Пайвандҳои дастрасӣ

Гаравгонҳои тоҷик ба умқи Афғонистон интиқол ёфтанд


Дар ин хона бозгашти Сироҷиддин Давлатовро бесаброна интизоранд

Дар ин хона бозгашти Сироҷиддин Давлатовро бесаброна интизоранд

Гаравгонгирҳо чаҳор марзбони тоҷикро, ки дар марзи вулусуволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз нигаҳдорӣ мешуданд, аз марзи ин минтақа ба ҷои дуртар бурдаанд.

Мақомоти ноҳияи Панҷ, дар ҷануби Тоҷикистон мегӯянд,як гурӯҳи гаравгонгири афғон чаҳор марзбони тоҷикро, ки дар марзи вулусуволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз нигаҳдорӣ мешуданд, ахиран аз марзи ин минтақа ба ҷои дуртар бурдаанд.

Мақомот ҳамчунин иттилоеро рад карданд, ки гӯё гурӯҳи гаравгонгир баивазии озодии гаравгонҳои тоҷик раҳоии ҳамтоҳои худро аз маҳбаси Тоҷикистон талаб кардааст. Фирӯзшоҳ Одинаев, сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ рӯзи 10 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан шаҳрванди тақрибан 20-солаи Афғонистон Зариф Валади Ҳазратбӣ, ки бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар боздоштгоҳи Қӯрғонтеппа ба сар мебарад, ба гурӯҳи гаравгонгир робитаи хешутаборӣ дорад, вале ҳеҷ кас иваз кардани ӯро бо гаравгонҳо матраҳ накардааст.

Ҷаноби Одинаев гуфт, ки Толибон чаҳор марзбони тоҷикро, ки дар хоки Афғонистон, наздик ба ноҳияи Панҷ будаанд, бинобар ноором будани авзо дар ин минтақа, ахиран ба маҳалли дуртар бурданд.

“Як нафарро, ки узви ҳамон гурӯҳ буд, баъди бурдани сарбозон бо маводи мухаддир боздошт кардем, ки хешовандони аъзои ҳамон гурӯҳ ҳаст, вале Толибон дар иваз аз мо чизе талаб накардаанд, онҳо ҳамин сарбозонро аз марз каме дуртар бурдаанд”, - гуфт Фирӯзшоҳ Одинаев.

Пулиси ноҳияи Панҷ мегӯяд, ки Зариф Валади Ҳазратбӣ, шаҳрванди Афғонистон як моҳ баъд аз ба гарав афтодани марзбонҳои тоҷик бо зиёда аз 14 килограмм маводи ҳероин боздошт шудааст.

Исломиддин Давлатов, сокини 65-солаи деҳаи Рӯдакии ноҳияи Қумсангир, падари Сироҷиддин Давлатов, сарбози 21-солаи тоҷик аст, ки ҳоло ӯ дар асорат қарор дорад. Ӯ гуфт, ки дар бораи гаравгон шудани писараш ӯ бори аввал аз худи писараш шунид, ки аз Қундуз ба хонаводааш телефон кард.

Исломиддин Давлатов мегӯяд, ки се моҳи пеш писараш аз Афғонистон ба ӯ занг зад ва гуфт, ки асири Nолибон аст. Дар ҳоле, ки писараш гуфтааст, ки шароити зиндагии гаравгонҳо бад нест, вале тафсилоти аз ин беш дода натавонистааст. Маълум нест, талаби гаравгонгирҳо чист.

“Ба ҳама ҷо муроҷиат кардем, вале натиҷа надод. Мегӯянд, ки имрӯз ё пагоҳ озод мешаванд, вале нафаҳмидем, ки кай озод мешуда бошанд. Амният, ҷаноби олӣ ва қисми низомӣ огоҳ аст, ки онҳо дар куҷо ҳастанд. Писарам дар Русия ҷарроҳӣ шуда буд, дигар кор карда натавонист, ба хона баргашт, вале "облава" карда бурданд. Ҳоло намедонам чӣ ҳол дорад, ҳамаамон ғамгин ҳастем, бародаронаш, хоҳараш ва худам аз гиря кардан хаста шудем, биноии чашмам кам шудаасту сарам дард мекунад”, - мегӯяд Исломиддин Давлатов.

Ба итттилои додситонии вилояти Хатлон, гаравгонҳои тоҷик, Фарҳод Каломов ва Тӯйчибой Нурбоеви 19-сола, Меъроҷ Шодиеви 21-сола ва Сироҷиддин Давлатови 24-сола се моҳи пеш дар канори рӯди Ому, ки Тоҷикистонро аз Афғонистон ҷудо мекунад, ба асорати Толибон афтоданд.

Масъулини қисми низомӣ дар ноҳияи Панҷ дар ин мавзӯъ сӯҳбат намекунанд, вале Маҳмудалӣ Алимардонов, додситони низомии вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи маълумоти онҳо, мақомот барои баргардонидани сарбозон аз асорат то ҳол муваффақ нашудаанд. Дар бораи шеваи гуфтушуниди ҷониби Тоҷикистон бо Толибони афғон иттилои дақиқ мавҷуд нест. Маълум нест, ки мақомот бо ин гурӯҳ мустақиман дар тамос ҳастанд ва ё аз миёнравҳо истифода мекунанд.

Ҷаноби Алимардонов гуфт, ки алайҳи Алимуҳаммад Додокалонов, сардори дидбонгоҳи низомии 2610 бинобар бемасъулиятӣ, ки ба гаравгон шудани сарбозон сабаб шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, худи ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад. Дар ҳоле, ки гуфтушнид бо гурӯҳи Толибон, як гурӯҳе, ки иқдоми минбаъдааш қобили пешгӯӣ нест, то ҳол ба ҷое нарасидааст, аммо ҳукумати ноҳияи Панҷ ба волидайни сарбозҳои рабудашуда ваъда додааст, ки фарзандони онҳо то иди Наврӯз аз асорати Толибон озод мешаванд.

Абдуҷон Таваккалзода, раиси ноҳияи Панҷ, ки моҳе пеш гуфта буд, онҳо дар муддати кӯтоҳ сарбозонро аз дасти гурӯҳи Толибон раҳо мекунанд, имрӯз ҳам ба Радиои Озодӣ ин ваъдаро такрор кард. Вай гуфт, ки то ҷашни Наврӯз сарбозон бармегарданд, чун ҳоло ваъзият дар вулусуволии Имом Соҳиб ором шудааст ва дигар садои тири туфанги Толибон дар ин ноҳия шунида намешавад.

Масъулини қисми низомӣ дар ин мавзӯъ сӯҳбат намекунанд, вале тибқи иттилои расмӣ, ин ҷавонон соли аввали сарбозиро пушти сар мекарданд ва ҳангоми ҳезумчинӣ дар минтақаи ҳоили марзи байни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон рӯзи 19 декабри соли 2014 рабуда шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG