Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарёфти ҷасади қаҳрамони гумном аз Тоҷикистон


Акси Турдиназар Тағоев аз бойгонӣ
Акси Турдиназар Тағоев аз бойгонӣ

Дар вилояти Пскови Русия баъди 70 сол ҷасади сарбози тоҷик Турдиназар Тағоев, як зодаи ноҳияи Кӯктош ошкор ва шиносоӣ шуд. Интизор меравад, ки ҷасади ӯ ба Тоҷикистон барои хоксупорӣ интиқол меёбад.

Дар таърихи 2-июли соли 2015, ҳангоми кофтукови гурӯҳи «Вахта Памяти-2015» бахшида 70-солагии Ғалабаи Бузург бар Германияи фашистӣ бо сардории Александр Солнцев, гурӯҳи ҷӯяндагони зердасташ (поисковой отряд «Безымянный» дар шаҳри Пушкинские Горы) дар ноҳияи Пушкиногорскии вилояти Пскови Федератсияи Русия ҷасади сарбози номаълумеро пайдо карданд, ки дар масофаи 200-метрии шимолу ғарби деҳаи Щеглы дар чои таркидаи снаряд дар чуқурии 50-см хоки бенам солҳои тӯлонӣ боқӣ мондааст.

Дар устухонҳои ҷасад захми оҳанпораҳои снаряд боқӣ монда, аз зарбаи сахт косахонаи сараш низ осеб дидааст. Ҳамроҳ бо устухонҳо баъзе аломатҳои либоси ҷангӣ ва аслиҳаи 7,62 миллиметра ва тирҳои туфанг, дар устухони чилики дасти чапаш чаллаи тӯёнаи мисӣ ва дар болои синааш ду медали нуқрагии «За отвагу» («Барои шуҷоат») - аввалӣ бо рақами №165222 ва дигаре болотари сина, бо рақами №728325 низ ёфт шудаанд. Баъди он ки рақами медалҳо ба маркази ЦАМО-и ФР фиристода таҳқиқ шуданд, маълум гардид, ки онҳо ба гвардия-сержанти калон Турдиназар Тағоев барои қаҳрамониаш дар майдони ҷанг тақдим шудааст. Ин маълумот дар архиви он солҳо тозаву рӯшан боқӣ мондаанд.

Аз архиви он солҳо дар Вазорати мудофеаи Русия маълум гардид, ки гвардия-сержанти калон Турдиназар Тағоев, командири шӯъбаи чоруми ротаи дуюми тирандозии баталёни 68-ум воҳиди тирандозии гвардияи 23-юм, беҳизб, дар райони Кӯктоши РСС Тоҷикистон соли 1922 таввалуд шуда, ба хизмати ҳарбӣ аз РВК-и ш.Қӯрғонтеппаи РСС Тоҷикистон 28 июли соли 1941 даъват шуда, 23 июни соли 1944 дар майдони ҷанг қаҳрамонона ҳалок гашта, дар деҳаи Хряпинои ноҳияи Пушкини вилояти Калинин гӯронда шудааст. Вале имрӯзхо маълум гардид, ки ин сарбози далеру шуҷоатманди Тоҷикистон дар дигар мавзеъ аз зарби снаряди душман ҷони поки ҷавони худро дар ин хоки дур аз Ватанаш бохта, хуношом то дақиқахои охири умраш чангидааст.

Аз рӯи маълумоти муаяншуда, хабари марги ӯро ба ватанаш 24 июни соли 1944 ба номи бародараш Саид Тағоев фиристодаанд. Хати марг ба забони русӣ чунин навишта шудааст:

Извещение №0533/132:

«Ваш брат гвардии старший сержант Тагаев Турдиназар уроженец Тадж.ССР, Кокташский р-н, год рождения 1922 в бою за Социалистическую Родину верный воинской присяге проявив героизм и мужество был убит 23 июня 1944 года и похоронен в дер. Троеняжно Пушкинского района Калининской области.

Настоящее извещение является документом для возбуждения ходатайства о пенсии (Приказ НКО СССР №), Штамп НКО Штаба 68-го гвардейского стрелкового полка. Росписи Командир части Гв. Подполковник Жаворонков, Начальник Штаба Гв. майор Васильев».

Хамчунин дар сандуқи ба хама дастраси архиви «Подвиг народа» (Шуҷоати мардум) Қахрамонии Халқ (www.podvignaroda/mail.ru) маълум карда шудааст, ки гвардия-сержанти калон Турдиназар Тағоев баъд аз маргаз бо Ордени «Слава 3 степени», ордени «Отечественной войны 2 степени», «Ҷанги Ватанӣ» мукофотонида шудааст.

Дар ҳоли ҳозир устухонҳои часади ёфтшудаи ин сарбози қаҳрамони Тоҷикистони бо акти эксгумацияшуда, дар шаҳри Пушкинские горы, вилояти Пскови Чумхурии Русия нигоҳ дошта мешавад. Раҳбарияти гурӯҳи ҷӯяндагони «Безымянный» Юрий Евгеньевич Трофимов бо арзи эҳтиром аз Консули Ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Мирзода хоҳиш намудааст, ки аз хешу табор ва дӯстони оилаи Тағоевхо маълумот пайдо намуда, ба наздикони ӯ барои тақдим намудани мукофотҳо ва аз нав гӯрондани вай дар мемориали ҳарбии «Чертова гора» мусоидат намояд. Ва агар онхо хохони дар ватан гӯронидани ҷасади Турдиназар Тағоев бошанд, омода ҳастанд дар ин кор мусоидат намоянд.

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Точикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов ба роҳбарияти гурӯҳи ҷӯяндагони «Безымянный» барои кори анҷомдодаашон сипосгузорӣ намуда, ба Консули ифтихорӣ ва ҷамъияти тоҷикони ш. Санкт-Петербург ва вилояти Пскови Ҷумҳурии Русия супориш додаст, то ба корҳои ҷустуҷӯӣ мусоидат намуда, аз хешу наздикони Турдиназар Тағоев дар ноҳияи Кӯктош хабар ёфта, барои хоксупории нави ин сарбози қаҳрамон дар ватан омодагӣ бинанд.

Ба ҳамин монанд гурӯҳи корӣ бо раҳбарии Консули ифтихории Точикистон дар шахри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград ду сол боз Санги хотираи сарбозони гумноми Тоҷикистониро, ки дар фронти Ленинград ҷангидаанд, дар девори қабристони бародарии Пескарёвский ҳайкали қахрамони Иттифоқи Совети Тӯйчи Эрҷигитовро дар шаҳри Любань, нимпайкараи бародари академик Муҳаммад Осимӣ - Сироҷиддин Осимовро дар шаҳри Выборг гузошта шавад. Ва имрӯз бо дарёфти ҷасади Турдиназар Тағоев боз чандин сарбози бошуҷоати гумноми ватани мо ҳамчун Тешабой Одилов, Холибек Сафолов, Ҳабиб Юсуфӣ, Аъзам Ҷӯраев, Камолиддин Зулфиқоров ва садхо дигар падарону бародарони мо, ки то пирӯзии ғалаба ҷангида, шарафи миллати моро дар он ҷанги хонумонсӯз хотирмон барҷой гузоштаанд, то ҳол муайян нашудааст.

Фурӯзон Мирсафолӣ, рӯзномаи «Хуросон», ш.Санкт-Петербург

XS
SM
MD
LG