Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афғонистон - дар интизори эълони натоиҷи интихобот


Интизор меравад, ки натоиҷи ибтидоии даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи 2 июл эълон шавад.

Дар ҳоле, ки интизор меравад натиҷаҳо ибтидоии даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон эълом шавад, раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон гуфтааст, барои таъмини шаффофияти беҳтар дар натоиҷи интихобот, орои 1900 маҳал дар 30 вилояти Афғонистон дубора тафтиш мешаванд.

Аҳмадюсуф Нуристонӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тафтиши дубора чанд рӯзро дар бар хоҳад гирифт. Оқои Нуристонӣ афзуд, "барои он, ки шаффофият таъмин шавад, мо ба ҳамаи вилоятҳо дастур додем, ки орои 1900 маҳали раъйдиҳӣ дубора тафтиш гарданд ва орои пок аз нопок ҷудо шаванд ва ин масъала 4-5 рӯзи вақт мегирад."

Оқои Нуристонӣ афзуд, ки ҳоло тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст, ки натоиҷи ибтидоӣ фардо эълон шавад ё мунтазири натиҷаҳои тафтиши ин 1900 маҳал бимонанд.

Ин баёнияи раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон дар ҳоле нашр шуд, ки Нурмуҳаммади Нур, сухангӯи ин комиссия гуфт, натиҷаҳои ибтидоии даври дувуми интихоботи президентии мутобиқ барнома дар вақти муъайяни он эълом хоҳад шуд. Бар асоси тақвими Комиссияи мустақили интихобот, ин натиҷаҳо бояд фардо эълон гардад.

Нурмуҳаммади Нур мегӯяд, формаҳои 99,7 дарсади натиҷаҳои даври дувуми интихобот дохили система шудаанд ва комиссия тасмим дорад натиҷаҳои ибтидоиро эълом кунад. Вай ҳамчунон гуфтааст, ки кор барои эҷоди як механизм ба манзури тафтиши дубораи ҳудуди 1900 маҳали раъйдиӣ аз сӯи ин комиссия идома дорад.

Ин масъала дар ҳоле баён шудааст, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ, яке аз номзадҳои даври дувуми интихобот, робиташро бо комиссияҳои интихоботӣ баъд аз он қатъ кард, ки хостаҳояш пазируфта нашуд.

Доктор Абдуллоҳ дар тазоҳуроти рӯзи 27 июни тарафдоронаш дар Кобул

Доктор Абдуллоҳ дар тазоҳуроти рӯзи 27 июни тарафдоронаш дар Кобул

Баргузории дубораи интихобот дар бархе вилоятҳо ва ҳам додани тавзеҳот дар мавриди мизони мушорикати ҳафт миллион раъйдиҳанда дар даври дувум, ки тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ онро камтар аз даври аввал мехонад, аз хостаҳои умдаи тими интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ буд. Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон гуфтааст, ки ба ҳама хостаҳои оқои Абдуллоҳ дар чаҳорчӯбаи қонун посух додааст.

Аҳмадюсуф Нуристонӣ дирӯз аз номзадҳои интихоботи президентии Афғонистон хост, то тасмимҳои ин комиссияиро эҳтиром намоянд. Вай гуфтааст, "ин як маъракаи миллӣ аст ва бояд эҳтиром шавад. Комиссияи интихобот як ниҳоди мустақил ва бетараф аст ва бояд барои ҳама қобили эҳтиром бошад. Ин як ниҳоди шахсӣ нест ва бар асоси қонун аз сӯи парлумон ва сенат тасвиб шудааст ва бояд мавриди эҳтироми ҳама қарор дошта бошад. Агар ин равандро касе намепазирад, кори худи онҳост, аммо файсалаи худро эълон мекунем."

Ин дар ҳолест, ки Рангин Додфар Спинто, раиси Шӯрои амнияти миллии Афғонистон гуфтааст, қарор аст мутобиқи барнома, маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳури нави он кишвар, дар рӯзи панҷуми Иди Фитр, ки ба авоили моҳи август баробар аст, доир гардад.

Ашрафғанӣ Аҳмадзай

Ашрафғанӣ Аҳмадзай

Дар даври дуюми интихобот доктор Абдуллоҳ, вазири собиқи умури хориҷа бо Ашрафғанӣ Аҳмадзай, вазири собиқи молия вориди рақобат шуда буд. Дар даври якуми интихобот, ки ҳанӯз рӯзи 5 апрел доир шуда буд, Абдуллоҳ Абдуллоҳ беш аз 45 дарсади ороро ба даст овард ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар ин давр ҳамагӣ 31 дарсад овоз гирифт.

Бар илова қабл аз даври дуюм доктор Абдуллоҳ тавонист аксари номзадҳои нокоми даври якуми интихобот, бо шумули Залмай Расул, вазири собиқи умури хориҷӣ, Абдураб Расули Сайёф, фармондеҳи собиқи муҷоҳидин ва Гулоғо Шерзай, волии собиқи Ҳилманду Қандаҳорро ҳам ба даст биорад ва гуфта мешуд, бо чунин мизони ҳимоят пирӯзии ӯ дар даври дуюм дигар танҳо як проседураи фаннист.

Тарҷумаи ҳоли ду номзад

Доктор Абдуллоҳ соли 1960 дар дараи Кобул аз падари паштуву модари тоҷик, ки аҳли Панҷшер аст, ба дунё омадааст. Ӯ соли 1984 риштаи тиббии Донишгоҳи Кобулро хатм карда, ибтидо дар як урдугоҳи паноҳандагон дар Пешовар ва аз соли 1986 дар дараи Панҷшер ҳамчун табиби нирӯҳои ҷиҳодии Аҳмадшоҳи Масъуд кор кардааст. Дар солҳои 90 ба яке аз сухангӯёни умдаи ҳукумати Бурҳонуддин Раббонӣ табдил ёфт ва мақоми вазири умури хориҷаи Афғонистонро ҳам ба даст гирифт. Дар музокироти Бонн дар ҳукумати якуми Ҳомиди Карзай низ ин мақомро ҳифз кард. Соли 2004 аз мақом рафт ва ба мухолифини Карзай пайваст. Дар интихоботи соли 2009 ӯву Карзай ба даври дувум роҳ ёфтанд, вале доктор Абдуллоҳ қабл аз раъйгирӣ бо изҳори нигаронӣ аз имкони тақаллуби натоиҷи раъйгирӣ номзадиашро пас кашид ва Карзай бидуни интихобот ба давраи дуюми раёсаташ даст ёфт.

Ашрафғанӣ Аҳмадзай соли 1949 дар вилояти Лугар дар хонаводаи паштуҳо аз қабилаи аҳмадзай ба дунё омада, соли 1973 донишгоҳи амрикоии Бейрут, пойтахти Лубнонро хатм кардааст. Ӯ дар солҳои 80 ва 90 дар донишгоҳҳои Беркли ва Ҷон Ҳопкинси Амрико дарс мегуфт ва дар Бонки ҷюаҳонӣ ба ҳайси мушовир кор мекард. Дар ҳукумати якуми Карзай ба мақоми вазири молия расид, вале дар соли 2006 аз ҳукумат рафт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG