳи онро Фумиҳико Маки кашидааст.

Ташкили осорхонаи Оғохони чор дар Торонто дар ҳолест, ки ӯ ҳангоми баромадаш дар парлумони Канада гуфта буд, “яке аз сабақҳое, ки дар солҳои охир омӯхтем, ин аст, ки ҷаҳони Ислом ва ҷаҳони Ғарб ба ҳамкорӣ ва якдигарфаҳмӣ ниёз доранд. Вақте ин фарҳангҳо ба ҳам дар иртибот мешаванд, бештар ба таври фаъол ба ҳам омезиш меёбанд”.

Шоҳзода Карим Оғохони 4, ки аз соли 1957 имоми 49-уми исмоилиҳост, сармоядор ва аз афроди бонуфузи ҷомеаи имрӯз маҳсуб мешавад ва ба ҳарфи ӯ на танҳо пайравони мазҳаби Исмоилия, балки сиёсатмадорони воломақоми кишварҳои олам гӯш медиҳанд. Шоҳзода Оғохон муассиси минтақаи фароғатии Порто-Черво дар ҷазираи Сардинияи Италия мебошад, ки аз мавзеъҳои дӯстдоштаи истироҳати миллиардерҳои олам аст.

Ӯ соли 1957 аз сӯи маликаи Бритониё Елизаветаи 2 бо унвони “Аълоҳазрат” ва ду сол баъд аз сӯи шоҳи Эрон Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ бо унвони “Аълоҳазрат шоҳ” мушарраф шудааст. Пешвои исмоилиҳо соли 1967 Бунёди Оғохонро таъсис дод ва аз соли 1983 ба ин сӯ - муассис ва раиси Донишгоҳи Оғохони Покистон низ ҳаст.

Бунёди Оғохон дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон тарҳҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангиро татбиқ мекунад. Шоҳзода Карим Оғохони 4 чанд бор аз Бадахшони Тоҷикистон, ки он ҷо асосан исмоилиҳо ба сар мебаранд, боздид карда, ба ин минтақа пайваста кумаки башарӣ интиқол медиҳад. Бо ибтикори ӯ дар шаҳри Хоруғ донишгоҳ таъсис шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG