Пайвандҳои дастрасӣ

Гурҷистон бо наворҳои махфӣ чӣ кор хоҳад кард?


Ираклӣ Ғарибашвилӣ- вазири корҳои дохилии Гурҷистон

Ираклӣ Ғарибашвилӣ- вазири корҳои дохилии Гурҷистон

Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон ваъда додааст, ки тамоми наворҳои видео ва садоро, ки ғайриқонунӣ сабт шудаанду ба хотири бастани даҳони рӯзноманигорон, сиёсатмадорон ва мухолифин истифода мешуданд, маҳв хоҳад намуд.

Вазири корҳои дохилии Гурҷистон Ираклӣ Ғарибашвилӣ ваъда додааст, ки бойгонии сабтҳои садову видеоро, ки бо роҳҳои ғайришаръӣ ба даст омада, дар он ҳаёти хусусии садҳо ва ё ҳатто шояд ҳазорҳо симои давлативу ҷамъиятии Гурҷистон инъикос ёфтааст, нест хоҳад кард.

Ин наворҳо, ки даврони таъқиби шӯравиро ба хотир меоранд, аз тарафи маъмурияти президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ ҳамчун василаи фишор рӯи мухолифини ҳукумат истифода мешуданд.

Соли 2011-ум бо истифода аз ҳамин гуна наворҳо се рӯзноманигор ва аз ҷумла суратгири президент Саакашвилӣ бо ҷосусӣ ба нафъи Русия муттаҳам шуданд.

Томас Ҳаммерберг-собиқ комиссари ҳуқуқи башари Шӯрои Аврупо, ҳоло мушовири хоси Иттиҳодияи Аврупо дар умури марбут бо ислоҳоти ҳуқуқии Гурҷистон аст.

Томас Ҳаммерберг

Томас Ҳаммерберг


Ҳаммерберг мегӯяд, ҳукумати Гурҷистон бояд шароити тақдими иҷозат барои назорати ҳаёти хусусии шаҳрвандонро муқаррар намояд:

Усулан, наворгирӣ бояд амали ҷиноӣ арзёбӣ шавад. Истифодаи он ба ҳайси василаи фишор бояд амали ҷиноӣ арзёбӣ шавад. Нигаҳдошти чунин наворҳо бояд амали ҷиноӣ арзёбӣ шавад. Паҳн намудану тақдими он ба тарафҳои дигар ҳам бояд ҷиноят шумурда шавад.”

Як таҳқиқоти парламенти Гурҷистон собит намуд, ки додгоҳҳо бидуни мушкилӣ ба муроқибат иҷозат медоданд. Барои мисол дар соли интихоботии 2012-ум додгоҳҳо 5951 дафъа ба пайгирии сӯҳбатҳои телефонӣ ва дигар навъи мухобирот иҷозат дода, ҳамагӣ 12 дархостро рад кардаанд.

Сарвазири Гурҷистон Бидзина Иванишвилӣ тахриби бойгонии ғайриқонунӣ ва муҷозоти масуълони режими Саакашвилиро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор додааст.

Собиқ вазири корҳои дохилии Гурҷистон Вано Меробишвилӣ, ки зоҳиран тӯли ҳашт соли гузашта ин барномаи назорату наворгириро раҳбарӣ мекард, моҳи гузашта бо иттиҳоми сӯиистифода аз қудрат ба ҳабс гирифта шуд, вале баъзеҳо ин амалро интиқомҷӯии сиёсӣ меноманд.

Дар ҳамин ҳол ҳукумати зери раҳбарии Иванишвилӣ мегӯяд, ҳар касе, ки ин наворҳоро истифода мебарад, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд. Чанде пеш Гела Хведелидзе муовини вазири нави корҳои дохилӣ, навори робитаи ҷинсии як рақибашро дастраси умум кард. Дар ҷавоб Хведелидзе бо айбномаи дахолат ба ҳаёти хусусӣ ҳабс шуд.

Масъалаи дигар тариқи маҳви наворҳо мебошад, ки то ҳанӯз дақиқ нашудааст. Маълум нест, ки касе аз наворҳои бойгонӣ нусха гирифтааст ё не ва ҳамчунон касе кафолат дода наметавонад, ки фардо ин нусхаҳои пинҳонӣ дар ҷои дигаре рӯй хоҳанд зад ё не?

Пешниҳод шудааст, ки як ниҳоди муштараки иборат аз аъзои ҳукумат ва созмонҳои ғайридавлатӣ маҳви наворҳоро назорат кунад.

Гия Гвилава-намояндаи созмони ғайридавлатии Транспаренсӣ Интернешенел (Шаффофияти байналмилалӣ), ки эҳтимол яке аз аъзои ин ниҳоди муштарак хоҳад буд, мегӯяд, вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод кардааст, ки қабл аз маҳв наворҳо мавриди таҳқиқ қарор гиранд:

Мо ҷавоби қонеъкунанда гирифтем. Зоҳиран, вазорат мехоҳад наворҳоро аз ҳам ҷудо кунад. Наворҳои кӯҳна ғайриқонунӣ ба даст омада, ҳаёти хусусиро дар бар мегиранд. Наворҳои баъдӣ наворҳое мебошанд, ки барои тафтиши парвандаҳо заруранд. Онҳоро бояд аз ҳам ҷудо намуда, наворҳои ғайриқонуниро тахриб кард. Ин пешниҳод барои ман қонеъкунанда аст.”

Баъди тахриби наворҳо масъалаи сарчашмаи ин наворҳо пеш хоҳад омад. Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар нуқтаҳои муҳим қуттиҳои сиёҳ гузоштаанд, ки мухобирот ва интернетро бидуни кадом маҳдудияте муроқибат мекунанд.

Созмони Транспаренсӣ Интернешенел пешниҳод кардааст, ки вазорати корҳои дохилӣ истифодаи қуттиҳои сиёҳро қатъ кунад, то барои дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ ва аз ҷумла Арманистон, Беларус ва ҷамоҳири Осиёи Марказӣ, ки тибқи гузоришҳо ба таври муфассал аз ҷиҳози муроқибат кор мегиранд, дарси ибрат шавад.
XS
SM
MD
LG