Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз омодагии худ барои баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботӣ хабар дод.

Ғайбулло Авзалов, раиси вилояти Хатлон рӯзи шанбеи гузашта зимни сӯҳбат бо масъулин ва сокинони ноҳияи Ховалинг гуфт, 14-уми сентябр ҳизб дар вилояти Хатлон анҷуман баргузор мекунад, то вакилони анҷумани умумиҷумҳуриявиро, ки ба интихоботи президентӣ номзад пешбарӣ мекунанд, интихоб намояд. Ӯ гуфт, қабл аз баргузории анҷумани вилоятӣ бояд бахшҳои ҳизб дар навоҳӣ анҷуманҳои худро баргузор кунанд. Авзалов гуфт: “Дар маркази вилоят анҷуман баргузор мешавад ва баъди ин Комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи анҷумани умумиҷумҳуриявии ҳизбро муайян мекунад ва албатта, дар ин ҷо номзади арзандаи ҳизб барои иштирок дар интихобот пешбарӣ хоҳад шуд.”

Раиси вилояти Хатлон аз номзади эҳтимолии ҳизб мушаххасан ном набурд, вале изҳор дошт, ки интихоботи президентӣ шафоф ва ба таври демократӣ бояд баргузор шавад. Аз ҷумла ӯ афзуд: “Ба ягон қонуншиканӣ роҳ надиҳед. Мардуми ҳуқуқи интихоб кардан, интихоб шудан ва ба кӣ овоз доданро донад. Дар давоми 21-22 сол ба халқ хизматҳои ҷаноби олиро, ки чи кор кард, куҷоро обод кард, ба халқ хизмат кард, дар паллаи тарозу монда гап занед. Ҳамон одаме, ки дар паҳлӯи ҷаноби олӣ номзадиашро мемонад, онро ҳам гап занед. Мардум худаш интихоб мекунад. Масъала ҳал мешавад ва мардум худаш интихоб мекунад, ки ба кӣ овоз диҳад. ”

Маҳмадшариф Набиев, масъули ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, бо вуҷуди фишорҳо онҳо ҷиддан ба интихобот омодагӣ гирифтаанд.

Маҳмадшариф Набиев, масъули ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, бо вуҷуди фишорҳо онҳо ҷиддан ба интихобот омодагӣ гирифтаанд.

Ин масъули рақами яки бузургтарин вилояти Тоҷикистон ба масъулин супориш дод, то барои дар сатҳи хубу беҳтар баргузор шудани маъракаи муҳими сиёсӣ пас аз эълони санаи баргузории он дар таърихи 30-уми августи соли ҷорӣ аз ҷониби парлумони кишвар тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ғайбулло Авзалов, ки ҳамзамон узви баландмақоми Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон аст, аз омодагии ин ҳизб ба интихоботи президентии Тоҷикистон хабар дод.

Дар ҳоле, ки Ҳизби халқӣ-демократӣ омодагӣ ба интихобот дорад, ягона рақиби ӯ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар маҳаллҳо ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шудааст. Бо ин вуҷуд, Маҳмадшариф Набиев, раиси ин ҳизб дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, мушкилоташонро онҳо “фишори рақиби заъиф” унвон мекунанд ва онҳо ҷиддан ба интихобот омодагӣ гирифтаанд. Ӯ гуфт: “Мо ҳамаи омодагиамонро эълон кардаем, ки дар интихобот ширкат мекунем. Ин фишорҳо ба мо ҳеҷ таъсире надорад. Мо тибқи барнома фаъолият дорем ва дар навоҳӣ ситодҳои омодагӣ ба интихобот таъсис додаем. Мо нозиру гурӯҳҳои лозимаро барои ширкат дар интихобот омода кардаем.”

Аммо як назарпурсии мо нишон дод, ки бештари сокинон ҳам баръакси солҳои пеш аз баргузории чунин маърака огоҳанд. Дар ҳоле, ки шаш моҳи пеш дар хиёбонҳои Кӯлоб аз 20 нафар ҳамсӯҳбати мо ҳамагӣ ду нафар дар ин бора хабар доштанд, ҳоло чунин як сӯҳбати дигари мо нишон дод, ки аз 20 нафар 11 нафар аз баргузории интихобот огоҳанд. Аксари онҳо бо суоли мо, ки аз интихобот хабар доред, бо суол посух медоданд, ки “ҳоло кӣ номзадиашро гузоштааст?”.

Зимнан, Хатлон аз вилоятҳои бузурги Тоҷикистон ба шумор меравад, ки бо доштани беш аз 2, 5 миллион ҷамъият, дар канори вилояти Суғд, дар шимол бештари раъйдиҳандагонро дорост.

Рӯзи 30-юми август иҷлосияи муштараки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлси Миллӣ баргузор мешавад, ки дар ҷараёни он таърихи дақиқи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ эълон мешавад. Интизор меравад, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар аввалҳои моҳи ноябр баргузор шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG