Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоии 65 маҳбуси "хатарнок" аз зиндони Багром


Мақомоти ҳукумати Афғонистон мегӯянд билохира 65 зиндонии як маҳбаси собиқи Амрико бо вуҷуди нигаронии Вашингтон раҳо сохтааст.

Ҷагран Неъматуллоҳи Хокӣ, сухангӯи маҳбаси "Парвона" ба ожонсии хабарии Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, ки ин зиндониён субҳи 13 феврал озод шудаанд.

Амрико ин афродро ҷангҷӯёни хатарнок медонад, ки ба эҳтимоли зиёд ба суфуфи ҷанг бар зидди нерӯҳои Афғонистон ва Амрико бар хоҳанд гашт.

Вале мақомоти афғон мегӯянд, ки парвандаҳои ин зиндониён чандин маротиба баррасӣ шудаанд ва далели дар зиндон боқӣ мондани онҳо вуҷуд надорад.

Гуфта мешавад, раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай роҳбари ин зиндониёнро чанд ҳафта пеш дастур дода буд.

Қаблан гуфта мешуд, ки бар хилофи хостаҳои Амрико барои нигоҳ доштани 88 зиндоние, ки Вошингтон онҳоро таҳдид ба амнияти худ медонад, Кобул мегӯяд, ки далел барои муҳокимаи 16 тани онҳоро дорад ва боқимондаҳоро озод мекунад. Ва имрӯз 65 нафари онҳоро раҳо кардааст.

Бино ба гузоришҳо аз Афғонистон, ин тасмим дар ҷаласаи 9 январ ба раҳбарии Ҳомид Карзай гирифта шудааст. Бар асоси баёнияи давлати Афғонистон, Раҳматулло Набил, сарпарасти Созмони амнияти миллии он кишвар дар нишасти рӯзи 9-уми январ гуфта буд, бар асоси таҳқиқот "равшан шудааст, ки дар бораи 45 зиндонии Багром ҳеҷ шавоҳид ва санаде, ки гуноҳи онҳоро собит кунад, вуҷуд надорад ва дар мавриди 27 тани дигар низ танҳо иттилооти оддӣ мавҷуд аст ва 16 нафар боқӣ мемонанд, ки дар бораи онҳо санад ва мадракҳои айбдорӣ дар идораҳои амниятии Афғонистон вуҷуд дорад."

Бахши дарии радиои Озодӣ аз қавли Ҷозеф Данфурд, фармондҳеи нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон навиштааст, "додгоҳҳои Афғонистон бояд далелҳои мавҷуд дар мавриди 88 зиндонии Багромро баррасӣ кунанд." 65 нафари имрӯз озодшуда аз ҷумлаи ҳамин 88 нафаранд. Ин 88 зиндонӣ касоне ҳастанд, ки ба гуфтаи Амрико, ба иттиҳомҳои террористӣ дар зиндони Багром нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо бахше аз 650 зиндоние ҳастанд, ки давлати Афғонистон тасмим гирифтааст озодашон намояд. Кобул ин корро дар ростои талош барои барқарории музокироти сулҳ бо Толибон анҷом медиҳад, то раҳбарони ин гурӯҳи чирикиро ба гуфтугӯҳо ҷалб кунад.

Чанд рӯз қабл сенаторони амрикоӣ Ҷон Меккейн ва Линдсей Граҳам, ки ба Афғонистон сафар карда буданд, низ гуфта буданд, ки дар бораи озодии ин 88 зиндонӣ нигарониҳо вуҷуд доранд. Сенатор Граҳам озодии онҳоро "осеби ҷуброннопазире дар равобит"-и ду кишвар хонда буд.
XS
SM
MD
LG