Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муноқишаҳои мазҳабӣ дари 3 донишгоҳи Афғонистонро баст


Дар муноқишаи шиъаву суннӣ дар рӯзи Ошуро дар Кобул як донишҷӯ кушта ва 28 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Рӯзи якшанбе гурӯҳе аз донишҷӯёни тундрави суннимазҳаб маросими Ошуро дар шаҳри Кобулро халалдор карданд, ки дар натиҷа миёни онҳо ва шиъамазҳабон муноқиша бархост. Донишҷӯён бо сангу калтак ба ҳам дарафтоданд ва дар ин муноқиша як донишҷӯ кушта ва 28 тани дигари онҳо маҷрӯҳ шудаанд.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ки Вазорати таҳсилоти олӣ ба хотири эҳтиёт, барои даҳ рӯз дар ин се донишгоҳ, таътил эълом кардааст.

Алӣ Акбар, яке аз донишҷӯёни шиъамазҳаби Донишгоҳи Кобул мегӯяд, ки ду донишҷӯи ҳаммазҳаби ӯро аз тирезаи хобгоҳ берун андохта куштаанд: “Даргириҳо миёни ду тараф шиддат гирифт. Чанд нафар аз бародарони мо дар хобгоҳ монда буданд. Дар онҷо ҳам даргирӣ шиддат гирифт, ду бародар аз аҳли ташаъюро аз табақаи чаҳорум тела карда поён андохтанд, ки ин ду нафар аз бачаҳои шиъа шаҳид шуданд. “

Ҷанҷолу муноқиша ба хусус дар хобгоҳҳои донишҷӯён сурат гирифтааст, ки дар онҳо донишҷӯён аз вилоятҳои Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Сиёсатмадорони Афғонистон аз ҷумла, намояндагони шиъаён низ донишҷӯёнро ба хештандорӣ даъват карданд. Аҳолии шиъамазҳаби Афғонистон баъди бо раҳбарии Амрико аз қудрат рондани Толибон дар соли 2001 озодиҳои чашмгире ба даст оварданд.

Аммо маросими Ошуро, ки шиъаён дар ҷараёни он синазаниву нолаву фиғон мекунанд, аз дер боз маросими мувофиқе барои ҳамлаи тундравони суннимазҳаб шудааст. Соли гузашта дар як зиёратгоҳи шиъаён дар шаҳри Кобул зимни маросими Ошуро бомбе мунфаҷир шуда, дасти кам 55 нафарро кушт ва 150 тани дигарро захмӣ кард.

Ошурои шиагони Афғонистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00
Линки мустақим


Дар маросими Ошуро шиъамазҳабон ёди Имом Ҳусайн, набераи Ҳазрати Муҳаммадро гиромӣ медоранд, ки соли 680 аз тарафи сарбозони артиши ҳокими вақт Язид кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG