Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳо барои наҷоти 4 шаҳрванд аз асорати Толибон


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ба хотири раҳоии шаҳрвандони Тоҷикистон аз асорати Толибон дар вилояти Кундузи Афғонистон музокирот шуруъ шудааст.

Намояндагони консулгарии Тоҷикистон дар шимоли Афғонистон барои раҳоии чаҳор шаҳрванди кишвар аз асорати Толибон бо мақомоти афғон гуфтугӯ доранд ва имкон дорад: афроди рабудашуда дар ояндаи наздик раҳо шаванд.

Абдулфайз Атоев, сухангӯи ин ниҳод, ба Радиои “Озодӣ” гуфт, мақомоти зидахли Тоҷикистону Афғонистон дар ин самт кӯшишҳои муштарак ба харҷ дода, аз зарфиятҳои мардумӣ истифода мекунанд: “Мо ҳоло бо Кундуз дар тамоси доимӣ ҳастем. Алҳол мо ба муваффақона анҷом шудани музокирот умедвор ҳастем. Ҳар навгоние, ки шуд, ҷомеа огоҳ хоҳад шуд.”

Хабари рабуда шудани 4 шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи Толибон 20 декабр, рӯзи шанбе расонаӣ шуд. Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, ин чаҳор нафарро Толибон дар вулусволии Имом Соҳиби вилояти Кундуз рабудаанд. Иддае аз расонаҳо афроди рабудашударо марзбонони тоҷик муаррифӣ карданд, ки дар, ба истилоҳ, “ҷазира” – ҳои марзӣ ба ҳезумчинӣ машғул буданд​.

Аммо Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон марзбон будани онҳоро рад мекунад. Муҳаммад Ҷаъфаров, муовини сарвари ин Сарраёсат, гуфт, афроди рабудашуда дар марзи Тоҷикистону Афғонистон афроди мулкиянд.

Дар ҳамин ҳол, манобеи расмии Афғонистон, аз ҷумла пулиси вилояти Кундуз мегӯяд, ин афрод сарбозони марзбонии Тоҷикистон буда, аз сӯи гурӯҳҳои марбут ба Толибон, ки дар қисмати шимолии вулусволии Имом Соҳиб, як минтақаи бузурги қамишзори марз бо ноҳияи Панҷу Қумсангир паноҳ бурдаанд, рабуда шудаанд.

Раиси ноҳияи Қумсангир Холмурод Раҳмонов ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти ноҳия аз ҳеч гуна гаравгонгирии сокинони ин ноҳия аз тарафи Толибон иттилоъ надоранд. Вай гуфт: “Мо аз ин қазия огоҳ нестем. Мақомот ҳам чизе нагуфтаанд. Агар ягон нафар марзшиканӣ мекард ва ё аз марз берун мешуд мо ҳатман огоҳ мешудем. Зеро ҳар субҳ ҳам мақомоти умури дохилӣ ва ҳам марзбонӣ барои мо ҳисобот медиҳанд, ки рӯзи гузашта дар марз чӣ ҳодисар сар задаст. Ҳоли ҳозир мо дар марз бо ҳамроҳии марзбонон машғули кор ҳастем ва касе дар ин бора хабар надорад. Ҳатто ягон сару садо ҳам нест, ки касеро боздошт кардаанд. Эҳтимол чунин як ҳодиса сар зада бошад, аммо аз дигар ноҳия. Аз Қумсангир не.”

Ҷӯрахон Зикриёев, сардори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Қумсангир низ рӯзи 21-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба онҳо низ дар бораи ба банди Толибон афтодани сокинони ноҳия хабаре нарасидааст.

Сайид Сарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи пулиси Кундуз, ба Радиои “Озодӣ” гуфт, кӯшишҳои серӯза барои раҳоии шаҳрвандони Тоҷикистон ҳанӯз натиҷа надодаанд. Вай афзуд, онҳо дар минтақае қарор доранд, ки барои гузаронидани амалиёти низомӣ ҳам мусоид нест:

“Мо барнома барои озод кардани онҳо дорем, аммо мушкил ин аст, ки ҳоло наметавонем мақарри ҳузури онҳоро мушаххас кунем ва ҳам Толибон метавонанд аз амалиёт огоҳ шуда, онҳоро ба маҳалли дигар кӯчонанд.”

Бино ба иттилои манобеи расмӣ дар Кундуз, сухан дар бораи як маҳалли душворгузаре меравад, ки аз деҳоти асосан ӯзбакнишин иборат аст ва аксари созмонҳои террористии фаъол дар шимол, аз ҷумла Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, Ҷамоаи Ансоруллоҳ, Толибон, Ал – қоида дар он ҷо макони амн пайдо кардаанд. Маҳалли нигаҳдории шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ду деҳа – Қаламгузар ва Буттакашон рабт медиҳанд.

Муҳаммаддовуди Иброҳимхел, муовини сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, мегӯяд, бо назардошти тамоми воқеиятҳои ин минтақа маслиҳат ин шудааст, ки барои ҳалли қазия аз нерӯи бузургони қавмии минтақа истифода шавад. Вай гуфт: “Як силсила гапҳое ҳастанд, ки мо наметавонем баён кунем ва моро ҳам дар ҷараён намегузоранд. Бархе гапҳоро мо намехоҳем, дар матбуот дарҷ кунем, то Худо нохоста, ба худи ин бачаҳо осебе нарасад.”

Дар ҳоле, ки мақомоти расмии Тоҷикистону Афғонистон ин қазияро хеле бо эҳтиёт ва бо тафсилоти кам шарҳ медиҳанд, бино ба манобеи ғайрирасмӣ, барои раҳоии шаҳрвандон ё марзбонони тоҷик мақомот ба афроди соҳибмартабаи Имом Соҳиб муроҷиат кардаанд. Умдатарини онҳо қавми Иброҳимҳои ӯзбак аст, ки намояндагони онҳо Абдурауф Иброҳимӣ, раиси Вулуси Ҷиргаи Афғонистон ва бародари ӯ – фармондеҳи ҷиҳодӣ Абдулатиф Иброҳимӣ мебошанд. Падари ҳарду Ҳоҷӣ Шерхон аст, ки солҳо ба ин сӯ ин минтақаҳоро таҳти назорат дорад.

Дар ҳамин ҳол, дар сӯҳбат бо “Озодӣ” мақомоти ҳарду кишвар ба ҳалли мусбат ва зудии қазия хушбин ҳастанд. Онҳо мегӯянд, то рӯзи дигар 4 шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан хоҳанд баргашт.

XS
SM
MD
LG