Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои оғози ҳаёти нав 10 сол баъд аз фоҷиаи Беслан


Надежда Гуриева дар фоҷиаи гаравгонгирӣ дар мактаби Беслан духтар ва писарашро аз даст додааст.
Надежда Гуриева дар фоҷиаи гаравгонгирӣ дар мактаби Беслан духтар ва писарашро аз даст додааст.

Ҳамлаи террористӣ ба мактаби Беслан дар соли 2004 ду фарзанди Надежда Гуриеваро аз ӯ рабуд. Ин фоҷиа ҳаёти бисёриҳоро шикаст ва ба ҳам зад. Аз он фоҷиа даҳ сол гузашта бошад ҳам, бисёриҳо натавонистаанд, талафоти додаи худро фаромӯш кунанд.

Беслан, Русия – Фарзандон зери ду «қанот»-аш Надежда Гуриева дар рӯйи фарши толори варзишии мактаб шах шудааст. Ҳамагӣ чанд қадам дуртар аз ӯ бомбаи худсохт гузошта шудааст. Борис ва Вера – фарзандони калонии ӯ, ки либосҳои миллӣ пӯшидаанд, ба ҳунарнамоии ҷашни 1-уми сентябр омодаанд. Аммо ин консерт ҳаргиз баргузор нахоҳад шуд.

Борис ва Вера аз қурбониёни сершумори ҳамлаи террористӣ ба мактаби рақами 1-и Беслананд. Ду рӯзи дароз онҳо гаравгон буданд. Ҳамагӣ дар ҳамлаи террористӣ 334 нафар кушта шуданд, ки 156 тани онҳо кӯдакон буданд. Танҳо наҷот ёфтани духтари хурдияш Ирина ба Гуриева имкон дод, ки талафоти ваҳшатангези худро паси сар кунад.

«Ман ягон интихоб надоштам, -- мегӯяд Гуриева. – Ман фарзанде доштам, ки зинда монд. Вай ҳар лаҳза канорам меомад ва ба чашмонам менигарист, ки гиря мекунам ё на. Яъне ман ҳатто оби дида карда наметавонистам.»

10 сол пеш, 1-уми сентябри соли 2004 ситезаҷӯёни мусаллаҳ мактабро ишғол карданд ва дар ҷараёни 52 соат 1100 омӯзгор, кӯдак ва падару модарро зери мили силоҳ нигоҳ доштанд. Барои онҳое, ки ба ин фоҷиа гирифтор шуданд, зиндагӣ ҷовидона маънии худро дигар кард.

“Онҳое буданд, ки кӯчида рафтанд, тарзи зиндагии худро комилан иваз намуданд,-- ҳикоят мекунад Гуриева. – Онҳое ҳастанд, ки тамоми умри худро ба таҳқиқи ин ҳодиса бахшиданд. Онҳое ҳастанд, ки ба ман барои такмили осорхона мадад мерасонанд. Онҳое ҳам ҳастанд, ки ҳамоно мегирянд, дар қабристон зиндагӣ мекунанд, фарзандонашонро дар он ҷо мепарваранд.”

Гуриева 54-сола аст. Вай 36 сол аст, ки дар мактаби рақами 1 дарс медиҳад. Писар ва духтарчааш дар пеши чашмони ӯ кушта шуданд. «Ҳамаи дарди ман дар дарунам аст. Ман кӯшиш мекунам, онро ба дигарон бор накунам. Мотами ман ҳамешагист.»

Субҳи он рӯз мусаллаҳони чечен ва ингуш ҳамаи гаравгонҳоро аз саҳни мактаб ба толори варзишӣ ронданд ва дар ин ҷо бомбаҳо устувор карданд. Дар ивази ҷони гаравгонҳои худ онҳо баровардани нерӯҳои Русияро аз Чеченистон талаб карданд.

Гуриеваро ба толор дар қатори охиринҳо ворид карданд. Ва танҳо он ҷо вай донист, ки ҳарсе кӯдакаш низ дар дохили толоранд. “Даҳ сол гузашт, -- мегӯяд ӯ. – Ман ҳамоно дарк карда наметавонам, ки чӣ хел мо ин ҳамаро паси сар кардем. Ман аз таркишҳо намегӯям, балки аз 52 соате, ки мо ба сар бурдем. Ин як кобус буд.”

Барои сокит кардани ҷамъомадаҳо пайкорҷӯён яке аз гаравгонҳоро дар пеши назари ҳама паронданд.

Дар аввал, вақте ба кӯдакон иҷоза медоданд, ки ба ҳоҷатхона раванд, онҳо метавонистанд, об нӯшанд ва ташнагии худро шикананд. Об то андозае таъсири гармо ва ҳавои ғализи толорро бартараф мекард. (То ҳоло ба хотири кушташудагон, мотамдорон ба назди мактаб шишаҳои об меоранд). Он рӯз Бориси 14-сола таб дошт ва ҳолати хубе надошт, ки то ҳоҷатхона равад.

“Мусаллаҳон дастшӯҳо ва лӯлаҳоро шикастанд, ки мо об нӯшида натавонем, -- мегӯяд Гуриева. -- [Бачаҳо] кӯшиданд, ки куртаҳои худро дар оби рехта тар кунанд, то бо худ об биёранд. Баъзе кӯдакон дар даҳонашон барои модарони худ об меоварданд.”

Аммо рӯзи дуюм, вақте гуфтушунид натиҷаи дилхоҳ надод, бачаҳоро дигар нагузоштанд, ки ба ҳоҷатхона раванд.

«Ашкҳои хунолуд»

Гуриева ба ёд меорад, ки то нимирӯзии 3 сентябр тоқати ҳама тоқ шуда буд ва ҳама мехост, мушкил ба роҳе ҳал шавад. Ситезаҷӯён ба ҳаво тир мепаронданд, аммо садҳо нафар дигар аз назорат баромада буданд. Баъд аз соати яки рӯз дар толор таркиши бузурге рӯй дод. Касе, ки тавонашро дошт, бархост ва фирор кард. Мусаллаҳон аз ошёни дуюм ба тахтапушти бачаҳое, ки дар ҳоли гурез буданд, тир мепаронданд. «Як духтарча, баъди баромадан аз толор то крани об давид ва нӯл ба он мондаву наметавонист аз об сер шавад, -- ёдовар мешавад Гуриева.—Дар ҳамон ҳол тирандоз ӯро кушт.»

Таркиши дуюм боми толорро сарозер кард. Бино даргирифт. «Вақте ман ба ҳуш омадам, Верочкаи ман дигар зинда набуд».

То ин воқеа Вера 11-сола буд. Гуриева сурати ӯро нишон медиҳад: «Ифодаи чеҳраи ӯ дар он лаҳза айнан ҳамин хел буд. Ҳамин лабханд низ. Фақат чашмонаш баста буданд ва дар рухсораҳошя ашкҳои хунолуд».

Борис ва Вера
Борис ва Вера

Ҷасади Борис ва Вера ба дараҷае сӯхта буданд, ки онҳоро шинохта намешуд. Вераро аз рӯйи либоси миллии рақсияш шинохтанд. Борис ғарқи хун буд, аммо нафас мекашид. Порчаи гулӯла шиками ӯро чок карда буд. Ирина осебе надида буд ва Гуриева ӯро гуфт, шурезад ва худаш ҳамроҳи Борис истод. Вай Борисро аз миёни захмиён берун кашид, аммо худаш, ки аз даст захмӣ гашта буд, коре карда натавонист. Атрофаш пур аз дасту пойи кандашудаи хунин буд.

Ситезаҷӯён Гуриеваро аз толори варзишӣ ба ошхона тела доданд. Вай дасти духтарчаеро гирифт ва ба таомхона даровад. Он ҷо аз яхи обшудаи пойҳои мурғ, ки террористон гузошта буданд, об нӯшиданд. Вай ба духтарча гуфт, интизор монад ва худаш талош кард, ба назди Борис баргардад. Мусаллаҳе пеши роҳашро гирифт ва бо зарбаи дастаи силоҳ дандонҳои ӯро шикаст.

Вақте ки нерӯҳои вижаи Русия ба мактаб ҳамла овард, Гурриева тавонист, худро аз тиреза берун афканад ва фирор кунад. Ирина ҳам наҷот ёфта буд.

“Ба ҳар нафаре, ки аз чунин вазъи мудҳиш раҳо ёфтааст, зарур аст, аз нав маънии ҳаётро пайдо кунад – ҳаёти ояндааш барои чист? Ё аз пой афтад ва ба ҳамон қабристон равад. Худкушиҳо ҳам буданд миёни мардони калонсол, -- мегӯяд Гурева.

Ҳанӯз ҳам суолҳое беҷавоб аст, ки дар чунин фарҷоми хунини бӯҳрони Беслан кӣ гунаҳкор аст – ситезаҷӯён ё нерӯҳои давлат, ки ҳуҷумро сар карданд. Ин пурсишҳо бисёриҳоро ором намегузоранд.

Ба гуфти Гуриева, шавҳари ӯ -- Станислав, ки ташнаи интиқом буд, аз он сахт дард мекашид, ки наметавонад, гунаҳкори фоҷиаро ёбад. Вай соле пеш дар синни 46-солагӣ фавтид. “Ба худ омада натавонист. Хост, бо май зӯри дардро фурӯ нишонад ва шароб ӯро кушт.”

«Ҳаёти нав»

Ду моҳ баъд аз ҳамлаи террористӣ Гуриева ба синфхона баргашт. “Дарси нахустини ман дар сифне буд, ки он ҷо писарчаи ман мехонд. Ман дар долон меомад ва духтарчае ба пешвозам давида гуфт: “Оҳ, Надежда Илинична, чӣ хуб, ки Шумо омадед! Боря ҳам омад?” Он вақт на ҳама медонистанд, ки кӣ кушта шуд ва кӣ зинда монд. Дар дарси якум мо ҳама якҷо гиристем.”

Омӯзгорӣ, аз сӯе ҳам як сарчашмаи истодагарии Гуриева шуд. Ба гуфтаи ӯ, байни омӯзгорӣ ва актёрӣ умумияти зиёде ҳаст: “Ба ту писанд аст ё на, дилат дард мекунад ва ба мекафад ё не, бояд сари ҳол бошӣ ва ба кӯдакон дарс диҳӣ. Бояд ба фикри онҳо бошӣ. Ба ғайр аз дарс дар мактаб ман боз 10 кӯдаке доштам, ки дар хонаҳояшон ба онҳо дарс медодам. Пеш аз дидори онҳо ман як нафари чуқур мекашидам ва мерафтам. Аз дарс мебаромадам ва то дарси дигар менишастаму мегиристам.“

Дар пештоқи мактаби наве, ки рӯбарӯи мактаби шумораи 1 сохтанд, навишта шудааст: “Мо ҳаёти навро сар мекунем!” Аммо, ба қавли Гуриева, ин ба он маъно нест, ки гузашта бояд фаромӯш шавад: “Таърихи мактаби рақами 1 – таърихи мост. Ҳамлаи террористӣ ҳам таърихи мост. Он душвор, тарсовар ва хунин аст, вале аз мост. Ва мо онро дар ёд дорем. Ба мактаби нав кӯчида, мо ҳаёти навро сар кардем. Мо зиндагии худро идома медиҳем.”

XS
SM
MD
LG