Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ягон чархболи Тоҷикистон ҳарими ҳавоии Афғонистонро убур накардааст"


Душанбе иддаои он ки гӯё чархболҳои Тоҷикистон ҳарими ҳавоии Афғонистонро убур карда, аз он ҷо тило меоранд, рад кард. Вазорати дифои Афғонистон низ ин иддаоро бепоя донистааст.

Вазорати дифои Афғонистон дар сӯҳбати расмӣ бо ҷониби Тоҷикистон иттиҳоми интиқоли силоҳи чархболҳои Тоҷикистонро бепоя хондааст. Қаблан расонаҳои Афғонистон аз қавли Давлат Вазирӣ, сухангӯи Вазорати мудофиаи ин кишвар чархболҳои Тоҷикистонро дар убури марз ва эҳтимоли интиқоли силоҳ бар ивази тилло ба Толибон муттаҳам карданд.

Як мақоми Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон 2 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз нашри ин хабар дар расонаҳои Афғонистон онҳо бо ҳамтоҳои афғонии худ дар тамос шуданд, то барояшон дар ин маврид далел биоранд, аммо кишвари ҳамсоя расман ин ҳарфро рад кардаанд. Ин масъули Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ мегӯяд, воқеан чархболҳои Тоҷикистон дар навоҳии наздимарзӣ ба хотири назорати марз гардиш мекунанд, аммо ҳеч гоҳ дар хоки Афғонистон фуруд наомадаанд.

“Мо ҳамсоягии хеле хуб дорем ва ҳеч гоҳ ба ҳамсоягон беэҳтиромӣ намекунем. Инро ҳангоми сӯҳбат роҳбарони Вазорати мудофиаи Афғонистон низ таъкид карданд ва гуфтанд, ки онҳо ҳеч гоҳ ин гуна гапро дар ҳаққи Тоҷикистон нагуфтаанд. Ин гапҳо бофтаи афроде ҳастанд, ки дӯстии байни ин ду кишвари бародарро намехоҳанд,” -- афзуд мусоҳиби мо аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

Ин ҳам дар ҳолест, ки баъзе аз расонаҳои Афғонистон гузориш додаанд, ки дар вулусволиҳои Вахон, Шуғнон ва Ишкошими вилояти Бадахшон чархболҳои Тоҷикистон нишасту бархост мекунанд ва гумон меравад, ки барои бархе аз фармондеҳони ғайримасъул аслиҳа дода ва ба ивази он маводи маданӣ, назири тилло ва лоҷувардро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, 2 ноябр ба Радиои Озодӣ хабари расонаҳоро рад ва тӯҳматбарангез хонд: “Ин ягон асоси воқеӣ надорад. Мо ҳеч гоҳ ба нерӯҳои зиддиҳукуматии кишвари дӯсту бародари худ кумак накардаем ва нахоҳем кард.”

Моҳе қабл расонаҳои Афғонистон аз қавли фармонедҳони маҳаллии Толибон хабар нашр карданд, ки гӯё Кундуз бо силоҳҳои Тоҷикистон, ки бар ивази раҳоии чор сарбозаш соле қабл дода буд, суқут кардааст.

Нуралишоҳ Назаров, генерали мустаъфӣ ва собиқ муовини Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ин иттиҳом мантиқ надорад, зеро ҳеч кишвари дунё ба душманони худ силоҳ нафурӯхтааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло чанд гурӯҳҳои ифротӣ дар марз бо Тоҷикистон фаъол ҳастанд, ки ҳадафашон убури хоки Тоҷикистон аст ва онҳо бо гурӯҳи Толибон ҳамкорӣ доранд. Аз ин рӯ, ба ҳеч ваҷҳ Тоҷикистон ба онҳое, ки қасди ҳамла ба хокашро доранд, силоҳ намедиҳад.

Ӯ гуфт, “ин ҳеч имкон надорад, ки чархболҳои кишвари мо рафта бе ягон мувофиқа дар Афғонистон бинишинанд. Фурӯхтани силоҳ тамоман имкон надорад. Тоҷикистон ҳоло тамоми кӯшишашро ба харҷ медиҳад, то марзашро мустаҳкам нигоҳ дорад.” Ин сару садо дар ҳоле баланд мешавад, ки Толибон чанд вулусволии наздик ба марзи Тоҷикистонро ишғол кардаанд ва сокинони деҳоти наздимарзии Тоҷикистон садои тирпаррониҳо аз он сӯи марзро мешунаванд.

Нуралӣ Сайидӣ, як коршиноси афғон аз вилояти Бадахшони Афғонистон, мегӯяд, воқеан, Тоҷикистон мустақиман наметавонад ба гурӯҳҳое дар хоки Афғонистон силоҳ бидиҳад, аммо аз эҳтимол дур нест, ки Русия ин корро анҷом бидиҳад. Ӯ мегӯяд, моҳҳо боз чанд мақомдори афғон аз Русия кумаки низомӣ мепурсад ва ин кишвар пас аз дохил шудан ба ҷанги Сурия талоши дахолат ба вазъи Афғонистонро низ дорад.

“Кумакпурсиҳои чанд мақоми баландпояи Афғонистон мисли Абдулрашиди Дӯстум аз Русия маънои онро дорад, ки худи ин кишвар ҳам тасмимҳое дар ин самт дорад. Мумкин аст, Русия ба хотири нуфузаш муҷоҳидони Иттиҳоди шимолро дубора мусаллаҳ кунад. Чун ҳоло аксари онҳо дубора бо дархости давлат алайҳи Толибон силоҳ гирифтаанд ва ҳатто дар озодсозии Кундуз хеле фаъол буданд. Қаблан, онҳо аз ҷониби Русия бо силоҳ таъмин мешуданд ва ҳоло ин кишвар метавонад, дубора онҳоро ба хотири аҳдофи худ мусаллаҳ созад,” – афзуд ӯ.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз ҳазор километр марзи муштарак дорад ва ҳоло расонаҳои Афғонистон мавзӯи парвози чархболҳои ин кишварро ба гунаи гуногун баррасӣ мекунанд. Ҳатто дар мавриди нишасту бархости чархболҳои Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон созмони “Шаффофияти Афғонистон” низ гузоришҳоеро ба нашр расондааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG