Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарияти Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе корманди худро дар марги як шеру хирси бузургсол айбдор карда, аз кор озод намудаанд. Саидҷамол Орзуев, корманди Шӯъбаи ҳайвонҳои ваҳшии ин боғ, ба бетаваҷӯҳӣ дар нигоҳубини ҳайвонот муттаҳам мешавад.

Рӯзҳои 12 ва 13 июни соли ҷорӣ дар Боғи ҳайвоноти Душанбе пайиҳам хирси панҷ ва шери ҳафтсола фавтидаанд. Саидхоҷа Сафаров, муовини директори Боғи ҳайвонот, 5 июл ба Озодӣ гуфт, шеру хирс аз бетаваҷҷӯҳии корманди ҳоло собиқашон Саидҷамол Орзуев бо ҳамзистони худ ҷанг карда, маъюб шуданд ва дар пайи ҷароҳатҳои бардошта мурдаанд.

Ӯ гуфт: "Дар вақти кориаш дар ҷои кор набудааст, ки ҳайвонот бо ҳам ҷанг мекунанд. Агар он ҷо мебуд, ҷояшонро дигар мекард ва ё тариқи

Саидхоҷа Сафаров

Саидхоҷа Сафаров

обпошӣ ҷангро халос мекард. Барои ин огоҳӣ гирифта буд, вале ба ин нигоҳ накарда, беаҳамиятӣ мекунад, ки ду хирс аз хонаашон берун мешаванд. Берун шудани хирс дар рӯзи корӣ хеле хатарнок буд ва он метавонист ба чанд нафар зиён расонад". Ӯ аз макони зисти ин ҷонварҳо низ интиқод карда ва гуфт, ки Орзуев ҷонваронро нигоҳубин намекард ва дар ҳолати нохуби санитарӣ нигоҳ медошт. Бо ҳамин сабаб ҳам, ба гуфтаи маъмурият, Орзуев аз кор озод шуд.

Хирси ҳалокшуда дар ин Боғи ҳайвонот навъи нодири хирси нохунсафед буда, аз вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба ин макон оварда шудааст. Шери ҳафтсолаи африқоӣ дар пайи як табодул аз Боғи ҷонварони шаҳри Тошканди Узбакистон ба Душанбе оварда шудааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Аммо Саидҷамол Орзуев, корманди барканоршудаи Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе мегӯяд, дар марги шеру хирс ҳеч гуноҳ надорад ва марги онҳо танҳо баҳонае барои аз кор рондани ӯ шудааст. Ин мард мегӯяд, раҳбарияташ нисбат ба ӯ ғараз дошт ва барои чанд дақиқа берун шудани хирсҳо аз хонаҳояшон ва мурдани як хирсу шерро баҳона барои аз кор рафтани ӯ карданд.

Ӯ гуфт: "Ба шер як рӯз пеш аз маргаш як каллаи гов додам. Ин

Саидҷамол Орзуев

Саидҷамол Орзуев

калларо раҳбарият аз куҷо оварда буд, номаълум буд. Ташхис нашуда буд, ки он ҳайвон солим буд, ё не. Баъди ин, шер мурд. Фикр мекунам, ки шер аз он гӯшти вайроншуда мурд. Хирс ҳам каме аз дасташ захм бардошта буд. Захмро дар арматура бардошта буд, на дар ҷанг, вале онро касе табобат накард, ки мурд. На духтур омад, на каси дигар, ки ӯро табобат кунанд. Хирсҳои дигар аз дарҳои нимвайрона берун шуда буданд, ки он ҷо ҳам гуноҳи ман набуд. Чун инҳо ғараз доштанд, ҳаминро истифода карданд."

Саидҷамол Орзуев 12 сол боз дар Боғи ҷонварони шаҳри Душанбе кор мекард, аммо рӯзи 1 июл аз кораш озод шуд. Масъулони Боғи ҳайвонот мегӯянд, бахусус хирсҳоро беназорат гузоштани Саидҷамол нобахшиданӣ буд.

Ҷумъа Нуриддинов, посбони Боғи ҳайвоноти Душанбе мегӯяд, агар хирсҳои раҳошударо дубора ба хонаҳояшон барнамегардонданд, эҳтимол ба тамошобинон зарар мерасид.

Соли 2006 дар Боғи ҳайвоноти Душанбе як хирс дасти Лиза ном духтарчаи русро канда буд. Баъдан, модари Лиза аз додгоҳ талаби товон барои барқарор кардани сиҳатии духтараш карда буд. Бо дарназардошти ин ҳодиса ва баҳсҳои тӯлонии додгоҳӣ, масъулони боғ мегӯянд, ҳар коргаре, ки ба иштибоҳ роҳ медиҳад, аз кор барканор мешавад. Аммо корманди барканоршудаи ин боғ мегӯяд, масъулон аз чунин ҳолатҳо сӯиистифода мекунанд.

Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе дар масоҳати 5 гектар замин бунёд шуда, дар он беш аз 40 намуд ҷонвар ва беш аз 50 намуд парранда нигаҳдорӣ мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG